Зиндонӣ шудани модар барои издивоҷи маҷбурии духтари 13 солааш
Модаре, ки духтари ноболиғи худро бо роҳи фиреб аз Бритониё ба Покистон бурда бо марди бузургсоле ба занӣ додааст, нахустин нафаре дар Инглистон шуд, ки барои издивоҷи маҷбурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки ҳукми додгоҳи Бирмингем ба хонаводаҳое, ки духтарони худро маҷбуран оиладор мекунанд, паёми маҳкаме медиҳад ва ҳам духтаронро боҷасорат мекунад. Қазия марбут ба издивоҷи маҷбурии духтари 13-сола аст, ки бо роҳи фиреб ба ҳангоми сафар ба Покистон ба марди аз худаш 16 сол калон ба занӣ дода шуд.
Ба гуфтаи додситонҳо, ин духтар баъди арӯсӣ ба Бритониё баргашта исқоти ҳамл кардааст. Исми модар фош намешавад, вале дар парванда гуфта мешавад, ки бо баҳонаи ҷашнгирии ид духтари ноболиғашро ба Покистон бурда маҷбурӣ ба шавҳар додааст. Баъди расидан ба ин кишвар ба ӯ гуфтанд, ки тӯй мешавад. Вақте духтар эътироз кард, модар ӯро зад ва ҳам таҳдид кард, ки шиносномаи бритониёиашро оташ мезанад. Дар Бритониё қонуни манъкунандаи издивоҷҳои маҷбурӣ соли 2014 ба ҳукми иҷро даромад. Додситон гуфт, ки духтарро дар 18-солагӣ расман ақди никоҳ карданд. Модарро дар Бритониё то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ