Зиёфати хунин

Дар Хуҷанд «як пиёла чой» боиси марги ҷавонмарде гашт

Шишаи арақ гунаҳкор ё деги ош?

Дар бораи ин фоҷиаи хунин, ки шоми 20-уми ноябр дар вилояти Суғд рӯй додааст, сару садоҳо хеле зиёд буданд. Яке мегуфт, ки ҳамдеҳагон бо ҳамдигар як пиёла чой нӯшиданӣ шудаанду дар сари табақи ош гапашон гурехта, баҳсу мунозираашон бо куштор анҷом ёфтааст, дигарӣ иддао мекард, ки қотилу мақтул маст будаанд ва дар марги ин ҷавонмард шишаи арақ гунаҳкор аст, саввумӣ ин андешаро рад карда, ҳадс мезад, ки ин куштор кори дасти як нафар набуда, қотилон нақшаи аз миён бардоштани ҷавонро пешакӣ кашидаанд ва зиёфат доме будааст барои ба чанг афтонидани «сайд» ва қасос гирифтан. Хулоса, ҳодиса яктову тахмину гумон садто буд. Аз ин лиҳоз барои сабаби асосии ин фоҷиаи хунинро фаҳмидан мо ба ҷойи ҳодиса сафар намуда, бо пайвандони марҳум ҳамсуҳбат шудем.

 Ҳабиба:

Ғами фарзанд модарамро мекушад

Баробари аз дарвоза даромадани мо овози гиряву нолаи ҷонсӯзи пайвандони марҳум ба фалак печид. Садои яке аз занҳои азодори дар сар рӯймоли сафед партофта нисбат ба дигарон хеле баландтар буд ва чунон бо дард менолид, ки дили санг ҳам аз нолаҳои зораш об мешуд. Гиряи пурдарду алами занро шунида гумон кардем, ки модари фарзандгумкарда аст, вале баъдтар маълум шуд, ки ӯ на модар, балки хоҳари марҳум будааст. Пас аз хеле гириста дилашро каме холӣ кардан, зан моро ба хона таклиф кард ва аз мақсадамон воқиф гашта гуфт:

-Модарам касалии дил доранд. Духтурҳо таъкид карда буданд, ки ба он кас ғам хӯрдан мумкин нест, чунки дилашон тоби бардоштани дарду аламро намекунад. Аз ҳамин сабаб мо ҳанӯз фоҷиаи ба сари бародарам омадаро ба модарамон нагуфтаем. Метарсем, ки модарам ба марги ҷигарбандаш тоб наоварда дилкаф мешавад…

-Марг чизе нест, ки онро як умр пинҳон дошта шавад, хоҳ-нохоҳ рӯзе модаратон ҳамаашро аз забони мардуми ҳангоматалаб мешунавад. Магар беҳтар нест, ки асли гапро аз забони худи шумо фаҳмад?

-Ин гапатон ҷон дорад, вале ман ҳам чандон аз асли ҳодиса хабар надорам. Фақат ҳаминашро медонам, ки бародарамро куштанд. Бисёр бераҳмона куштанд!

-Ин ҳодиса кай ва дар куҷо рӯй дод?

-Бародарамро бегоҳи 20-уми ноябр дар ҳамин маҳаллаи худамон дар пушти чойхона ваҳшиёна зада куштаанд, вале мо аз сар задани фалокат бехабар дар хона нишаста роҳи ӯро мепоидем.

-Мегӯянд, ки ҳамон рӯз додаратон арақи бисёре хӯрда сахт маст шудааст ва дар сари мастӣ бо Собирҷон ном ҳаммаҳаллаатон ҷанҷол карда, ӯро дашному ҳақоратҳои дағал додаасту онҳо даст ба гиребон шудаанд ва ҳамин моҷаро боиси сар задани ин ҳодисаи нохуш гаштааст. Ин гуфтаҳо ягон асос доранд?

-Ҳамон рӯз қарибиҳои бегоҳ бародарам бо табъи хуш ва ҳушёр аз хона баромад. Ягон зарра шароб нанӯшида буд. Табъаш хуш ва димоғаш чоқ буд. Аз ман пурсид, ки чиҳо харида биёрам. Маҳсулоти лозимиро гуфтам, бародарам ҳамаашро навишта гирифта бо лабони пурханда аз дар баромад. Мо дар хона баргаштанашро интизор шуда бехабар мондем, ки бародарам дар кӯча зери мушту лагади номардонаи писару падар қарор гирифта, бо марг даста ба гиребон аст…

-Бародаратон аслан шароб менӯшиданд ё не?

-Пинҳон намекунам, баъзан кам-кам менӯшид, вале майзада  набуд. Ягон бор маст шуда бо касе даст ба гиребон нашудааст. Ман сад дар сад боварӣ дорам, ки рӯзи ҳодиса бародарам маст набуд ва касеро дашному ҳақорат надодааст, чунки вай аслан одами ҳақоратчӣ набуд. Нӯшида ҳам ба ягон кас зиён намерасонд, баръакс ҳазлу шӯхӣ карда ҳамаро механдонд. Қотилон барои сафед кардани худашон ин гапро бофта баровардаанд, ки гӯё бародарам маст шуда, онҳоро дашному ҳақорат додааст. Умедворем, ки ин баҳона онҳоро халос намекунад ва барои ҷинояти содир намудаашон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

 Бобоҷон:

Майнаи сари додарамро пош додаанд

Додарам солҳои 90-ум дар мақомоти милиса кор карда, барои пойдор гаштани сохти конститутсионӣ дар солҳои 90-ум хизмат мекард, вале падарам бемор шуданду маҷбур шуд, ки тарки вазифа намояд. Хотири падар вай аз баҳри ҳама чиз гузашта, падарамро нигоҳубин мекард, то қарзи фарзандиашро адо намояд. Фарзандонашро бо нони ҳалол калон кард, вале қотилон риштаи умрашро бераҳмона бурида, имкон надоданд, ки роҳати фарзандро бубинад. Мурдаи додаракамро худамон шустем. Бовар кунед, коре, ки онҳо дар ҳаққи бародари бегуноҳи ман кардаанд, ҳатто дарранда намекунад. Дасту пойҳояшро зада шикастаанд, майнаи сараш тилим-тилим шудагӣ, дар сӯрохии сараш дасти одам бемалол медаромад. Магар як кас дар танҳоӣ метавонад одамро ба ҳамин дараҷа расонад?  Не, ин кори дасти чанд нафар аст, вале ҳама гуноҳро ба сари як бачаи ноболиғ бор карда, дигарон аз об хушк баромадан мехоҳанд. Имрӯз омада падари он бачаро ҳам бурданд, умедворам, ки ҳомиёни қонун мӯйро аз хамир ҷудо карда, гунаҳкоронро ҷазои сазовор медиҳанд.

 ШАҲОДАТ:

Наход одам ин қадар бераҳм шавад?!

«Дар ҳақиқат коре, ки онҳо нисбати Набиҷони мо кардаанд, ягон ҳайвони дарранда намекунад. Наход одам то ҳамин андоза бераҳм шавад, ки майнаи сари ҳамзоти худашро пош диҳад?»-Бо сӯзу гудоз аз бераҳмии одамизод шикоят намуд зани тағои марҳум Шаҳодат ва афзуд:

-Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, номардона Набиҷонро кушта, боз  “актёрӣ” карда, мурдаро ба хона оварда худро “ғамхор” нишон доданӣ шуданд. Агар ба ҷойи айби худашонро рӯйпӯш намудан онҳо сари вақт лаҷоми аспи ҷаҳлашонро мекашиданд, шояд як баҳси одӣ то ба куштор намерасонд…

 Мадина:

Мурдаи падарамро қотилон ба хона оварданд

Духтари марҳум Иброҳимҷон-Мадина он шоми наҳсро бо дарду алами ҷигарсӯз ба ёд оварда чунин қисса кард:

-Ҳамон шаб падару писар падари ба хун оғуштаамро ба хона оварданд ва худашонро ҳамсояи ғамхору меҳрубон нишон дода гуфтанд: «Бубин падаратро чӣ кор кардаанд! Бечора дар кӯча мурда намонад гуфта, мо ӯро овардем…» Падарам тамоман беҳушу беёд буданд ва аз даҳону биниашон хун мешорид. Аҳволи падарамро дида ҳуш аз сарам парид. Хостам амакамро ҷеғ занам, вале онҳо садди роҳам гашта гуфтанд, ки дар ин бевақтӣ чаро онҳоро нороҳат мекунӣ, саҳар шавад, худашон ҳамаашро мефаҳманд. Ба несту нестонашон  нигоҳ накарда ман амакамро ҷеғ задам. Бечора амакам баробари аз дар даромадан падарамро дар хун оғушта дида, шок шуда монданд. “Набӣ, Набиҷон, чашмота кушо! Ба ту чӣ шуд, охир сип-сиҳат будӣ-ку?! Гап зан, туро кӣ ба ин ҳол расонд?» гуфта, амакам доду фиғон бардоштанд, вале хеле кӯшиш карда бошанд ҳам, падарамро ба ҳуш оварда натавонистанд. Баъд бо умед падарамро ба беморхона бурдем, ки шояд духтурҳо ҷонашро аз панҷаи марг раҳоӣ мебахшанд, аммо…

-Сири қотилон чӣ гуна фош гашт?

-Вақте милисаҳо аз ҳодиса огоҳ шуда омаданд, аввалин чизе, ки аз мо пурсиданд, ҳамин буд, ки ӯро кӣ ба хона овард ва ба мо чӣ гуфт. Падару писар гуфта буданд, ки ҷисми нимҷони падарамро аз назди чашмаи сеюм ёфта овардаанд, вале гурӯҳи тафтишотӣ ба ҷои гуфтаи онҳо рафта ягон осори хуну халафро надидаанд. Ҳамин чиз боис гашт, ки аз онҳо шубҳа карда, атрофи манзилашонро кобанд. Тақрибан 20 метр дуртар аз хонааш пур аз хун буда, аз он шаҳодат медод, ки ин ҳодисаи даҳшатбор дар ҳамин ҷо сар задааст ва қотилони падарам касоне ҳастанд, ки мурдаашро ба хона овардаанд…

 Хонандагони азиз, айни замон қотилон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва мо натавонистем бо онҳо суҳбат карда, сабаби ба қатл расонидани Иброҳимҷонро аз забони худашон дарҷ намоем, аммо модари ҷавоне, ки дастонашро ба хуни одамӣ олудааст, дар ин ҳодисаи даҳшатбор зиёфати “гапхӯрак”-ро гунаҳкор дониста аз масъулин танзим хоҳиш мекунад, ки пеши роҳи чуни нишастҳои сархӯрро бигиранд, зеро чойгаштаку зодрӯзҳо аксаран чунин паёмадҳои нохушро ба бор меоранд….

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *