Зиёфат дар бустонсарои ҳукуматӣ

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон ба ҳайси мизбони нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳамтоёни худро аз Русияву Қазоқистон, Узбекистону Молдова, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларус ва, инчунин, нахуствазири Арманистон зиёфат дод.

Онҳо шоми 27-уми сентябр дар бӯстонсарои ҳукумат аввал рафи меваю сабзавоти Тоҷикистонро дида, сипас, сари мизи хӯроки шом нишастаанд.Дар аксҳое, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, Эмомалӣ Раҳмон дар алоҳидагӣ бо Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин дар ҳоли суҳбат тасвир ёфтааст. Аммо мавзӯи гуфтугӯи онҳо ошкор нашудааст.Қаблан Кремлин гуфта буд, ки дар дидори ғайрирасмии шоми 27-уми сентябр бисёре аз масъалаҳо, аз ҷумла масоили “ҳассос” баррасӣ хоҳад шуд.Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аслан ба ин масъала дахл накарда, зиёфатро анъанаи меҳмондорӣ тавсиф кардааст. Манбаъ мегӯяд, “меҳмонҳо ба сифату таъми ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд”.“Аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳо содиротӣ буда, кишвари мо омодааст, бо кишварҳои ҳавасманди аъзои ИДМ ва давлатҳои дигар ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд”, — афзудааст хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.Сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 28-уми сентябр дар Душанбе сари мизи корӣ нишаста, аз мушкил ва пешрафтҳо хоҳанд гуфт. Қарор аст, дар ин нишаст 16 масъала, аз ҷумла мубориза бо терроризм баҳс шавад.Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 27 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари Шӯравии собиқ таъсис ёфта буд. Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *