Зиёдшавии кишти пахта аз ҳисоби заминҳои партов
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон аз ҷумла иттилоъ дод, ки то 21 июни соли 2017 майдони кишти пахта дар 172 ҳазор 684 гектар муайян карда шудааст, ки назар ба дурнамои кишти ин зироати агротехникӣ 241 гектар зиёд мебошад.
-Майдони кишти пахта аз ҳисоби азхудкунии заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо зиёд карда шудааст, — гуфт Р. Аҳмадзода. –Умуман, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо 3463 гектарро ташкил додааст. Дар 5 соли охир майдони 2170 гектар заминҳои партов кам гардида, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҳама беш дар вилояти Хатлон майдони 3405 гектарро аз ҳисоби заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ фаро г ирифтаанд. Дар вилояти Суғд ин нишондод ҳамагӣ 58 гектарро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ