Зиндагӣ дар тарс. Сокинони деҳоти наздимарзӣ ҳанӯз ҳам дар таҳлукаанд
Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз муноқишаи мусаллаҳонаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, сокинони деҳоти наздимарзӣ ҳанӯз ҳам дар таҳлука зиндагӣ мекунанд.
Қамчибек илоҳо қамчии худоро хӯрад!
“Қамчибек илоҳо қамчии худоро хӯрад!”. Ин дуои бади муаллимаи мактаби №64-и деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара Гулафзохон Довудова аст. Ин зан ҳам мисли ҳамаи тоҷикон, хоса мардуми шаҳри Исфара аз ҷангу ҷидолҳо дар марз ба ҷон расидааст. Ӯ андеша дорад, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон баъди ба қудрат расидани Қамчибек Ташиев тезутунд шудааст. Ба андешаи ин зани омӯзгор, сарҳад ки пурра ҷудо шуд, ҷанг ҳам ба поён мерасад.
Феълан Гулафзохон Довудова дар хонаи хешовандонаш зиндагӣ мекунад. “Хонаи моро ду бор қирғизҳо сӯхтанд. Авусунам дилкасал ва фишор шуд. Ҳозир дуруст ҳарф зада наметавонад. То кай қирғизҳо хонаи дари моро месӯзанд? То кай ин ғамсояҳо хуни мардуми бегуноҳро мерезанд? Наход мусалмон хонаи мусалмонро сӯзонад?”,- мегӯяд ӯ.
Ин зан дар муноқишаҳои марзӣ зиёд зарар дидааст. “Тағобачаамро дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” сӯзонданд. То ҳол ашки фарзандонаш нахушкидааст. Дар ҷаҳон ҳоло надидем, ки мошини “Ёри таъҷилӣ”-ро сӯзонда бошанд. Аммо қирғизҳо ин корро карданд. Инҳо ҳатто ба масҷиду намозгузорон раҳм накарданд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Бо тифли семоҳа дар таҳхонаи сард
Ашӯра Абдуллоева, сокини маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара аз ҷангу низоъи солҳои охир дилгир шудааст. “9 сол ғурбату ҳақорату сангзанӣ идома дошт. Ахир ҳамсояи ғамсоя бо тиру туфангу техникаҳои ҷангӣ ҷониби мо ҳамла кард. Даҳҳо хонаҳоро сӯхту даҳҳо нафарро кушт. Мо бо тарсу ваҳм зиндагӣ мекунем. Бегоҳ ки шуд, дили касро ваҳм фаро мегирад, ки “оё шабро саҳар мекарда бошем?”,-мегӯяд ӯ.
Хонаи ин ҳамсуҳбати мо дар назди қабристони қирғизҳо воқеъ аст. Ӯ рӯзи шуми оғози низоъро чунин ба ёд меорад: “16-уми сентябр, вақте хоб будем, занги телефонӣ шуд, ки гурезед, қирғизҳо ҳуҷум карда истодаанд. Чашми рӯз накафида, набераи семоҳаамро ба оғӯшам гирифта, бо келин ба ҷойи амн гурехтем. Мардҳои мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Дар таҳхонаи бетонии ҳамсоя беш аз 70 нафар пинҳон шудем. Садои тиру туфанг овози гиряи кӯдакони маъсумро боз ҳам баландтар мекард. Фишори ман баланд шуд, аз ҳуш рафтам. Вале дар ин шароит духтур аз куҷо, ки сӯзандору гузаронад. Билохира, ба мо кумак карданду ба Чоркуҳ омадем”.
Абдуллоева мегӯяд, ки аз аҳдшиканиҳои ҷониби қирғиз ҷонашон ба лаб расидааст: “Мо ҳамеша зери фишори қирғизҳо қарор мегирем. Вақти мавсими обмонии маҳсулоти полезӣ ҳамин ки ба сари ҷӯйи об равем, ҷанг мекунанд, ки ин ҷӯйи мост, ин оби мост…, ту аз ин ҷо об нахӯр. Ҳол он ки, мо тариқи ҳашар аз Хоҷаи Аъло обро бароварда будем. Ҳамин хусумату бадбинии қирғизҳо 9 сол пеш сар шуд. 9 сол қабл байни мо “ту тоҷик” — “ту қирғиз” гуфтанӣ гапҳо набуд. Дӯстона зиндагӣ мекардем”.
Ашӯра Абдуллоева ва дигар сокинони деҳоти наздимарзӣ умедворанд, ки билохира байни ду кишвар ҳусни тафоҳум ба даст меояд ва онҳо дар осоишу амният зиндагӣ мекунанд, гарчанде ба ҳамсоя дигар бовар надоранд…
Фарзона МУРОДӢ, Хуҷанд — Исфара
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ