Зиндониёни Душанбе ба бинои нав мекӯчанд

Дар соли 2018 ҳаҷми грантҳои хориҷии ташкилотҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон ҳудуди 750 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод зимни нишасти матбуотӣ иброз дошта, афзуд, ки ин грантҳоро 1 ҳазору 718 созмонӣ ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба даст овардаанд. Мувофиқи ҳисоботи ироанамудаи вазир, грантҳо бо асъори гуногун — тақрибан ба маблағи 58 миллион доллар, ҳудуди 8 миллион евро, 8 миллион рубл, 2,5 миллион фунт стерлинг, 6,5 миллион франки швейтсарӣ ва 78 миллион сомонӣ мебошад. Ӯ қайд намуд, ки грантҳоро асосан созмонҳое гирифтаанд, ки дар бахши ҳимояи ҳуқуқи инсон ва иҷтимоӣ фаъолият мекунанд. Айни ҳол теъдоди созмонҳои ҷамъиятии фаъол дар кишвар 2,5 ҳазор адад мебошад.
Вазири адлияи Тоҷикистон дар хусуси посухи хабарнигорон оиди ошӯби зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ намуда, танҳо изҳор намуд, ки ҳоло тафтиши қазия аз ҷониби Прокуратураи генералӣ идома дорад ва наметавонад дар ин бора маълумоти бештар диҳад.
Рустам Шоҳмурод дар мавриди зиндони маркази Душанбе афзуд, ки ба зудӣ он тахриб ва маҳбусон ба зиндони навбунёд, ки воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аст, кӯчонда хоҳанд шуд. Ҳоло теъдоди умумии зиндониён дар Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафар мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *