Зиндонӣ шудани 9-зани тоҷик дар Ироқ
Додгоҳи шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ 9 зани тоҷикро барои узвият дар гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ва ҳамзистӣ бо ҷангӯён аз 20 соли зиндон то ҳукми абад маҳкум кард. Ҳукми ин занҳо рӯзи 19 сентябр содир шуд.
Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷараёни мурофиа огоҳ аст, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, ҳар кадоме аз занони маҳкумшудаи тоҷик бо худ аз як то се (дар маҷмуъ 24) кӯдак доранд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кӯдаки хурдтарин ҳаштмоҳа ва бузургтаринаш 7-сола аст. Ин кӯдакон феълан бо модаронашон нигаҳдорӣ мешаванд.
“Агар занҳо розӣ шаванд ва хешу таборашон дар Тоҷикистон дархост кунанд, ҳукумат кӯдаконро ба ватан меорад. Бо фармони президенти кишвар Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кӯшиши баргардонидани кӯдаконро доранд. Ба ҷуз ин, 24 кӯдак, чаҳор кӯдаки бе волидон низ интизори бозгашт ба ватан ҳастанд”, — афзуд ӯ.
Ин мақом гуфт, Тоҷикистон бо Ироқ барои истирдоди зиндониён ҳеҷ шартнома надорад. «Эҳтимол дар оянда роҳҳое барои баргардондани занҳо пайдо шавад ва ё дар Ироқ онҳоро афв кунанд», — умедворӣ кард ӯ.
Бар асоси як санад, ки аз додгоҳи шаҳри Бағдод дастраси мо шуд, аз ин занҳо Лутфия Иззатулло Абдулло, Таманно Каримова Холаҳмад, Сафаргул Набиева, Мадина Ашраф Қурбон, Хадича Файзиддинзода, Ирода Раззоқ Холиқ Содиқ, Оиша Шербекова, Зуҳро Зоҳир Муҳаммад, Зебо Ҷонакӣ Саидова ном бурда мешавад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳузури ин занҳо дар Ироқ тасдиқ шуда буд ва нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “зархаридӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Умар Каримӣ, хабарнигори ироқӣ, ки дар ин мурофиа иштирок кардааст, рӯзи 20-уми сентябр гуфт, бархе занҳо ҳукмашонро маъмулӣ қабул карданд, вале “чаҳор нафари онҳо” мегиристанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ