Зиндони зиндагӣ. Чаро маҳбусони собиқ зери табъиз мемонанд?
Атмия Азимова соли 2013 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир барои 8 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Пас аз як соли иҷрои ҷазо дар маҳбас тибқи Қонуни Афв, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлол амалӣ гашт, ба озодӣ баромад. Ӯ мегӯяд, баъди аз маҳбас баромадан дарк кардааст, ки азоби баъди маҳбас сангинтар аз зиндон будааст.
Дар чорсӯи тақдир
Атмия баъди ба озодӣ баромадан як сол дари даҳҳо сохторро барои пайдо кардани ҷойи корӣ кӯфт, аммо доштани доғи судӣ боиси кор наёфтанаш шуд. Билохира соли 2014 барои соҳиб шудан ба гранти президентӣ талош кард.
Атмия Азимова мегӯяд: “Баъди аз маҳбас баромаданам шавҳарам аз баҳри ман гузашта, зани дигар гирифт. Ман бо доғи судӣ бо се фарзанд танҳою сарсон мондам. Он шабу рӯз бисёре аз пайвандонам аз ман рӯй гардонида буданд. Тасаввур кунед, вақте оилаатон вайрон, номатон доғдор ва фарзандони падаратон бегона мешаванд, чӣ қадар вазнин аст зиндагӣ кардан”.
Эътимоди Раҷаббой Аҳмадзода
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки вақте аҳли оила ба шахси аз маҳбас баромада эътимод намекунанд, интизор шудани боварии ҷомеа бефоида аст. Ӯ мегӯяд, ки вақте гранти навиштааш гузашт, барои гирифтани мактуби кафолатӣ азоб кашид, зеро ҷомеаи мо ба зиндониён бовар надоранд.
Атмия Азимова он рӯзҳоро ба ёд оварда, мегӯяд: “Соли 2014 вақте ба МИҲД-и шаҳри Хуҷанд барои гирифтани мактуби кафолатӣ барои грант рафтам, як масъул (аз ифшои номаш худдорӣ мекунем) рад кард ва ҳоло аз ҷойи кораш берун нашуда, ба касе занг заду гуфт: “Ба тюремшик боварӣ нест, мактуб надиҳед, ки дар бало намонед!”. Инро фаҳмида, дубора ба наздаш даромадам ва бо чашмони пурашк гуфтам, ки барои ҷинояти кардаам ҷазоямро гирифтам, минбаъд ба роҳи нек ва кори нек машғул шудан мехоҳам. Барои мактуби кафолатӣ ҳамагӣ як рӯз муҳлат монда буд. Ба қабули раиси шаҳри Хуҷанд, ки он солҳо Раҷаббой Аҳмадзода буданд, даромада, вазъиятро фаҳмонидам. Аҳмадзода худашон мактуби кафолатиро доданд ва ҳамон рӯз ба Душанбе рафта, грантро гирифтам. То ҳол аз эшон миннатдорам, ки ба ман бовар карданд”.
Зиндагӣ маҷбур кард…
Аз Атмия пурсидам, ки сабаби даст ба фурӯши маводи мухаддир заданаш дар чӣ буд? Ӯ чунин посух дод: “Бо се писар зиндагии миёнаҳолона доштем. Аз сабаби набудани маблағ оддитарин орзуҳои кӯдаконам ормонӣ мешуд. Як рӯз писари калониям гуфт, ки барои дар варзишгоҳ машқу тамрин кардан барояш 200 сомонӣ лозим аст. Борҳо аз падараш ҳам хоҳиш кард, вале шароит набардошт. Баъдан ба воситаи як шинос даст ба миёнравии қочоқи маводи мухаддир задам. Гарчанде медонистам, ки роҳи рафтаам хато аст…
Аммо як соли дар маҳбас будан барои як умр тавба кардан маро ислоҳ кард. Дар маҳбаси занонаи Норак ҳам дӯзандагиро аз худ кардам, ҳам хатоҳои худро фаҳмида, тавба кардам ва ҳам китоби “Сабри ҳазрати Яъқуб”-ро хонда, сабуриро омӯхтам”.
Гранти умедбахш
Атмия Азимова бо гирифтани 10 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ, баъди як соли талош тавонист коргоҳи дӯзандагии “Умедбахш”-ро ташкил кунад ва барои ҳамтақдирони худ шароити корӣ фароҳам орад. Ҳоло ӯ ба 12 зани аз маҳбас озодшуда ҷойи кор додааст. Ба гуфтаи ӯ, маоши онҳо аз рӯйи ҳаҷми корашон аст, ки аз 50 то 120 сомониро дар як рӯз ташкил медиҳад. Ҳоло набудани коргоҳи замонавӣ барояш мушкил пеш овардааст. Аз ин рӯ, барои ташкили корхонаи мувофиқ соли 2018 аз маҳаллаи Навбунёд, ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 31 гектар замин гирифтааст. Талош дорад, ки дар он ҷо ҳам коргоҳи нави дӯзандагӣ бунёд кунад ва ҳам барои ҳамтақдирони бехонааш 10 манзили истиқоматӣ бисозад…
Имсол Атмия Азимова талош дорад Гранти президентиро дубора соҳиб шавад, ки маблағи он 40 ҳазор сомонӣ аст. Ӯ гуфт, ки агар ин миқдор маблағро соҳиб шавад, 50%-и коргоҳи нави дӯзандагиаш бунёд хоҳад шуд.
Кумак ба зиндониёни собиқ
5-уми октябр зимни суҳбат ба мо сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ гуфт, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 306 нафар шаҳрвандони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида бо мушкилоти бекорӣ муроҷиат кардаанд. Нодирӣ гуфт, ки аз ин шумора 32 нафарашон собиқ маҳбусзанҳо будаанд.
“Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 134 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Бо назардошти дар қайд будани солҳои қаблӣ ба 237 нафар кумакпулӣ пардохта шуд. Нафарони аз маҳбас озодшуда бештар ба соҳаи сохтмон, хоҷагии коммуналӣ ва соҳаи саноат ҷалб карда шудаанд”,- гуфт Нодирӣ.
Ба гуфтаи сардори Раёсати агентӣ, тибқи талаботи қонун ба се категорияи шаҳрвандон кумакпулӣ пардохта мешавад: нафарони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, собиқ маҳбусон ва онҳое, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст. Ин кумакпулӣ солҳои қабл 400 сомонӣ буда, аз якуми июли соли сипаришуда 600 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се моҳ пардохта мешавад.
Шикоят аз ҷомеа
Намояндаи филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар шаҳри Хуҷанд Абдураҳмонова Баҳрӣ мегӯяд, ки маҳбусони собиқ бештар аз фишори ҷомеа шикоят мекунанд: “Ташкилоти мо бо нафарони аз маҳбас озодшуда кор мекунад. Мизоҷони мо мегӯянд, ки муносибати ҷомеа бо онҳо дурушт аст ва зиёд зери табъиз қарор мегиранд. Бархе аз афроди ҷомеа шаъну шарафи маҳбусони собиқро зери по карда, бо истифода бурдани калимаи “тюремшик” онҳоро таҳқир мекунанд”.
Баҳрӣ Абдураҳмонова мегӯяд, ки ташкилоти онҳо барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои собиқ маҳбусон мусоидат менамояд ва бо табъиз шудани онҳо мубориза мебарад. Ӯ мегӯяд, ки агар муносибати ҷомеа ба маҳбусони собиқ инсондӯстона бошад ва муассисаҳои дахлдор барои бо кор таъмин шудани онҳо мусоидат намоянд, онҳо такроран даст ба ҷиноят намезананд.
Қонун табъизро маҳкум мекунад
Ёдовар мешавем, ки 19.07.2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ба тасвиб расид, ки он ҳама гуна табъизро маҳкум мекунад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.
Дар моддаи 1-и он омадааст: “Табъиз — ин ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад”.
Фарзона МУРОДӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ