Зиндонӣ шудани нақбканон барои дуздии 10 кг маъдани тило
Додгоҳе дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон 16 корманди кони тилои ширкати маъдани Навоиро зиндонӣ кард. Ҳамаи онҳо дар дуздии тило айбдор шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Сентрал Азия” хабар медиҳад.
Тафтишот муайян кардааст, ки моҳи июни соли 2019 коргари нақби «Каракутан» З.Х.-и 38-сола бо панҷ коргари дигар забон як кардааст.
Ин гуруҳи коргарон аз 13 то 17 июн ғайриқонунӣ тило истихроҷ карда, онро ноаён аз нақб берун бурдаанд. Аз 10 кг маъдани тило онҳо 1176,96 грамм тилои холис ва 1210,52 грамм нуқра ҳосил кардаанд, ки арзиши умумии тилову нуқра қариб ба 46 ҳазор доллар мерасад.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, яке аз аъзои гуруҳ 9 солу шаш моҳ зиндонӣ гардид. Дувумӣ 8 ва боқимондаҳо низ ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ