Зинедин Зидан чаро исён мекунад?

Истеъфо аз «Реал»

Ситораи футболи ҷаҳонӣ, мураббии муваффақ Зинедин Зидан боз олами варзишро ба ҳайрат овард. Ӯ пас аз он ки дастаи «Реал» Мадрид 26 май дар вохӯрии финалӣ «Ливерпул»- и Ливерпулро боҳисоби 3:1 шикаст дода, пайи ҳам (дафъаи сеюм) унвони қаҳрамонии Лигаи чемпионҳоро соҳиб гардонд, нишасти матбуотии ғайринавбатӣ даъват намуд ва изҳор кард, ки аз вазифаи сармураббигии «Реал» даст мекашад.

— «Реал» бояд  навҷӯйӣ кунад, то ғалабаҳояшро идома диҳад, Ин барои ҳама лаҳзаи муносиб аст. Шояд аҷиб намояд, вале ин барои фоидаи ҳама — бозигарон, худи ман  ва клуб мебошад. Баъди се соли фаъолияти ман ин даста бояд ба ғалабаҳояш давом диҳад, овози  тоза пайдо намояд, шарҳ дод истеъфояшро Зидан.

Аммо рӯзномаи испании As сабабҳои эҳтимолии истеъфои Зинедин Зиданро аз сармураббигии «Реал» ба таври худ  шарҳ додааст. Бинобар иттилои рӯзнома гапи Зидан бо президенти клуб Флорентино Перес барои бе иштироки ӯ тартиб додани нақшаи   трансфер гурехтааст. Сухан дар бораи дарвозабони «Атлетика» Кепе Аррисабалаге, ҳуҷумкунандаҳо Роберт Левандовский («Бавария») ва Неймар («ПСЖ») меравад, ки  Зидан онҳоро намехост. Инчунин,  мураббӣ аз номуайянии ояндаи Криштиану Роналду ва Гарет Бэйл дар ташвиш буд. Ё ин ки роҳбарияти клуб барои харидани  Йоахим Лев ва Маурисио Почеттино бетарафӣ зоҳир намуд.

Зидан бо «Реал» ҳамон қадар ҷоиза  овардааст, ки  6 мураббии пешина муяссар гардида буданд.

Хислати «исёнгарӣ»

Хислати «исёнгарӣ»-и Зенидин Зидан дар давоми карйераи футболбозии ӯ борҳо сар задаст. Истеъфо аз сармураббигии «Реал» (Мадрид), ки дар давоми се соли сармураббигии Зидан пайи ҳам се бор қаҳрамони Лигаи чемпионҳо гардид, маротибаи сеюм сар зад.  Ду «исёни» дигари Зидан ҳангоми дар ҳайати мунтахаби Фаронса бозиданаш мушоҳида гардида, мухлисонро тасхиру мансабдоронро ба шигифт оварда буд.

Чемпионати ҷаҳони соли 1998 Зиданро ба қаҳрамони миллии Фаронса табдил дод. Зеро ӯ бо сар ду голи музаффарият зада, мунтахабро чемпиони ҷаҳон гардонд. Ин ба ҳамлагари фаронсавиҳо унвони «Беҳтарин футболбози  ҷаҳон» ва «Бутсии заррин»-ро туҳфа овард. Зидан машҳур гардида, дар наворҳои роликҳои рекламавӣ пайдо шуд. Алҷазории дар мунтахаб мебозида рамзи ягонагии ҳайати бисёрмиллатаи мунтахаби Фаронсаро ифода мекард. Баъди он ки мунтахаби Фаронса дар чемпионати Аврупо шикаст хӯрд, роҳбари ҳизби сиёсии «Фронти миллӣ» Ле Пени миллатчӣ дарҳол изҳор кард, ки «сабабаш дар даста бисёр будани хориҷиҳост». Зинедин дар ҷавоб гуфт, ки ҳайати бисёрмиллатаи мунтахаб  беҳтарин таблиғот бар зидди ғояҳои миллатчигии Ле Пен  мебошад.

Соли 2006 Зинедин Зидан дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба финали чемпионати ҷаҳон баромад. Ҳангоми бозии финали байни мунтахабҳои Италия ва  Фаронса миёни рақибон Зидан ва Марко Матератси ҷанҷол сар зад, ки  алҷазоирӣ ба синааш итолиёвӣ муште фаровард. Зиза корти сурх гирифта, майдонро тарк намуд. Даста бе капитан бозиро бохт ва ҷойи дуюмро гирифт. Бо ҳамин Зидан ба карйераи футболбозии худ хотима дод ва баъдтар ба кори мураббигӣ гузашт.

Дастовардҳои асосии Зидан

Оилаи Зидан соли 1953 аз ҷанги Алҷазоир паноҳгоҳ ҷуста, ба Фаронса кӯчид. Ниммуҳофизатгари мунтахаби Алҷазоир Ҷамол Зидан — ҳамфамилияи Зенидин, ки дар чемпионати ҷаҳони соли 1982 мунтахаби ФРГ-ро шикаст дода буд, Энсо Франческоли – қаҳрамони футболи Уругвай намунаи ибрати Зинедини наврас буданд. Ӯ футболро дар клубҳои «Сен-Анри» ва «Септем-ле-Валлон» оғоз кардааст. Пас аъзои дастаи ҷавонони «Канн» гардид. Маҳорату истеъдодашро сайқал дода, Зидан зина ба зина боло меравад: ба мунтахабҳои наврасону ҷавонони  Фаронса роҳ меёбад. Соли 1992 бо дастаи «Бордо» шартнома баста, дар мавсими аввал 10 гол мезанад. Соли 1996 Зиданро «Ювентус» бо се миллион евро мехарад ва дар панҷ сол ба гирифтани унвони «Беҳтарин футболбози ҷаҳон» сазовор гардид.

Ӯ дар ҳайати мунтахаби Фаронса 106 бозӣ карда, 29 гол зада, дар чемпионатҳои ҷаҳонии солҳои 1998, 2002 ва 2006 ва се чемпионати Аврупо-1996, 2000 и 2004 ниммуҳофизатгар ва капитани мунтахаб фаъолият намуд. Бо мунтахаби Фаронса чемпиони ҷаҳон-1998 ва Аврупо-2000 гардид. Ҷоми шоҳ Ҳасани II-ро дар солҳои 1998 ва 2000 ба даст овард.

Дар Фаронса Зинедин Зиданро хамчун футболбоз ва оиладӯстдору падари хуб дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд. Падари чор фарзанд аст. Ба фаъолияти хайрпарастӣ низ машғул мебошад. Мусобиқаҳои наврасонро баргузор намуда, президенти фахрии клуби Ля Кастеллан ба шумор меравад. Соли 2001 сафири ихтиёрии барномаи рушди СММ низ буд. Карйераи футболбоз дар чорчӯбаи синнусолӣ маҳдуд мешавад. «Муҳим нест, ки ту чӣ тавр рафтӣ, муҳим он аст, ки ту кӣ ҳастӣ», — мегӯяд Зинедин Зидан.

Таҳияи Э. НАЗАРОВ, «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *