Зиндаам бо номи некат, дар канори гарму покат
Таҳсили миёнаро дар МТМУ-и рақами 10-и ноҳия ба итмом расонида, алҳол дар курси якуми факултаи журналистикаи ДМТ таҳсил мекунад.
Шоира Мадалиева 30 апрели соли 2001 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар МТМУ-и рақами 10-и ноҳия ба итмом расонида, алҳол дар курси якуми факултаи журналистикаи ДМТ таҳсил мекунад. Иштирокчии машварати омузишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ (2016) аст.
НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН
Баъди борон оби рӯйи сабза шабнам будааст,
Зиндагӣ гоҳе нишоту лаҳзае ғам будааст.
Дар сухан гуфтан тааммул пеша кардан оқилист,
Аз гапу гуфтори ноҷо дидаҳо нам будааст.
Сарв бошад гарчи боло, бебару бемева аст,
Бо ҳама бораш дарахти мева сархам будааст.
Кӯдакӣ даврони зебову баҳори бехазон,
Шӯру шавқи он, аҷаб дар дил муҷассам будааст.
Гарчи дорад шахси доро мансабу ганҷу шукӯҳ,
Зиндагӣ бар мунъиму дарвеш ҳам кам будааст.
ТОҶИКИСТОНАМ
Тоҷикистонам, биҳиштам, обрӯям, сарнавиштам,
Дар варақҳои муҳаббат ин сухан бо зар набиштам.
Тоҷикистон обрӯям, мояи рушду нумуям,
Дар канори гарму нармат доимо ман дар руҷӯям.
Тоҷикистон, бахтофар, кишвари нобиғаманзар,
Ин ҳақиқатро биё бишнав ҳам аз уршеди Ховар.
Чун кабӯтар лона дорам, дар канораш хона дорам,
Дар дили худ аз муҳаббат қаср ҳам кошона дорам.
Зодгоҳи каҳрамонон, модари чандин ҳазорон,
Дашту саҳро гулбадомон, ҳукм меронад баҳорон.
Зиндаам бо номи некат, дар канори гарму покат,
Тутиёи чашм созам қатра обу гарди хокат.
Тоҷикистон, эй биҳиштам, сарзамини гулсириштам,
Дар варақҳои муҳаббат ин сухан бо зар набиштам.
МУҲАББАТ
Зи марди раҳ суоле карда будам:
-Чӣ фаҳмӣ зери мафҳуми “муҳаббат”?.
Бигуфт он марди хушфаҳму самимӣ:
«Муҳаббат ин асоси бахту давлат».
Зи модар ҳам бипурсидам баногоҳ:
«Муҳаббат чист андар рӯй олам?».
Бигуфто зери лаб бо як табассум:
«Муҳаббат ин туӣ, ман фориғ аз ғам».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ