Зиёд шудани истеҳсол ва воридоти орд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор тонна орд тавлид шудааст. Инчунин дар ин муддат воридоти ин маҳсулот низ афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфти Қурбонзода, дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон 263,7 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбати соли гузашта 28,7 ҳазор тонна ё худ 12,2 дарсад зиёд мебошад.

Арзиши умумии орди истеҳсолшуда 850,2 миллион сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон аз хориҷа низ дар ин муддат афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 38 ҳазору 485,8 тонна орд бо арзиши умумии 12 млн 152,8 ҳазор доллар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17305,1 тонна ё худ 81,7 дарсад бештар аст.

Нархи миёнаи як тонна орди воридотӣ 316 долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 19 доллар камтар шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар бозори воридоти орд ба Тоҷикистон 28 ширкат фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии орди воридотӣ 80,68% ба Қазоқистон, 19,05% ба Русия ва 0,27% ба Ӯзбекистон рост меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *