Зита мурду Гита ҳофизи Қуръон шуд…

Солҳои 2000-ум дар тамоми Русия дар бораи дугоникҳои сиамӣ — хоҳарон Ризохоновҳо аз Қирғизистон сӯҳбат мекарданд. Баъдан табибони беморхонаи Филатови Маскав барои ҷудо кардани онҳо амалиёти муваффақ анҷом доданд. Ба назар чунин менамуд, ки духтаронро умри дароз ва хушбахтона дар пеш аст. Бо вуҷуди ин, Зита пайваста бемор буд ва дар соли 2015 аз норасоии узвҳои сершумор даргузашт.

Гита бо саратон мубориза мебарад, аммо мекӯшад орзуҳои хоҳарашро амалӣ созад.

«Ман қариб дар вақти таваллуд фавтида будам» – мегӯяд Зумрият Ризохонова, модари Зита ва Гита,- эҳсос мекард, ки дугоникҳо пайдо мешаванд, ҳарчанд табибон якравона таъкид мекарданд: танҳо як ҳомила ҳаст. “Ҳомиладории сеюми ман буд ва ман медонистам, ки онҳо ду нафар ҳастанд — ман намефаҳмам, ки чӣ тавр духтурон онҳоро дар УЗИ надидаанд, ман то ин дам ду ном пайдо карда будам.Қариб буд, ки ҳангоми таваллуд бимирам, аз ҳуш рафтам.”

Вақте ки кор тамом шуд, ман онҳоро нашунидам — ​​ фикр кардам, ки мурда таваллуд шудаанд. Духтур ба назди ман омад, памперсро як сония кушода, нишон дод. Ман фаҳмида наметавонистам, ки ин чӣ аст. Дар аввал ман  гиря кардам, аз ноумедӣ танҳо дод задам», — ба ёд меорад Зумрият. Дугоникҳо моҳи октябри соли 1991 дар деҳаи Ҷани-Ҷер, 40-километрии Бишкек ба дунё омадаанд. Ва оила дар Западний, як деҳаи хурде зиндагӣ мекард, ки дар он ҷо хидматрасонии баланди тиббӣ вуҷуд надошт. Бинобар ин Зумрият ба хона баргашт, духтаронро дар беморхона монданд ва баъд ба интернат фиристоданд. «Ҳашт соли аввал онҳо дар онҷо зиндагӣ мекарданд. Аммо ман аз  фарзандонам Аҳмад ва Залина бештар бо онҳо будам.

Хоҳарон Зита ва Гита то ҷарроҳӣ

Дар тӯли ин солҳо ӯ табибонеро меҷуст, ки ба амалиёти хатарнок розӣ шаванд. Ман бо ҷавоби дармонгоҳҳо ба хаткашонҳо чашм ба роҳ будам. «Медидам, ки хаткашон  меояд. Ва дуо мекардам, ки кош ба назди дарвоза омада, мактуб меовард.”

» Гита ва Зита аксар вақт ҷанҷол мекарданд, ҳатто ҷанг мекарданд. Яке роҳ рафтан мехост, дигаре мехост телевизор тамошо кунад, яке истироҳат мекард, дигаре бо чашми боз орзу мекард. «Тасавур кунед, ки Шумо саҳар хобидаеду  мунтазири бедор шудани хоҳаратон ҳастед. Ҳама корҳо аз ӯ вобаста аст. Ин вазъ моро ором намегузошт. Ҳарду аз ин хеле хаста будем,» — ба хотир меорад Гита. «Баъзан, бо вуҷуди ин, мо бо роҳи дӯстона розӣ шуда будем:»

Ман тамошо мекунам

“Даҳ дақиқа филм тамошо кунем, баъд сайру гашт мекунем.” Ин кор нашуд, онҳо мубориза бурданд, ҳар кӣ ғолиб омяд, он чизе ки мехост,ҳамонро анҷом диҳад. Дугоникҳо мустақилона қадам зада наметавонистанд, гарчанде онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо асобағал роҳ гарданд. Ду по барои ду нафар буд, аммо онҳоро синхронӣ идора кардан имкон надошт.

«Дар соли 2001, Зита сахт бемор шуд, табибон гуфтанд, ки ба фоҷиае омодагӣ бинанд. Вақте ки ӯ ба беморхона омад ва Гита ба даҳонаш хӯрок гузошта бо ҳасрат мегуфт: «Агар ӯ бимирад, ман ҳам мемирам. »

Ҳатто агар яке аз онҳо бимирад. Як умр набояд ба дигараш вобаста бошад, ман намехостам, ки тақдири фарзадони ман низ мисли тақдири Даша ва Маша бошад, «Зумрият достони дугоникҳои сиам Кривошляповҳоро хуб медонист. Мария аз сактаи қалб мурд ва Дарья пас аз 17 соат аз мастӣ — хоҳарон системаи умумии гардиши хун доштанд.

«Сарамро ба девор мезадам»

Беморхонаи Филатови Маскав низ дар аввал  амлиёти дугоникҳоро рад намуд. Аммо Зумрият ором нашуд: «Огоҳӣ додам, ки то ҷарроҳӣ нашаванд, намеравам, ба ман фаҳмонданд, ки пас аз ҷарроҳи шояд  сахт маъюб бимонанд. Аммо онҳо аллакай маъюб ҳастанд ва дар натиҷаи ҷарроҳӣ, ҳар кадоми онҳо соҳиби худ мешаванд. ».

Хоҳарон пас ҷарроҳӣ

Дар натиҷа оилаи Ризохоновҳо ҷарроҳӣ карда шуданд. Ҳарду зинда монданд — сарфи назар аз пешгӯиҳои ноумедкунанда. Ҳар яки онҳо як пой ва як гурда, нисфи ҳалқаи кос  доранд. Пешоб ва рӯдаҳо аз девори шикам хориҷ карда шуданд. Пойҳои сеюми суст инкишофёфтаро бурида, пӯстро аз он барои «патч» дар меъда гирифтанд. «Дар аввал мо нафаҳмидем, ки чӣ шуд, — мегӯяд Гита. — Ман ҳис мекардам, ки Зита, гарчанде ки вай аллакай аз ман ҷудо шуда буд. Баъди ҷароҳӣ дастҳоямон баста буд, вале ман як илоҷе карда болопӯшро яктарафа кардам. Бинам хоҳарам нест. Гиря кардам. Хоҳарам дар кати дигар дар тарафи рост хобида буд ман  аз варами сахт ӯро нашинохтам ва ӯ  низ маро нашинохт. Суханони аввалинаш ба ёдам меояд: «Роҳ меравам».

Зумирят дар назди духтаронаш кушиш мекард, ки аз бомуаваффақ анҷомёбии ҷарроҳӣ  табассум ва хушҳолӣ намояд, вале дар роҳрав гиря карда сарашро ба девор мезад. Намехост, ки онҳоро аз ҳам ҷудо бинад.

Ба хоҳарон бо протез роҳ рафтанро ёд медоданд. Конструкция чун одат ба кундаи часпида нашуда, ба сари сина печонда буд. Пас аз барқарорсозии тӯлонӣ дар Маскав Зита ва Гита ба хона баргаштанд.

Хоҳарон пас аз ҷарроҳӣ

 «Онҳо мактабро хатм карданд, вале дигар коре надоштанд, аз ин рӯ ба ғазаб омада асабонӣ мешуданд, — ба ёд меорад Зумрият.— ба онҳо гуфтам: «Дар хотир доред, ки пеш аз он ки ҷарроҳӣ шавед, мехосед кореро дар алоҳидагӣ анҷом бидиҳед?»

Баъдан  Китоби “Ғамгин машав”-ро харидам. Он ҷо иборае ҳаст “Агар оромиро дар қалбат хоҳӣ – Қуръон хонданро биомӯз”. Ва онҳо қарор доданд, ки Қуръон биомӯзанд. Аввал, дар мадраса онҳоро қабул накрданд, вале ман ба онҳо фаҳмонидам, ки: агар духтарон ба ягон кору амал машғул нашаанд мемиранд.

Зита муддати тӯлонӣ нахонд: вай пролапси стома дошт — як қисми рӯдаҳояш афтод. Амалиёти баъдина  фоида наовард, ҳолаш  бадтар шуд. Соли 2015 вай бар асари норасоии узвҳои гуногуни бадан даргузашт.

  Сурат: аз архиви шахсии Гита Резаханова

Бо протез роҳ рафтанро ёд гиред

«Ман то ҳол қабул карда наметавонам, ки вай дар он ҷо нест,» иқрор мешавад Гита. «Баъзан ман ба оина менигарам ва гӯё вай инъикос ёфтааст на ман. Ё ба назар чунин мерасад, ки хоҳари ман танҳо дар Маскав, аст дури дур.

 Мо- модар, Зита ва ман худро сегоник номидем. Ва ҳоло мо дугоник ҳастем.»

«Орзуҳои якҷоя»

Гита ба коллеҷи исломии шаҳри Ӯш дохил шуд. Хоҳарон орзу мекарданд, ки посбонони Қуръон шаванд — матни муқаддасро ба забони арабӣ пурра омӯзанд. «Ман барои амалӣ шудани орзуи умумии мо рафтам» мегӯяд ӯ.

Ҳоло ӯ аллакай Ҳофиз (нигоҳбони Қуръон) аст, аммо таҳсилашро идома медиҳад ва инчунин забони арабиро меомӯзад. «Ва модарам орзуи дуюми Зитаро амалӣ кард» илова мекунад Гита. Хоҳар умед дошт, ки рӯзе дар деҳа маркази кӯдакони маъюб пайдо мешавад. Ҳоло ин марказ  дар Ҷани-Ҷер пайдо шудааст.

 “Пас аз даргузашти духтарам ман ба шуъбаи кордиологӣ афтодам,- мегӯяд Зумирят, бо як азобе зинда мондам. Ба андеша рафтам, ки “Як умр мубориза бурдам, мабодо яку якбора бимирам?” Аз ин хотир бо худ қарор додам, ки барои бачаҳои маҷруҳ  марказе бо номи Гитаю Зита таъсис диҳам.

Маркази кӯдакони маъюби ба номи Зита ва Гита.

Марказ таъсис ёфт.  Мо 25 нафар тарбиятгирандагон дорем — гирифтори синдроми Даун, фалаҷи мағзи сар, ақибмонӣ. Мо ба кӯдакон навиштан, хондан, дарсҳои санъати амалӣ, вокалро меомӯзем, бо ёрии равоншинос хурокхӯрданро ёд медиҳем. Одамон на дар хона, балки дар чамъиятанд. Шаш сол аст, ки Зита дар қайди ҳаёт нест ва панҷсол боз маркази мо фаъолият дорад,- мегӯяд модари дугоникҳо.

Соли 2019 Гита ба бемроии гирифтори саратон — марҳилаи дуюми аденокартсинома ташхис карда шуд. «Ман фикр мекардам, ки вай стома дорад. Он вақт Гита аллакай кор мекард, ба ҳеҷ ҷо рафтан намехост. Хешовандон низ ӯро рӯҳафтода карданд. Маълум шуд, ки ин варам аст», — мегӯяд модар.

Чанде пеш Гита баъди муоинаи навбатй аз пойтахт баргашт. Вай дар ремиссия аст. Аммо ба ғайр аз онкология боз бисёр проблемаҳои дигар низ ҳастанд, ки ӯро азият медиҳанд. «Ҳар се моҳ мо ба Маскав парвоз мекунем, вақте ки стенти пешоб мебандад, гурда бад кор мекунад, ҳарорат аз 39 то поён аст, дарди шадид пайдо мегардад. Гита шаҳрвандии Русияро дорад, аммо вай ҳамеша деҳаро тарк карданӣ нест. Ӯ мегӯяд, ки дар ин ҷо як оилаи бузург дорад ва намехоҳад макони таваллудашро тарк кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *