Як дӯстам мегӯяд, ки  аҷабам меояд, чаро мардуми мо  дар ибодат ин қадар намоишро дӯст медоранд?! Ҳар нисфирӯзӣ мардони зиёдеро мебинам, ки ҷойнамоз дар гардан, даҳони аксарият пури носу баъзеи дигар ҳамдигарро ҳақорат дода, ба масҷид мешитобанд…

Ман тарафдори мардони бонамозу ботақво ҳастам, аммо намоиш чӣ даркор?! Азбаски ба гӯяндаи ин ҳуруф эҳтироми вежа дорам, маводи зер рӯйи коғаз омад, яъне ман ҳам чунин андеша дорам…Имрӯзҳо намозхонии худро ба намоиш гузоштан мӯд шудааст, чун чеҳраеро, ки хуб мешиносам (ботинаш бо зоҳираш як нест), бо либосҳои пӯшида рӯйи ҷонамоз дар акс мебинам як ғазали Хоҷа Ҳофиз ба ёдам мерасад… Мегӯянд, ки яке аз машоихи маъруф ва фақеҳи машҳур Имоди фақеҳи Кирмонӣ бо Ҳофиз душманӣ меварзиду ҳамеша ӯро дар назди шоҳ Шуҷоъ сиёҳ карда, душмани ислом меномид. Имод гурбаеро тарбият карда буд, ки ҳангоми намоз хонданаш ҳаракатҳои ӯро такрор мекард. Шоҳ Шуҷоъ инро аз каромоти шайх дониста, эътиқодаш ба вай зиёдтар мегашт. Аммо ин ҳуққабозии шайх аз чашми тезбини Хоҷа Ҳофиз дур намемонад:

Эй кабки хушхиром куҷо меравӣ, биист,

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард…

Ана, ҳамин зудбоварии ирсӣ моро ғуломи муллоҳои чалласавод гардонидааст. Аз касе пӯшида нест, ки сураҳои «Қуръон»-и азиммушаън хусусияти давобахшӣ доранд, шунидани он асабро ором ва тарсро дафъ мекунад, вале онро кӣ бояд бихонад?! Оё даму дуои нафаре, ки барои хондани каломи раббонӣ аз шумо маблағ талаб мекунад, нафъбахшанд?! Барои аёдати як нафар пайвандам ба Маркази бемориҳои дил рафтам, ҳамроҳи ӯ зани солоре бистарӣ буд. Дар моҳи мубораки раҷаб рӯзадор буданамро фаҳмида,  оҷӣ- бибӣ гуфт: «Рӯзаву намозҳоят, духтари ҷун, ба даргоҳи Худованд қабул нестанд. Чунки «итарӣ» мегардӣ» манзури ӯ сарулибосам буданд. Чун пас аз кор ба беморхона рафта будам, рӯсарӣ надоштам, вагарна либоси аврупоии ман пӯшида буду ягон «итарӣ»-гӣ ҳам надошт. Хостам ба ӯ бигӯям, ки ту бо ҳамин гапат гунаҳгор шудӣ ҳоҷӣ-бибӣ, зеро танҳо Худованд медонад, ки намози киро қабул кунаду аз киро не! Вале бо ин зани ҳамсоли модарам баҳсро ҷоиз надонистам. Рӯзи дигар ӯ маро бо духтаронаш шинос кард, ки хонаашон дар шафати ҳамин беморхона будааст, вале баъди чанде рӯйи фарши беморхона пешин хонданд. Шуморо намедонам, хонандагони азиз, вале ман ин ҳамаро зоҳирбозӣ медонам. Инсон намозашро бояд ҷое гузорад, ки ба покизагии он имон дошта бошад… Баъд худи Расули Акрам фармуда:-Ибодат он аст, ки пинҳон бувад… Барои чӣ мо бояд ба ҳама исбот кунем, ки намоз мехонем?! Як ҳамкорам ҳамеша аз ҳамсояаш, ки дар ошёнаи поёнтар аз вай зиндагӣ мекунад, шикоят мекунад. Ӯ  нақл мекунад, ки ин зану шавҳар, ки худро намозхону ботақво меҳисобанд, ҳар субҳ баъди намози бомдод сурудҳои исломӣ гӯш мекунанд. Садои мусиқӣ чунон баланд аст, ки хусури беморам илтимос мекунад, ки назди ҳамсояҳо фаромада талаб кунам, то онро паст кунанд. Ҳамсояҳо, ки ҳамсоли фарзандони мананд, ба ҷойи бахшиш пурсидан маро кофиру номусулмон хонданд. Ин ду нафар ғайри фанду фиребу ҷангу ҷанҷолу ғайбат дигар коре надоранд… Ҷаноби Паёмбар дар ҳадисҳои мубораки хеш фармуда: «Касеро, ки намозаш аз корҳои бад бознамедорад дар шумори мунофиқон аст…».

Гумон мекунам, ки мусулмонӣ дар сатру ҷомаву дастор нест, Худоро ба дил мешиносанду бо ақл эҳсос мекунанд…

Лолаи Саидакбар, махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
ملای ایرانی هم‌جنس‌گرایان‌را نکاح می‌کند (ویدیو)
-->

Ба боло