Зиндагӣ дар иҳотаи сагҳо
Чунин аст ҳукми тақдир нисбати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ
…Пётр Степанович Черкасский, соли 1925 дар вилояти Омски Русия тавллуд шудааст. Солҳои 1944-45 дар ҶБВ иштирок намудааст. Вай яке аз он родмардонест, ки ҷони худро дареғ надошта, кишвари моро аз дасти фашистон раҳонид. Дорандаи ордени «Ситораи сурх», медали «Барои озод намудани Варшава», медали «Барои озод намудани Белорусия» ва «Ғалаба бар Германия» мебошад. Чуноне худаш нақл мекунад, аз забони тағояш, ки дар Тоҷикистонни шӯравӣ фаъолият кардааст таърифу тавсифи зиёде дар бораи ин кишвар шунида, соли 1947 барои кор ва зиндагӣ ба Тоҷикистон меояд. Давоми ин солҳо вай дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз ҷумла, муддати 12 сол фабрикаи шир кор кардаст. Давоми 30 соли охир ба ҳайси роҳрӯб дар Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон фаъолият дошт. Тӯли ин солҳо Тоҷикистонро мисли хонаи дувуми хеш дӯстдоштааст. Айни ҳол , танҳо як писараш боқӣ мондааст, ки дар Русия зиндагӣ мекунад. Ҳамсар ва писари дигараш бошанд, кайҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Дар кишвари мо ба ӯ ҳамчун иштирокчии ҶБВ ҳуҷраи имтиёзӣ дода буданд, аммо дар натиҷаи сухтор хонааш ба хок яксон гаштаву худи мйсафед дар чунин сину сол сарсон шудааст. Кунун вай дар анборе, ки ҳамчун сарпаноҳи муваққати аз ҷониби ДПТ ба ӯ додашудааст умр ба сар мебарад. Новобста ба он, ки дар чунин як шароити номуосоид, дар даруни партовҳо ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад. Аммо аз зиндагӣ дилсард нест ва нисбат ба инсонҳо муҳаббати беандоза дораду ҳайвонотро дуст медорад. Шояд аз танҳоиву бекасӣ бошад, ки вай на бо инсонҳо балки, бо сагҳо бештар муошират мекунад. Дар анборе ки ӯ зиндагӣ мекунад, бо ӯ якҷоя 9 саг умр басар мебаранд ва дар ҷавоби меҳрубониву хурокдиҳии муйсафед, ҳамчун муҳофизони хуб соҳиби хешро нигаҳбонӣ мекунанд. Ин сагҳо муйсафедро на танҳо аз одамони бегона, балки зимистон, аз хунукӣ низ ҳифозат мекунанд. Пётр Стипанович,ки барои барқарорсозии ҳуҷрааш чандин маротиба ба сохторҳои гуногун муроҷиат кардааст, аммо то кунун ягон натиҷае нест. Пётр ҳамчун шахсе, ки як умр озод зиндагӣ кардааст, намехоҳад ба хонаи пиронсолан равад ва аз дӯстони вафодораш ҷудо шавад. Мегӯяд “Ҳукумат хонаамро барқарор кунад, ман лоақал имконияти дар ҷойи тоза хоб кардану хурок хӯрданро пайдо кунам. Сагҳоямро ҳамроҳ намебарам, вале онҳоро намепартоям ҳар рӯз ба хабаргириашон меоям ва шикамашонро сер мекунам.” Бо вуҷуди он, ки ин қадар сахтиҳо дидааст дар мавриди тоҷикон бо муҳаббат ва ихлоси тамом сухан мегӯяд: » Тоҷикистон ҷаннати рӯйи замин аст ва тоҷикон одамони раҳмдил, ман ба Русия баргаштан намехостам ва ҳоло ҳам намехоҳам”
Мо аз зиндагии Пётр Степанович аз сомонаи иҷтимоии Фейсбук огаҳӣ ёфтем. Тахмина Баҳронова дар саҳифааш дар бораи ин иштирокчии ҶБВ маълумот додааст ва бо шарофати ӯ бисёриҳо ба ин муйсафед дасти ёрӣ низ дароз кардаанд. Чуноне Тахмина хабар додааст, ба наздикӣ гурӯҳи ҷавонон аз ташкилоти “Хайр” Пётр Степановичро ба ҳаммом бурдаанд ба ӯ сару либоси тозаву ороста пӯшонида таомҳои лазиз додаанд ин ҳамаш хуб . Аммо онҳо ӯро ба хонаи пиронсолоне, ки дар маҳаллаи 8-март ва муйсафеде, ки тамоми 93 соли умри хешро дар озодӣ гузаронидааст, дар шароити хонаи пиронсолон зиндагӣ кардан нахост ва аз онҷо фирор карда, ба назди согони хеш омад. Шояд дар арафаи Иди Ғалаба орзуи деринаи ин марди хизматкарда ҷомаи амал пӯшад ва хонаашро барқарор кунанду ба ӯ баргардонанд. Ин кӯчактарин хизматест, ки мо метавонем дар ҷавоби хизматҳои ӯ ба ҷо орем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ