Зиндагӣ дар хонаи бобоии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Ё Дар ҷустуҷӯи хешу таборони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

 

Қарори маълум, ватани аҷдодии Шавкат Мирзиёев – президенти кунунии Ӯзбекистон ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғди Тоҷикистон аст. Бобои Мирзиёев ҳанӯз дар солҳои 30 аз Яхтан ба ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон муҳоҷир шудаанд. набераи амаки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, дар хонаи бобоии Мирзиёев зиндагӣ мекунад. Миршакар Урунбеков, зода ва истиқоматкунандаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ҷамоати деҳоти, оид ба хешутаборияшон бо Президенти Ӯзбекистон гуфт:

Авлоди моро «Миртӯппӣ” мегӯянд

-Авлоди моро дар ҷамоат авлоди «Миртӯппиҳо” мегӯянд. Зеро номи сарони авлод ҳама бо «МИР” –оғоз мешавад: Мирбобо, Мирёқуб, Мирзиё ва Мираброр. Мо ҳамаамон амакбачаву набераҳои амак ҳастем. Агар пушт ба пушт-яъне авлод ба авлод ҳисоб кунем, мо насли сеюмем. Ҳамеша шукр мекунам ва ифтихор мекунам, ки дар авлоди мо чунин шахсият мисли Шавкат Мирзиёев ҳаст. Падари ман — Мирёқуб ва падари Шавкат Мирзиёев амакбачаҳо буда дар ҳамин ҳавлӣ (ба акс нигаред) зиндагӣ кардаанд.Оид ба тарзи зисту зиндагӣ ва рӯзгузаронии авлодамон, азбаски мо хурд будем, танҳо нақли падарамон дар ёдам ҳаст. Доимо мегуфтанд, ки 7 пушти мо бо ошну нони ҳалоли деҳқонию асалпарварӣ омада истодааст ва минбаъд низ ба ҳамин тарз идома меёбад.

«Шукр, ки бо нони ҳалоли деҳқонӣ рӯз мебарем ва зиндагиямон6 хуб аст. Бобои Шавкат Мирзиёев –Мирбобо низ деҳқони варзида будаанд дар гузашта. Зеро барои деҳқониро ба маром расонидан ҳам савод ва меҳнати зиёд лозим аст”-нақлашро идома дод Миршакар Урунбеков.

Мирбобо: Фарзандаш қаҳрамону наберааш Президент

«Ҳар он нақле ки ба шумо мекунам нақлҳои раҳматии падарам аст. Зеро оид ба гузаштагонамон доимо бо ҳисси баланди кунҷковӣ пурсон мешудам ва чунин посух мегирифтам”, мегӯяд Миршакар Урунбеков:

-Авлоди мо то ҷое, ки медонем, аз Мирбобо гуфтанӣ шахс панҷ фарзанд ба дунё меояд, се писар ва ду духтар. Писарон Мирёқуббобо, Мирзиёбобо, Мираброрбобо ва духтарон Руқияву Суннатой.

Мирбобо бо ҳамаи фарзандонаш дар ҳамин ҷамоати Яхтан зиндагӣ мекарданд, аммо баъди фарзандон калон шудан барои роҳу кору зиндагии худ ҳар кадоме ба ҳар тараф рафтанд. Чи гунае ки падарамон ба мо нақл кардааст, Мирзиёбобо бо Мираброр-бобо солҳои 1932-1933 ба давлати Ӯзбекистон кӯчида рафтаанд. Баъди кӯчбандии онҳо Мирёқуб-бобо дар Тоҷикистон мемонад, ки аз ӯ панҷ фарзанд : Зинатой, Ҳумайро, Қутфият Ҷурабек ва Урунбек Ёқубов ба дунё омадаанд. Урунбек Ёқубов сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудааст. Дар рӯзномаи «Красная звезда” аз 22 апрели соли 1945 фармони Сарфармондеҳи Олии Армияи Советӣ И.В.Сталин дар бораи ба У. Ёқубов додани унвони олии Ватан-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бо ордени Ленин ва рутбаи лейтенанти хурд ба чоп расида буд. Ба ибораи дигар гӯем, фарзанди Мирбобо-Мирёқуб қаҳрамон асту наберааш –Шавкат Мирзиёев Президенти кишвари Ӯзбекистон. Албатта, ин ду шоҳсутуни авлод ихтихору намунаи ибрати мо кулли аҳли байт аст.

Ба туйи додари Шавкат Мирзиёев рафта будем

Чароғи хонаи бобоиямонро фурӯзон карда нишастан бароям ифтихор аст. зеро ин хонаҳои одӣиқоматгоҳи шахсиятҳои олӣ аст. Саравлодамон Мирбобо аз оғоз ба тарбияи неку меҳнатдӯстӣ ҳама фарзандонро бо роҳи худ ва хуб ҳидоят кардааст. Чуноне ки мегӯянд:

-Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ

То ба охир меравад девор каҷ.

Шукр ки хишти аввали авлоди мо ба ростӣ ва мустаҳкамӣ гузошта шудааст.

«Худоро шукр мо набераҳои Мирбобо ҳоло дар ҳамин пайҷойи бобоямон- Яхтан зиндагӣ дорем. Ҳамин хонае, ки мебинед аз бобокалони Мирбобо буда ба мо мерос мондааст(ба акс нигароед). Мо ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба як дигар набераи амак ҳастем. Дар замони мушкили рафтуо бо Ӯзбекистон ҳам кӯшиш мекардем ба маъракаҳои шоду ғами ҳамдигар рафтуо кунем. 2 моҳ пештар дар тӯйи набератӯйии додари Президент- Шавкат Мирзиёев –Мираҳрор Мирзиёев рафта будем.

Ғайр аз Шавкат Мирзиёев авлоди амакбобоямон Мираброрбобо низ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд. Азбаски пеш аз Президент ихтихоб шуданашон ҳам Шавкат Мирзиёев сарвазир ва серкор буданд мо дар тӯйҳо тақрибан он касро намедидем. Фарзандонашон ба ҷои падар табрикоти он касро мерасониданд”-афзуд Миршакар.

Мирзиё-бобо солҳои 1931-32 ба Ӯзбекистон мераваду писари писараш Президент мешавад

Раҳматбек Ёқубови 60-сола (ДАР АКС), набераи амаки Шавкат Мирзиёев буда, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Яхтан, ноҳияи Деваштич аст. Ба гуфти ӯ, 8 сол дар хоҷагиҳои гуногуни деҳқонии ин кишвар деҳқонӣ кардааст. Оид ба муносибати хешутаборияшон ба Шавкат Мирзиёев чунин нақл кард:

Насли мо баъди Мирбобо аз Ёқуббобо то Урунбек Ёқубов Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, омада ва Урунбек бобоямон ба шарофати номи падараш номи падари моро Ёқубҷон гузоштааст ва мо писарони ӯ Ёқубҷон ҳастем. Мирзиёбобоямон бо нақли падарам дар давлати Ӯзбекистон соҳиби ду писар Мираҳмон ва Мирасрор мешавад. Президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев писари Мираҳмонаст.

-Мо як авлод ҳастем бо президенти Ӯзбекистон. Ман набераи амаки ӯ ҳастам, сеюм насл ба ҳисоб меравам. Шавкатҷонро то ҳол аз наздик надидаем, аммо бо бародараш-Мираҳрор ва дигар хешу таборонамон дар тӯйю маракаҳо рафтуоямон ҳаст. Шукр пас аз Президент интихоб шудани набераи амакам-Шавкат Мирзиёев омаду рафти мо боз ҳам зиёдтар шуд-бо изҳори қаноатмандӣ афзуд Раҳматбек.

Дӯстбоеви 96 сола: Гузаштагони Мирзиёевро хуб мешиносам

Холмат Дӯстбоев-яке аз кӯҳансолорони ҷомоати Яхтан аст. ин марди хирад ба синни мубораки 96-солагӣ расидааст. Ба гуфти ӯ авлоди Шавкат Мирзиёевро хуб мешинохтааст: Ман авлоди Президенти ҳозираи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро хуб мешиносам. Ҳоло ки бемор ҳастам ҳама факту арқом ба дурустӣ дар хотирам нрест. Вале медонам, ки гузаштагониМирзиёев авлоди Миртуппиҳо ҳама меҳнатӣ ва деҳқон буданд. Нооромию вазъияти сахти солҳои 1921-32 маҷбур кард, ки бобои Шавкат Мирзиёев-Мирзиёбобо ба кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон кӯч бандад. Мирзиё ва Мираброр ҳарду додарон буда баробар ба Ӯзбекистон рафтанду он ҷо муқимӣ шуданд. Аз Мирзиё-Мираҳмон ба ба дунё омад ва аз Мираҳмон Шавкат Мирзиёев.

Аз рӯзе ки фарзанди ин диёр Президент шуд ва муносибатҳои яхбастаи беш аз 20-25 сола дар як муддати кутоҳ гарм кард, яхбастаҳои об кард бо дастони ларзонам дуои ҷони ӯро мекунам. Дуо мекунам, ки садсолаҳо сари ҳокимият бошаду муносибати ду кишвари дӯсту бародар кармтар шавад.

 

Падари Шавкат Мирзиёев- Мирамон Мирзиёев духтури силшинос буд

Мирамон, писари Мирзиё-бобо дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (УССР), ба воя расида, соли 1953 Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст. Пас аз хатм ба зодгоҳаш ноҳияи Зоамин баргашта ҳамчун Духтури бемориҳои сил (фтизиатром) дар бемор хонаи ноҳиявӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Чанде нагузашта бо сайу кушиши ин марди бузург дар ҳамин ноҳия беморхонаи алоҳидае барои беморони сил кушода мешавад ва Мирамон масъулияти ин беморхонаро ба ӯҳдаи худ мегирад. Дар ин беморхона кор кардан дари бахтро ба рӯяш мекушояд ва дар ҳамин ҷо бо ҳамсари ояндааш шинос шуда оиладор мешаванд. Баъди оиладоршавӣ аз онҳо ду фарзанд ба дунё меояд, ки яке Шавкат Мирзиёев аст. Чанде нагузашта дар беморхона аз беэҳтиётӣ модари Шавкат Мирзиёев ба бемории сил мубтало шуда аз олам мегузарад.

Падари Шавкат Мирзиёев, Мирамон зани дигар мегирад ва ҳамин тавр аз зани дуюмаш боз соҳиби як писар ва як духтари дигар мешавад ва дар соҳаи тиб то охири умр ба мардум хизмат мекунад.

Мирзиёев: Аз муҳандистайёркунӣ то президентӣ

Шавкат Мирамонович Мирзиёев 24-июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешина(УССР) ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, ба донишгоҳи муҳандистайёркунии шаҳри Тошкант дар соҳаи обёрӣ ва механизми кишоварзӣ дохил шуда ва соли 1981 онҷоро хатм мекунад. Аз соли 1981 то соли 1992 дар ҳамин донишгоҳ дар вазифаҳои аз коргари илмии тақиқотии хурд то ректтор кор мекунад ва соли 1990 ба ҳайси депутати шӯрои Олӣ интихоб мешавад. Аз соли 1992 то 2003 ба ҳайси раиси чанд ноҳия ва вилоятҳои Ӯзбекистон кор ва фаъолият мекунад.

Соли 2003, 12-декабр ҳамчун Сарвазир таин шуда, то вафоти Презиенти даври Ӯзбекистон Ислом Каримов (Ислом Каримов сиёсатмадори шинохтаи Ӯзбекистон, аввалин президент аз соли 1991баъди истиқлолият ба даст овардани Ӯзбекистон 25-сол зимоми қудратро дар даст дошт ва 2-сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағи сар дар синни 78 солаги дар гузашт.) ифода вазифа кардааст.

Маъракаи интихоботи Президентӣ, ки 4-уми декабр баргузор гардид, бо ғалабаи Шавкат Мирамонович Мирзиёев анҷом ёфт. Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи 5-уми декабр, зимни як изҳороти расмӣ ғолибияти Шавкат Мирзиёевро пас аз дарёфти 89%-и овозҳо эълон кард.

Шавкат Мирзиёев 14 –декабр савганди Президентӣ ёд карда зимоми қудратро ба даст гирифт ва то имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекстон аст.

(Ахбор)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *