Зиндонӣ шудани ду табиб барои марги се хоҳар

Як додгоҳ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ду табибро дар марги се хоҳар айбдор донист, ки моҳи ноябри соли гузашта яке паси дигар вафот карданд.

Додгоҳ Гулчеҳра Одилова, табиби беморхонаи №21 шаҳри Тошкандро 5 соли 1 моҳ ва Нодира Туляганова, табиби донишкадаи тиббии Тошкандро шаш сол зиндонӣ кард.

Пайвандони се хоҳари фавтида дар додгоҳ гуфтанд, се хоҳар дар пайи хунукназарии табибон вафот кардаанд. Ба гуфтаи пайвандон, Мунисаи 7-сола, Мухлисаи 6-сола ва Моҳираи 4-сола баъди он вафот карданд, ки табибони беморхонаи уфунатии ноҳияи Учтеппа чораандешӣ накардаанд.

Пештар гуфта мешуд, ки ин хоҳарон баъди тановули кабоби тез фавтидаанд. Аммо пайвандони кӯдакони вафоткарда ин фарзияро рад мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *