Зиёда аз 1000 сокини осоиштаи афғон ба ВМКБ рехтанд
Сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Ғолиб Ниятбеков рӯзи 7 июл хабар додааст, ки беш аз 1000 гуреза аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба ин тарафи дарёи Панҷ, ба ВМКБ фирор кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки ҳамаи онҳоро дар маконҳои амн ҷо ба ҷо кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи раиси вилоят, аксари гурезаҳоро занону кӯдакон ва солмандон ташкил медиҳанд, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳанӯз ду ҳафта қабл бо изҳори нигаронӣ аз шадид шудани вазъият дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳушдор дод, ки Бадахшони Тоҷикистон бояд ба қабули то 10 ҳазор гуреза аз он сӯи Панҷ тайёрӣ бинад. Бахши аъзами аҳолиро ҳам дар Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам дар Бадахшони Афғонистон пайравони мазҳаби исмоилӣ ташкил медиҳанд.
Маъмурияти ВМКБ хабар дод, ки рӯзи 6 июл раиси вилоят Ёдгор Файзов масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро дар мулоқот бо роҳбарияти комисарияти Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бехатарӣ, дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба макони зист баррасӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ