Зиё Абдулло: Зиёӣ ва муллои якдарсадӣ. Сӯҳбати ошкоро бо Зиё Абдулло

 Имрӯз дар Тоҷикистон ва умуман дар тамоми дунё кашмакашӣ ва зиддиятҳо миёни дингароёну дунявиён давом дорад. Ин зиддиятҳо то  дараҷае расида, ки мардум роҳгум задаанд ва намедонанд, ки аз пайи ки бираванду ба кӣ ё чӣ бовар кунанд. Чи дуруст асту чи нодуруст ва сафед куҷову сиёҳ куҷост? Сарриштаи ин калобаҳоро танҳо олимон, мутафаккирон ва умуман зиёиён метавонанд боз кунанд ва ба омма роҳи сараеро нишон диҳанд. Бо ҳамин сабаб суҳбате оростем, бо яке аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар,  шоир, мутафаккир Зиё Абдулло

-Устод, биёед суҳбатамонро аз вазни шеъри имрӯз шуруъ мекунем. Албатта, вақте вазни шеър мегӯям арӯзро дар назар надорам. Мақоми шеърро, таъсири шеърро мегӯям… имрӯз шеър чӣ вазн дорад?

-Барои он ки шеър ба омма писанд шавад, бузургони мо қиссаҳою латифаҳоро ба шеър кашиданд. Чи тавре ки мо дар «Шоҳнома» «Қобуснома», «Мантиқ-ут-тайр», «Гаршоспнома» ва «Самаки айёр»-у  «Ҳазору як шаб», ки пеш аз ҳуҷуми араб навишта шудааст, мебинем. Яъне ҷомеа латифа, қисса, афсона, нақли зебо мехоҳад. Омма бо нақли зебо руҳ мегирад, зеро қисса, афсона омоли оммаро бароварда месозад. Афсона ҳамеша бо зафари қаҳрамони мусбат ба анҷом мерасад, яъне дари умед ба ояндаро калон мекушояд. Ҷомеа худро мекушояд, худро мешӯяд. Шеър дар паҳлӯи ҳамаи инҳо қадам мезанад, аммо ашхосе ҳам ҳастанд, ки муаммоҳои шеърро мехоҳанд кушоянд ва барои ин ба китобҳои динии Авасто, Буддо, Таврот, Инҷил, Қуръон муроҷиат мекунанд. Боз шеър кушояндаи таърих ҳам ҳаст. Вақте Маснавӣ мехонем, дар он таърихи Юнон, таърихи халқи худ ва рӯзгори худи Мавлоноро мебинем. Ҳамин тавр шеър бо руҳи зинда ҳамоҳанг аст ва руҳи зинда замон надорад.  Имрӯз ҳам ҷорӣ аст, фардо ҳам ҷорӣ… чизи дигар ин ки шеър барои сохтани андешаи зебо мусоидат мекунад. Зардушт, аввал пиндори зебо, яъне андешаи зебо мегӯяд ва андешаи зебо қудрати аввал аст, қудрати аввал Худо аст, ки дар мо ҷорист, яъне ҳамон руҳи зебо. Ҷонро ба тан даровардан аз дари андешаи нек аст, ки инсони олударо бо воситаи ҷон покиза кунад. Он гоҳ даҳ қувва: панҷ ботинӣ, панҷ зоҳирӣ дар инсон ҷорӣ мешавад, ки дар вуҷуди мо  саҳнаи зебое месозанд.  Шумо бо чашми дарунбин саҳнаи зебои дарунатонро, ки аҷаб муборизаҳоеро ба намоиш мегузорад, мебинед. Вақте ки ба  дараҷаи тамошои ин саҳна мерасед, шумо дигар дар ин дунё бадиро намебинед. Барои ҳамин чашми дарунбинро кушодан, шеър чун зинапоя хизмат мекунад.

-Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки шеър ин дигаргунсоз аст, яъне ба тафаккури инсон таъсир мерасонад. Оё шеъри муосир  ҳам ҳамин рисолатро дорад? Ба завқи хонанда дар хӯр аст?

-Ин пеш аз ҳама ба фаҳмиш, дониш ва кушода тавонистан, яъне фарҳанги дарунии хонанда вобаста аст. Яъне хонанда аз кадом зинаи шеър лаззат бурда метавонад,  лаззат бурдан низ,  дар вуҷуди мо зинаҳоро дорад. Хонанда дар кадом зинаи фаҳмиш аст. Хонандае ҳаст, ки фаҳмиш, дониш ва қабули вай дар зинаи якум аст, хонандае ҳаст, ки нигоҳаш ба зинаи дуввум, баромадааст ва аз зинаи дуюм лаззат мебарад ва ҳамин гуна ба лаззати зинаи севум мерасад.  Чунин адабиёте, ки имрӯз мегӯем ва вазифае, ки пеши он мегузорем, ҳамеша будааст. Масалан,  Соиб як маҷмӯае тартиб медиҳад, ки фарогири намунаи эҷоди 800 шоири ҳамзамонаш аст, яъне дар замони Соиб 800 шоири хеле сухангӯйи дараҷаи хуб будааст, ки ӯ аз онҳо гулчин кардааст ва онҳое, ки ба ин гулчин надаромадаанд чи қадар бошанд? Бигзор онҳо бошанд ва барои хонандагоне, ки дар зинаҳои гуногун қарор доранд, нависанд. Илми имрӯз исбот кардааст, ки 75 дарсади ҷомеаи дунё дар ҳамин зинаи авваланд, 21 дарсади мардуми дунё ба андешаи рустанӣ, яъне гиёҳӣ ва танҳо 4 дарсади инсонҳо ба дараҷаи андешаи  инсонӣ расидаанд.

-Дар як суҳбататон Шумо ҷомеаро ба 2 гурӯҳ: 99 дарсадиҳо ва 1 дарсадиҳо ҷудо карда будед. 1 дарсадиҳо бешубҳа зиёиёнанд. 1 дарсадиҳои мо ҳоло чи нақш доранд? Ва дар зимн оё онҳо аслан вуҷуд доранд?

— Биёед, аввал, дар бораи 99. 99 дарсади ҷомеа ин бунёди ҷомеа аст. Ин ба маънои инкор ё бо чашми кам дидани ин 99 нест, баръакс агар ин замина набошад болохона ҳам сохта намешавад. Ин як фоиз ҳам аз ҳамин бунёд мерӯяд. Як нафари бомаънӣ, бофаросат ва аз дарун интлегенте ҳаст, ки ӯ аслан савод надорад. Аммо вақте бо ӯ суҳбат мекунед, мебинед, ки ӯ фарҳанги зебо, покизагии зебои инсонӣ дорад, ки дар баъзе академики илм нест. Аз роҳи кашфи илм, аз даричаи як илм расидан ба дараҷаи академикӣ дигар аст, аммо руҳу равоне, ки асли инсон аз он мерӯяд чизи дигар. Ҳамаи илмҳо дар нимароҳанд, кушоиши мутлақ наёфтаанд, як нафаре, ки таги пойи илми ҳанӯз дар нимароҳбуда, рисолати инсониро  гузоштааст ва аз даричаи илми дар нимароҳ буда ба ҷомеа назари нозеб мекунад, дар ин ҷо инсонияти зебои вай роҳгум мезанад. Аз ҳамин дарича нигоҳи ноҳақ ҳам ба сатҳи инсонҳо ба сатҳи гуногуни андешаи инсонҳо оғоз мегирад. Инқилоб дами роҳи ҳамин ҷустуҷӯйи зеборо мегирад, аммо 99 дарсади ҷомеа ки ун роҳро намешиносад ҳамовоз мешавад, бо як садои инқилобии 1 дарсадӣ, медавад аз пайи  чанд якдарсадӣ… ин ҷо аст ки ғалат мекунад ин 99, ба ҳамдигаркушӣ оғоз мекунад. Зеро, агар як дарссадӣ аз дари шинохтан даромада бошад, 99 дарсад аз дари тассуб медарояд.

-Дар бораи ин 1 дарсадиҳо дар китоби «Бодгиреҳ»-атон чунин шеъре доред:

 Зиёии мо дар раҳи миллат

3 истгоҳ дорад:

Яке маҳал,

Дигар унвон,

Седигар чатан.

Раҳ ба раҳ башар низ мегӯяд,

Ба хотири он 3.

Муллои мо низ дар тариқати Худо

3 истгоҳ дорад:

Яке ҷонамоз,

Дигар сари хони мардум,

Седигар чатан.

Гаҳ-гаҳ миллат низ мегӯяд-

Ва аҳли исломро дар назар дорад,

Яъне, пеш аз ислом ӯ  бузина будааст…

Сари ин пора каме меистодем.

-Ин танҳо ба зиёии мо тааллуқ надорад, ба зиёии тамоми дунё ,аз ҷумла ба худам. Ин андешаи равониву рӯҳӣ аст, яъне ман зина ба зина роҳ мепаймоям, ҳамин зина зинаи то ҷое биологӣ низ ҳаст… агар аз рӯйи синну сол нигарем дар кӯдакӣ мо бештар рӯҳонием. Сӯфиён мегӯянд, ки кӯдак Худо аст, покизагии худоро дорад. Мо аз покизагии худоӣ ба зиндагӣ сар мехалонем. Зндагӣ пур аз таассуб, пур аз мубориза аст,  ва ин таассубҳоро аз кӯдакӣ ба сари мо бор ва ҳатто нигоҳи моро ба зиндагӣ манфӣ мекунанд то дараҷае ки мо ба зиндагӣ бо хашм, бо рашк, бо кина дохил мешавемва ҳамаи инро чун кундаҳои бузурги пеши по афтода… ва зиёие ки ҳамин кундаҳоро шинохтааст зиёӣ аст… яне ба дараҷаи зиёӣ расидааст ӯ худро ба шустан оғоз мекунад. Ва табиист, ки мулло низ агар саҳнаҳои даруни худашро дида сар кунад ӯ аз минбар баромада воизӣ намекунад, агар воизӣ кунад ҳам ӯ тарғиби кушодани андешаи нек мекунад ва кушиши кушудани андешаи некро дар вуҷуди инсон мекунад

-Мулло ҳам ҳолати рӯҳонии инсонро тағйир медиҳад, онҳоро ба ҷанг намехонад, ба ҷиҳод намехонад…

-Бале . Аммо, муллои воқеӣ, ки низ 1 дарсадист, на муллои 99 дарсадӣ. Ин мулло ҳам ба биниши рӯҳонии худаш нав оғоз кардааст, ва дар зинаи оғоз воизӣ кардан раво нест. ӯ аввал худашро кашф мекунад, ба ҷиҳоди дарунии худаш оғоз мекунад, баъд ба гӯшаи хомӯшӣ меравад ва аз гӯшаи хомушӣ ба пахш кардани нури зебоӣ сар мекунад. Ҳам зиёии ҳақиқӣ, ҳам муллои ҳақиқӣ… ду нур аз ду тараф ба пахши нури зебоӣ шурӯъ мекунанд…

-Имрӯз дар дунё кашмакашиҳои давлатҳои ба ном Исломӣ давом дорад.  Мисол ташкили ДИИШ, ки ҷавонони гумроҳи мо дар он меҷанганд, мисоли он буда метавонад. Муллои тоҷик дар ин давра чӣ кор бояд кунад?

-Муллои тоҷик ҳам ранги  мутаассибони дигари дунё аст. Ин ҷангҳо ҷанг байни таассубҳост. Фарқ надорад, ки таассуб аз давлати демократӣ сар мезанад ё аз давлати динӣ…таассуб таассуб аст, чуноне ки рӯҳоният рӯҳоният аст. Маънои  таассуб кӯр аст. Ҷанги қӯрҳо аст дар дунё. Аз ибтидои олам ки кӯрҳо бо ҳам меҷангро оғоз меҷанганд ва маълум нест ки то кай меҷанганд.

-Гуфтед, ки бешак муллои тоҷик ҳам мисли дигар муллоҳои таассубкор аст, оё ин таассубҳо ба Тоҷикистон хатар мезоянд?

-Таассуб ҳамавақт хатар мезояд, хоҳ дар Амрико бошаду хоҳ Лондон. Таассубро ҳамеша шамшер кашида аст, ва шамшераш ҷаҳл аст. Ва ин ҷаҳл ҳамеша кӯркӯрона шамшер мезанад.

-Устод имрӯз миёни 99 дарсадиҳо ва гоҳ-гоҳ 1 дарсадиҳо баҳси шадиде давом дорад. Инҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шадаанд: дингароён ва дунявиназарон. Агар мо пурра ба аҳдофи ҳарду назар кунем, онҳо андешаҳошонро ба иғроқ мебаранду арзишҳои миллӣ қариб аз миён мепарад гирифта намешаванд. Шумо тарафдори кадомед ва чӣ андеша сари ин мушкилӣ доред?

-Ин ду қувва ба таври равшан ҳамон ду қувваи ботинии худро дуруст нашинохтанд, саҳнаи муборизаи даруни худро надидаанд. Бинобар ин ин ду қувва мехоҳанд саҳнаҳои андеша, ният ва мақсадҳои дунявиашон дар саҳнаи зиндагӣ, рӯйи замин ҷорӣ бошанд ва хуни бегуноҳон ҷорӣ мешаванд… Ман барои шумо як мисол меорам, аз Фирдавсӣ. Ӯ дар асри 10 чи гуна мешиносад, оромиии дунёро созиш кардани динҳоро…

Дигар он ки диди ту карбоси нағз,

Гирифта варо чор покизамағз.

На карбоси нағз аз кашидан дарид,

 На омад сутуҳ он ки онро кашид.

Ту карбосро дини Яздон шинос,

Кашанда чаҳор омад аз баҳри пос.

Яке дини деҳқони оташпараст,

Ки белож бар саш нагирад ба даст,

Дигар дини Мӯсо ки хонӣ Ҷуҳуд,

Ки гӯяд ҷуз инро набояд сутуд,

Дигар дини Юнонӣ- он порсо,

Ки дод оварад дар дили подшо,

Чаҳорум зи тозӣ яке дини пок,

Сари ҳушмандон барорад зи хок,

Ҳаме баркашанд ин аз он, он аз ин

Шавад он замон душман аз баҳри дин.

Аз ин пас биёяд яке номдор,

Ки дашти саворони найзагузор.

Ба ин саволи мо Фирдавсӣ ҳазор сол пеш ҷавоб додаст. 15 сол пеш аз ин ман барои сӯҳбат барои маҷаллаи «Дарё» рафтам пеши рӯҳонии католик. Он рӯҳонӣ ба ман як гапи аҷиб гуфт. Гуфт ки имрӯз шумораи мусулмон 2,7 млрд.  Насрониву католик 1,5 млрд. Шумораи мусулмон 200 млн зиёд аст. Барои он ки ин динҳо ба созиш биёянд бояд шумораи  пайравони ин динҳо баробар шавад. Бинобар ин ситезаҳо ба роҳ даромадааст . 1000 сол пеш Фирдавсӣ чӣ мегӯяд, баъди 1000 сол як нафар рӯҳонӣ чи мегӯяд, ва имрӯз чи вазъият аст!?

Дини Ислом, ҷавонтарин дин аст. Ҷавон, ки ҳаст албатта меҷӯшад.   имкони шинохтани табиати ин динро ҳам инсоният кушодааст. То даме ки ҷавон аст, хунаш дар ҷӯш аст.

-Яъне, ҳар ҷизе ки дар дунё ҳаст алоқаманд  ба организми инсон, аст?

-Бале,  исломиён, мусулмонҳо низ бояд ба зинаи миёнсолии андеша, бароянд ва шинохта сар кунанд, ки ин ҷӯшишҳо дар онҳо аз чист? Ва ин ҷӯшишҳо бештар оё кӯркӯрона аст ё биноёна? Яъне дар кашфи даруни худ оромиш пайдо кунанд ва шинохтани дарунии худро сар кунад. Ин оромиш ҳам ба ҷомеаи мо таъсири хуб  мекунад, ҳам ба ҷомеаи дунё.

-Устод, барои чӣ тамоми ҷомеаи ғайриисломӣ аз Ислом ва мусулмонон ҳарос доранд?

-Чунон ки як мӯйсафед аз як ҷавони каламасти ба андешанарасида метарсад, ҳамингуна аст. Онҳо миёнсолоне шуданд, ки бо кашфиётҳои бисёр зебо,  ба инсоният бисёр хизмати зебо карданду мекунанд. Масалан, мегӯянд, ки компютерро Юнониён дар асри 10 кашф карда буданд, аммо барои он ки компютер ба амал сар кунад ҳамон зинаҳои то имрӯз паймударо ҷомеа дар 1000 сол тай зад. Ин солҳо кашфиётҳои назаррас тай шуд, намунаи олиаш ин қувваи барқ аст. Агар қувваи барқ набошад  компютер ба кор намедарояд. Яъне инсоният заминаи ҷорӣ шудани як кашфиёти асри 10-ро баъди 1000 сол ёфт, инро киҳо карданд? Гаравандаҳои динҳои миёнсол!  Яъне, онҳо илмро, илми офарандаро дар паҳлӯйи рӯҳонияташон монданд ва кашф карданд,  қувваи некро. Мусулмони ҷавон бояд дидани навро оғоз кунад, шинохти навро оғоз кунад ва муносибати солимона карданро омӯзад. Ин ки ҷавон  метавонад муносибати носолимона, ношинохта,  кунад, он миёнсоли андеша метарсад.

-Яъне, имрӯз исломигароёну Ислом бештар ба эҳсос, ба бозую ба қувва такя дорад на ба рӯҳу равон?

-Бале!

-Ислом ба зинаи шинохт ҳоло нарасидааст?

-Бале! Дуруст аст. Он миёнсолон бо такя ба илми дақиқ, қудратҳои бисёр азим расидаанд, ва хурдтарин давлате ки гаравандаи онҳоянд, агар аз ин нерӯйи илмӣ, яъне  яроқҳое ки ин қувваҳо доранд, истифода кунад, агар аз даричаи ҷаҳл биёяд ҳамин  2,7 млрд мусулмонро, метавонад хокистар кунад. Ин ҳам дар чанд дақиқа. Ин ҷо бояд ин ҷавон андеша кунад, ки бо чи қувва мубориза бурда истодааст, оё танҳо қувваи ҷоҳилияташ мерасад бо он қувваи дақиқи илмӣ ки қудрати ҷисмонӣ гирифтааст?  Албатта наметавонад!

-Як замон ба чанд суханҳои шумо чеҳраҳои шинохта ва сиёсии кишвар- бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар хашм шуда, ба шумо тариқи ВАО ҷавоб гардонда буданд. Аслан ин қазия чӣ буд ва давоми он чӣ шуд?

-Дар маҳфили Диалоги онҳо суханронӣ карда, дар ҳафтаворҳо , тариқи суолу ҷавоб аз Қуръон далел овардам, ки дар Қуръон омадааст:  «Муҳаммад аз Худо мепурсад, ки оё ман метавонам, каси дигареро кофир гӯям, Худо мегӯяд на, ин кори охират аст, ва ин кори ман аст ва касе ки нафари дигареро кофир мегӯяд худи ӯ кофир мешавад, зеро ӯ худро ба ҷойи ман ба ҷойи Худо гузоштааст». Ман ин суханҳоро ба чоп додам. Ин ба чопдиҳӣ бар он маънӣ буд, ки авоме ки аз паси сухани ин се бародар ранги дарё равона буданд, андеша кунанд, ки ин се воиз дуруст мегӯянд ё Қуръон? Ман бовар дорам, ки ин ҷомеаро як дараҷа ором кард.  дар баҳс ман аз онҳо кам набудам, зеро дар олами ислом 99 дар сад ҳамингуна қабули авомона доранд, сӯҳбату суханрониҳоям онҳоро низ дар назар дошт, яъне ба шахси ин се бародар бо хомушӣ худ ҷавоб гардондам.

-Бо вуҷуди он ки Шумо ояҳои Қуонро овардед ва гуфтед ки  кофар гуфтан мумкин нест, аммо боз ҳам шуморо кофар мегӯянд, ҳатто чанд рӯз пеш вақте шумо меҳмони маҳфили «Ҷаҳони андеша» будед дар сомонаҳои интернетӣ гуфтанд ки Зиё Абдулло кофар буданашро солҳо пеш иқрор карда буд. Ин ба шумо чи таъсир мерасонад?

-Ман аз он суханҳо ба саҳнаҳои дарунии худам бармегардам. Даруни ман саҳнаҳое ҳаст, ки саҳнаи вайҳо  кӯдакона метобад.

-Дар бораи дину диёнат, сухан рафт. Мегуфтед ки аз нигоҳи шумо дин чӣ аст?

-Ин калима калимаи Авастоӣ буда маънои виҷдонро низ дошт, маънои рӯҳи покро дорад. Азбаски инсон заиф аст ва он зебоиро шинохта натавонист, маънои ин калима яъне динро ба маънои таассуб расониданд. Дар Ғарб ҳам бар зидди мутаассибони рӯҳони муборизаҳои шадид бурдаанд. Авом ҳамеша дар зулмот аст ва зиндагии рӯшанро намедонад. Мисоли ин дар инқилоби Фаронса. Инқилбчиён зиндониёнро озод карданд. Қисми зиёди зиндониён баргашта омаданд ба зиндон. Аз онҳо пурсиданд, ки чаро шумо баргаштед? Онҳо гуфтанд, ки мо дар берун зиндагӣ карда наметавонем, яъне роҳи зиндагӣ дар миёни мардумро гумм кардаем. Дар ин ҷо бо як кафлес ғизое медиҳанд зиндаем, мо омадем ки зиндагӣ моро ба гуруснагӣ накушад. Барои ин ки мо аз зиндагӣ намирем, омадем ба гӯристон, ки зинда бимонем… Аз кӯрии авом мутаассибони динӣ ҳамавақт, истифода мекарданд, касеро мехостанд кофар мегуфтанд. Ва авоми бадбахт низ, тӯда-тӯда давида сангсор кардан мегирифт. Мисли инро, мутассибони сиёсӣ ҳам мекунанд.

-Ҷомеаи Тоҷикистони имрӯз низ дар зиндон қарор доранд?

-Бале, авом ҳамеша дар зиндони таассуби худ қарор дорад? Муллоҳо ҳам аз ҳамин авом баромаданд ва аз ҳамин зиндонанд.

-Яъне, муллоҳо ҳам авоманд?

-Бале, муллоҳои авом. Қисми зиёди зиёиён ҳам. Ҳатто агар,  зиёӣ авоми бесавод мебуд, ҳам ба худаш ҳам ба ҷамъият бештар манфиат мерасонид, аммо вақте ин авом зиёии чаласавод шудааст, ӯ ҳам ба худ ҳам ба ҷомеа зиёдтар метавонад зарар расонад. Барои ҳамин ҳам ман гуфтам: вақте ки зиёӣ саҳнаҳои ботинии худро ба дидан сар мекунад, он вақт оғоз меёбад равшанфикрӣ. Ин хело душвор аст барои ин ӯ бояд аз кӯдакӣ барои шинохти ботини худ омодагӣ бинад ё омода созанд.

-Яъне андешаи Муҳаммадҷон Шакурӣ  дар мавридаи «зиёии деҳотӣ»,  ва «зиёии шаҳрӣ»  дуруст аст?

-Бале. Мухтасари ҳамин мақолаи дурударози муаллим Шакуриро ман дар соли 1992 пеш аз муроҷеатнома пешниҳод карда будам, ки пойтахтро ба Хуҷанд кӯчонанд ва ба далелаш ҳамин «андешаи деҳотӣ» ва «зиёии шаҳрӣ» асос оварда будам. Ин навиштаи ман як сархат буд ва ман  гуфта будам:, вақте ки мо аз деҳот ба шаҳри қадима меоем ранги чармем, ва шаҳри қадима аз мо, ранги усто мехоҳад, пӯстини зебо ё туфлии зебо созад, яъне моро аз дарун ҳамин гуна зебо кунад, барои ин ки шаҳри қадима дар давоми садсолаҳову ҳазорсолаҳо худро зебо кардааст ва метавонад. Аммо Душанбе, ки шаҳри ҷавон аст, мо аз ҳар тараф омада дар гӯлӯйи Душанбе дар мондем, барои он ки Душанбе аз шаҳрҳои дигар ҷӯйи маданиятро кашад, мо каме бояд онро сабук кунем. Яъне мо камтар даъвою шаттоҳӣ мекунем, ки «Оҳ ватани ман аз ҳама зебо», «Хори Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», ин воҳима аст, ин як эҳсосбозӣ аст. Шумо як бор аз оинаи нилгун ба берун назар кунед, ки мардум чи гуна шаҳрро доштанду доранд ва он шаҳрҳо то ҳол зиндаанд, чаро мо ду ходаи азонгӯйиро аз он шаҳрҳои зебо, аз он ҳунарҳои зебо, ки бо заҳматҳо, бо талошҳои зебо ва бо қувваи сафед сарф карда сохтаанд хор ё безеб гӯему чордевори худамонро зебо? Ин гӯл задании авом аст, ин авомро авомтар сохтан аст, яъне ғуломи ғуломи тапа-тайёри мутаассибон сохтан аст.

-Устод Бозор Собир, дар як суханронӣ гуфтанд, ки шоирони тоҷик дар ду давра зиндагии хуб доштанд, замони Сомониён ва Шӯравӣ. Имрӯз чӣ?

-Инҳоро ҳам тақсим мекунем ба 1% ва 99%. Ва 99 % ҳамавақт аз ҷабри зиндагӣ, аз ҷабри ҷомеа, аз ҷабри ҳокимони чунин ҷомеаҳо нолидаанд. Ва он 1%  ҳам нолиддааст ва бадтар аз онҳо нолидааст, ба хотири он ки ҳамон сафедии бузург, неруи сафедии бузург ба онҳо кам расидааст. Инро ки шинохтед, зуд дармеёбед, ки кадом адиб дар кадом гурӯҳи инҳо шомиланд, адиби авом ё фард, аз рӯйи он ки устод Бозор то ҳоло аз мардуму сиёсат меноланд, аз ин ақида меноланду ақидаи дигаррро парчам мекунад, фаҳмидан мумкин аст, ки он кас дар кадом гурӯҳанд.

-Дар маврди гуфтугузорҳои ИН бо матбуот хабар доштагистед, чи андеша сари ин баҳсҳо доред?

-11 сол аз ин пеш як нафар рафиқам аз боло (зеро аз бозиҳои поён хабар дошт), вақте ки китоби «Лоластон»-и ман баромад, гуфт: «ба ҷоизаи давлатӣ арзанда аст, пешниҳод кун, аз боло дастгирӣ мекунем». Ман гуфтам, ки ҳоло пешниҳод намекунам, зеро давлати мо нав аз ҷанг баромад ва харобии иқтисодӣ дорад. Дар ин ҳол дидаву дониста хезаму гӯям ки мана ман ин китобро навиштам ба ман ин қадар мукофот те, ин як навъ гадоӣ аст, ки зеби худ намебинам. Баъди 10 сол китоби «Ҷоми Симурғ»-ро пешниҳод кардам, ба хотири он ки нигоҳи адибонро дарёбам ки назари онҳо ба шахси ман аст ё ба эҷоди ман аст, ё назари  онҳо то куҷо рушд кардааст. Ба ман гуфтанд, ки танҳо ду нафар овоз додаст. Оё садои норизоӣ баровардам? Не! Вақте  ки ҳама чизро зебо ва табии ва шинохта қабул кунед, на худатон асабӣ мешавед, на ҷомеаро дар ғазаб меоред. 99 дарсад лабрези ғазабанд…

-Шояд роҳи нашинохтани нерӯйи сафед аст, ки баъзеҳо аз озод будани сухану бесарҳад шудани марзи сухан, сӯйистифода мекунанд. Бархе даъво мекунанд, ки зиёда аз классикони мо гомосексуалист буданд ҳатто дар Эрон Сируси Шамисо китобе навишта бо номи «Шоҳидбозӣ  дар адабиёти тоҷик» …

 -Боз аз даричаи 1 ба 99 меоем. 1 %-и ки мегӯем, аз Рӯдакӣ сар карда то Мавлавӣ, шоирони Орифанд  инҳо вақте  зебоӣ мегӯянд зебоии худоиро дар назар доранд, зебоӣ ҷинс надорад. Вақте Зардушт Худоро мебинад зебоиро мебинад. Аз диди ин орифон, ки онҳо ин зебоиро дидаанд, ва бояд барои фаҳмидани онҳо ба дараҷаи онҳо ба дарки зебоӣ, рамзу розӣ сухан расем. Ин орифон вақте ки соқӣ мегӯянд, Худоро дар назар дорад, гул мегӯяд Худоро мебинад, Юсуф гӯянд худро мебинанд, Зардушт гӯянд Худоро мебинад, аммо инҳо ин зебоиро ба ҷисм мубаддал кардаву фаҳмиданд.  Вақте ки Рӯдакӣ «Эй писар…» мегӯяд муроҷеаташ ба соқӣ аст, пеш киро соқӣ мегузоштанд? Соқие ки дар нишастҳо интихоб мешуд  дигар аст, соқии базми орифон дигар. Оё ҷомеа иҷоза медод, ки ягон зани зебо омада дар ҷомеи орифон соқигӣ кунад? Базми орифон ба рестарани имрӯзаи мо шабоҳат надошт… инро он муҳаққиқи эронӣ нафаҳмидаст.  ва ин 99 % онро бод додаст. Дар ин ҷо устод Бозор омаду дар ИН бод дод ва Устод Аскар дар матбуот …

-Имрӯз аз нигоҳи шумо дар Тоҷикистон мавҷудияти ҳизби Исломӣ маънӣ дорад? ва аз назари шумо лозим аст дар давлате ки намояндагони дигар динҳо низ ба сар мебаранд танҳо як дину намояндагони як дин ҳизб дошта бошанд?

Ба наздикӣ барои «Адабиёт ва Санъат» як силсила шеър бурдам. Дар он байн як байт ҳаст. Ки ин аст:

Ҳинду ба саду як дин созишгару хушбин аст,

Моему ба дини худ, дар ҷанг чи садсола…

Ҷомеи бузурги Ҳинд дуруст шинохтааст, ё мо?  Албатта Ҳинд! Ӯ ба роҳи созиш бағал кушодааст. Чуноне баҳиён мегуфтанд, ки замин ранги глобус аст ва Худо дар болои ҳамон глобус меистад ва динҳо хатҳоеанд,  ки ба нуқтаи боло пайвастанд, бигзор ҳамаи динҳо ба якдигар халал нарасонда, ба ҳамон нуқтаи боло, ба сӯйи ҳамон худои ягона роҳ паймоянд, вақте ба боло мерасанд мебинанд, ки ҳама ба як Худо расидаанд, мисли Симурғи Аттор.  Шумо бубинед мусулмонони мо баҳоиёнро ҳам кофир гуфтанд яъне тангназарӣ сабаби ҷаҳлу ҷаҳолату ҷангу хунрезӣ ва авомсозии ҷомеа мегардад. Хар қуввае ки ба авомкунии ҷомеа меравад он кувваи сиёҳ аст қувваи роҳгумзании инсонҳо. Мо дар рӯйи як заминем бояд созиш карданро ёд гирем. Ин ҳам як роҳи демократия аст.

-Яъне, Шумо зидди андешаҳои онҳоед, ки мехоҳанд дар ҷомеаи сирф динӣ ё сирф Исломӣ зиндагӣ кунем?

-Агар Исломро ранги Исломе шиносанд, ки Фирдавсӣ, Аттор, Хайём, шинохтааст марҳамат, ҷомеаи исломӣ созад. Аввал исломро шинос баъд ҷомеаи исломӣ бисоз. Ин ҳам мисли Сотсиализм мешавад, яъне онҳое ки инқилоби сотсиалистӣ карданд гумон доштанд,  ҷомеаи сотсиалистӣ ҳам месозанд. Вале ҷомеае, ки ҳазорсолаҳо даруни дарёи дурӯғ, фиреб, зулм ва ғ. шино кардааст, дар андак муддат сотсиализмро шатаки по кард ва лояшро ба қолаби дурӯғи фиреби худ зад.

-Дар охир мехостам бифаҳмам, ки чӣ аҳвол доред? Чӣ зиндагӣ доред?

-Шукр зиндааму зиндагӣ дорам, бо маоши нашриёт… аз касе норизо нестам…

-Саломат бошед.

-Хонаобод бошед.

Сӯҳбатнигор Одили НОЗИР

«Тоҷикистон» №52, 2014

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

19 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *