Зиёиёни хурофотзада
Тайи ду моҳи охир шоир ва донишманди варзида Масъуди Сипанд дар Душанбе буданд ва дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С.Айнӣ ба алоқамандон аз рамзу розҳои Ҳофизи Шерозӣ суҳбат доштанд.
Инак, муҳлати сафарашон поён ёфт ва қабл аз бозгашташон бо эшон суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо менамоем.
-Ҷаноби Сипанд, қарор буд се моҳ дарси Ҳофиз бигӯед…
-Бале. Аммо бо сабаби бемор шудани ҳамсарам бояд биравам…
-Ин сафар чӣ бардоште аз Тоҷикистон доред?
-Тоҷикистон обод мешавад, ки боиси хушнудист, мардум низ аз доми таассуб оҳиста-оҳиста раҳо мешаванд, рушд мекунанд. Бояд ошкор бигӯям, ки кишвари мову шумо – Тоҷикистон як мушкили аслӣ дорад, ки ин ҳам хурофотзадагӣ аст. Табиист, ки вақте ҷомеа пойбанди дину хурофот аст, рушд намекунад.
-Мо қаблан низ бо шумо дар ин маврид суҳбат доштем… Бигӯед, ки чӣ наҳзате дар Тоҷикистон бояд ба вуҷуд ояд, ки мардуми мо аз доми таассуб наҷот ёбанд?
-Бубинед, вақте як себ аз дарахт биафтид, инсон ба худ суол дод, ки чаро он ба осмон на, балки маҳз ба замин афтод ва ҳамин тавр қувваи ҷозибаро кашф кард. Ба ин васила Аврупои хурофотзадаро раҳо кард. То ин дам Аврупо низ дар банди таассуб буд. Диндорон мардумро истисмор мекарданд. Ҳазорон нафар аз бемориҳо мефавтиданд, аммо ходимони калисо намегузоштанд, ки табобат шаванд, балки занони бечораро дар оташ месӯхтанд ва ба ин васила гӯё вабову балоро дур мекарданд. Ин то замоне идома ёфт, ки Аврупо ба худ омад, дарк кард, ки бояд аз варта наҷот ёбад ва бубинед, имрӯз илм, фарҳанг, санъату ҳунар, тиб ва умуман ҳама дар дасти онҳост. Магар намешавад, ки дар давлатҳои исломӣ ва форсизабон кашфиёте кард? Намешавад, ки ин давлатҳо рушд кунанд? Барои ин нахуст бояд аз завлонаи дину хурофот озод шуд. Бубинед, ки ҷомеаи ҷаҳон дар фикри пешрафт аст, аммо мо ҳанӯз ҳам дар атрофи биҳишту дӯзахи ормонӣ мечархему баҳс мекунем. Чаро пайрави Ҳаким Саноӣ набошем, ки мегӯяд: «Бахудо, ки худ худоӣ, агар ба худ оӣ». Аммо мо ҳанӯз ба худ наомадаем. Ҳанӯз ҳам як идда ба ном диндорон моро фиреб медиҳанд ва то ҳадде, ки дар ДИИШ барои манофеъашон меҷангем. Ман модели Амрикоро дӯст дорам, ки барои дин озодӣ медиҳад, аммо тарғиби ақоиди диниро намегузорад. Яъне, ҳар кас хоҳад, намоз хонад, рӯза дорад, аммо ҳақ надорад, ки аз гӯши касе кашола карда, ӯро маҷбур кунад, ки аз паси ман истову намоз гузор…
-Барои тағйир додани афкори ҷомеаи мазҳабӣ чӣ бояд кард?
-Бубинед, ҳама риё, ҳама тазоҳур ва ҳама танаффур дар ҷомеаи мазҳабӣ сар мезанад, зеро дар ҷомеаи мазҳабӣ ҷуз мулло дигар инсон қадр надорад. Дар Эрон охундҳо корҳое мекунанд, ки боиси хиҷолати башарият аст. Ҳанӯз мардуме ҳастанд, ки эътиқодот боиси маргашон мешавад. Масалан, вақте ҳамсарашро дарди таваллуд меояд, ба назди табиб намебарад. Билохира ӯ мефавтад ва шавҳараш ҳам мегӯяд: «Худо чунин хост». Бубинед, ки то чӣ ҳад инсон метавонад кӯр бошад. Барои тағйири чунин ҷомеа бояд фарҳехтагонаш тазоҳур кунанд. Ва нагузоранд, ки афкори мулло дар зеҳни мардум ҷой бигирад. Фикрҳои солим, фикрҳои мудерну пешрафта метавонад ҷомеаро пеш барад, на аблаҳона.
-Шумо ҳар вақт, ки ба Тоҷикистон меоед, бештар бо ҷавонон кор мекунед. Афкори ҷавонон чӣ гуна аст? Оё ба сӯйи ормонҳои шоиста талош доранд?
-Хеле кам. Бечора ҷавонҳо ҳам ҷузъи ҳамин ҷомеаи мазҳабӣ ҳастанд. Ҷавонҳо барои пешрафт омодагӣ доранд, дарк мекунанд, ки ин роҳ онҳоро ба ҳеҷ ҷое намебарад, аммо касе нест, ки бо эшон кор кунад ва табиист, ки онҳо аз пеши худ наметавонанд тағйир ёбанд ё ба чизе ноил шаванд.
-Магар устодони донишгоҳ имкони кумакро надоранд?
-Намехоҳам касе аз ман биранҷад, аммо бештари устодони донишгоҳҳо дар Тоҷикистон хурофотзада ҳастанд. Онҳо худашон мутаассибанд, чӣ гуна метавонанд ҷавонҳоро тарбия кунанд? Дар Тоҷикистон барои пешрафт ҳама имконот ҳаст. Алъон Тоҷикистон аз назари феълу атвор хеле рушдкарда аст. Чун як миқдори тамаддунро русҳо ба ҷо гузоштанд ва фарҳехтагони шумо талош карданд, ки ҷомеаи мутамаддин бисозанд, вагарна имрӯз Тоҷикистон Афғонистон мебуд. Имрӯз бояд ҷавони тоҷикистонӣ иллату маълулро ёд бигирад. Бояд ҷавон бифаҳмад, ки аз ғайб дигар чизе намеояд ва замин ҳам дар шохи гов намеистад. Албатта, барои ин аллакай дар Тоҷикистон замина ҳаст ва Президенти кишвар барои наҷоти мардум аз хурофоту ақибмондагӣ корҳои наҷибе кардааст. Яке аз корҳои неке, ки Раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом дод, Худо ҳифзаш кунад, ба масҷид рафтан ва зери пойи мулло нишастани ҷавонони то 18-соларо манъ кардааст. Ӯ ба ин васила ба ҷаҳони хурофотӣ эълон кард, ки барои кӯдак лозим нест, ки аз биҳишту дӯзах шунавад. Ӯ бояд аз илми муосир бархӯрдор бошад.
-Шумо инро беҳтарин кори Раисҷумҳур мегӯед, аммо ҷомеа онро нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо арзёбӣ мекунад…
-Фақат муллоҳо чунин ҳукм мекунанд. Медонам, ки барои Эмомалӣ Раҳмон бо мутаассибон мубориза кардан осон нест. Аммо вай талош мекунад ва дар ин амали хайр бояд зиёиёни равшанфикру хайрхоҳ дар паҳлӯи ӯ бошанд. Чун ҳама бо ҳам бошанд, муваффақ хоҳанд шуд. Албатта, ман тарафдори нақзи ҳуқуқи инсонҳои диндор нестам. Дар дин чизҳои хуб, ба монанди дуздиву одамкушӣ накунем, интизом дошта бошем ва ҳамдигарро эҳтиром гузорем, зиёд аст. Ман ҷонибдори онам, ки дин як масъалаи сирф инфиродӣ бошад, на афкори умумӣ.
— Ман нуктаи назари шуморо нисбати Ҳофиз медонам. Дар ҷомеаи мо аз Хоҷаи Шероз ҳамчун яке аз пешвоёни дини ислом ёд мешавад. Аммо шумо ба шахсият ва осори Ҳофиз назари дигар доред ва ӯро фаротар аз як инсони пойбанди дин медонед. Вақте ин нуктаро ба донишҷӯён мегӯед, онҳо бо шумо чӣ гуна бархӯрд мекунанд?
— Донишҷӯён ду-се навъ ҳастанд. Баъзе, ки огоҳанд, мепазиранд ва бо ман розӣ ҳастанд. Донишҷӯёне ҳастанд, ки ҷуз сухани мулло китобе нахондааст, бо ман бархӯрду баҳс мекунад. Дар яке аз дарсҳо вақте гуфтам дар ин ҷо Ҳофиз майи ҳақиқиро дар назар дорад, духтаре аз ман суол кард:
-Магар Ҳофиз мусалмон набуд?
Пурсидам, ки чаро чунин суол медиҳад.
-Агар мусалмон буд, чаро май менӯшид? – боз суол кард ӯ.
Ба ақидаи ин донишҷӯ нафаре, ки май менӯшад, мусалмон нест.
-Шунидам, ки яке аз донишҷӯён бо шумо бархӯрди сахт доштааст…
-Бале. Ин донишҷӯи Донишкадаи исломӣ буд, ки қаблан дар Эрон таълим гирифтааст. Ӯ дар масъалае бо ман вориди баҳс шуду аз муъҷизоти ҳазарати Алӣ гуфт. Вай бо ифтихор мегуфт, ки ҳазрат дар як рӯз 700 нафарро қатл кардааст…
Ман посух додам, ки агар 700 нафарро куштааст, кори хубе накардааст. Магар метавонад, қатл боиси ифтихор бошад? Ӯ баъди ин асабӣ шуд. Воқеан, ман дар Эрони шиъамазҳаб, ки ҳазрати Алӣ пешвояш аст, таваллуд шудаву ба воя расидаам ва аз «каромот»-и ҳазрат огоҳам.
Баъдан, он ҷавон аз қиссаи дашти Карбало ва қатли Имом Ҳусайн аз ҷониби фарзандони Муовия ҳарф зад. Ман ба ӯ посух додам, ки як араб бо араби дигар даъво дошту ҷанг кард. Ба ман чӣ? Магар ин аз рӯйи адолат аст, ки мани бечора барои даъвои ду араб 1400 сол бигирям, бо занҷир худамро бизанаму рӯву мӯ биканам? Инсоф ҳам даркор аст.
Дини ислом ба хотире буд, ки арабҳои ҷоҳилро ба ҳам биёрад, ки ҳадди ақал сари ҳамро нахӯранд, ҳол он ки то ҳол мехӯранд. Баъдан, арабҳо бо зӯрӣ моро мусалмон карданд, аммо худашон мусалмон нашуданд. Мо аз онҳо мусалмонтарем…
Баъдан, ин донишҷӯ дигар ба дарсҳо наомад.
-Умуман, як мулло ё як рӯҳонӣ чӣ нақше метавонад дар ҷомеа дошта бошад?
— Бубинед, агар дар ҷомеа духтур, муаллим, қассоб, олим, инженер, хару гову ҳар чизи дигар набошад, ҷомеа гирифтори мушкилот мешавад. Мардум ниёзманд мешаванд. Аммо мулло набошад чӣ? Чизе тағйир намеёбад! Фардо агар тамоми муллоҳои Тоҷикистон мураххасӣ раванд, магар чизе тағйир меёбад? Не! Барои тавсифи биҳишт ва иҳонати дӯзах мо дигар ниёзе ба мулло надорем.
Ин чӣ ҳарфест, ки дар олами
болост биҳишт,
Ҳар куҷо вақте хуше ҳаст,
ҳамон ҷост биҳишт.
-Шумо дар мавриди Тоҷикистон зиёд бо дилсӯзӣ ҳарф мезанед…
-Охир ман Тоҷикистонро дӯст медорам. Ин ҷо ватани ман низ ҳаст. Президенти Тоҷикистонро дӯст медорам. Ман меоям, ки бо ғазалиёти Ҳофиз хирадгароиро тарғиб кунам. Дӯстони зиёд дорам, ки меҳрашон маро мекашад. Агар даъват кунанд, боз дар Наврӯз хоҳам омад. Ман аслан тақозое надорам, зеро ҳамеша аз ҳисоби худам меоям ва аз ҳисоби худам ин ҷо зиндагӣ мекунам. Фақат тақозои ман аст, ки ба ман даъватнома бифиристанду барои чанд муддати будубошам ҳуҷрае таҳия кунанд…
Мусоҳиб Одили НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ