Зиндагӣ дар масҷид.Ба Обигармиҳо кӣ кумак мекунад?

 

Бархе аз сокинони маҳаллаи маъруф ба “Дача”-и шаҳраки Обигарм мегӯянд, бештар аз як моҳи пеш манзилҳояшон қисман зери ярч монд ва аз он замон дар масҷид зиндагӣ доранд. 

Мавзигул Бобиева, як сокини ин маҳалла  гуфтааст, ки 3 марти соли равон дар пайи боришоти зиёд хонаҳояшон зери обу хок монд ва онҳоро дар масҷиди ба номи “Асо”-и шаҳраки Обигарм муваққатан маскун намуданд. Ӯ афзуд, “ба намояндагони шаҳри Роғун муроҷиат кардем, омада вазъияти моро бо чашми худ диданд. Гуфтанд ки инҷо макони хавфнок асту шумо зиндагӣ ихтиёр кардаед”.

Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи хонум Бобиева, аз соли 2004 дар ин макон зиндагӣ доранд ва касе ба онҳо ҳушдор надода буд, ки инҷо минтақаи барои зиндагӣ хавнок аст: “Танҳо ҳоло омада ин гапҳоро мегӯянд. Агар дар вақташ ба мо барои сохтани манзил қитъаи замин ҷудо мекарданд, ин ҷо намеомадем”.

Мавзигул Бобиева мегӯяд, дар ин маҳалла наздики 30 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад ва баъди ярч дар хонаҳои хешу табор ё масҷид зиндагӣ доранд. “Дар ҳамин масҷид наздики 50 зану кӯдак ва занҳои ҳомила ҳастанд. Кӯдакон қариб як моҳ мешавад ба мактаб нарафтаанд”,-изҳор доштааст вай.

Замира Исматова, як сокини дигари маҳалла гуфтааст,ки  зиндагиашон хеле душвор аст ва ба маводи ғизоӣ ниёз доранд: “Намедонем куҷо равем. Инҷо занҳои ҳомила, кӯдакони хурд ва маъюбон ҳам ҳастанд”. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *