«Зиндон» дар хонаи истиқоматӣ

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини пойтахт, донишҷӯи соли 4-уми яке аз донишгоҳҳои олии кишвар ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 7-уми августи соли 2017, ҷавони 21-солаи сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанберо бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Борбад бурда, ғайриқонунӣ аз соати 20:30-дақиқа то соати 06:00-дақиқа аз озодӣ маҳрум карда, ба ҷабрдида гуфтааст, ки ба ҳар роҳу восита ба рафти тафтишоти пешакӣ монеъ шуда, ба бародараш ҷавонписари 19-сола, ки айни ҳол барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, кӯмаки худашро расонад.
Нисбати марди 23-сола бо моддаи 131 (ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ) ва 345 (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *