Зоҳири гӯшлаққа боздошт шуд (Видео)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гузориши видеоӣ хабар дод, ки Зоҳид Нақибов, мулаққаб ба «Зоҳири гӯшлаққа”, як узви собиқи дастаи мусаллаҳи Мулло Абдулло Раҳимов бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои махсусан вазнине, чун куштор, гаравгонгирӣ, роҳзанӣ, диверсия ва қасди анҷоми таркиш дастгир шудааст.
Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии «Сипар – Ахбори ВКД” дар шабакаи телевизионии «Тоҷикистон” аз дастгир шудани боз як узви дастаи фармондеҳи собиқи мухолифин Мулло Абдулло Раҳимов хабар дод.
Зодаи шаҳри Ваҳдат ва сокини деҳаи Регари Турсунзода Зоҳид Нақибов, ки ҳоло 38 сол дорад ва солҳои 1998-2001, яъне аз синни 18-солагиаш узви фаъоли дастаи мусаллаҳи Мулло Абдулло будааст, баъди 16 соли ҷустуҷӯ ахиран аз ҷониби мақомоти раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати дохила (УБОП) дастгир шудааст. Зоҳид Нақибов, ки бо лақаби Зоҳири гӯшлаққа маъруф буд, дар ҷиноятҳои махсусан вазнине, чун куштор, гаравгонгирӣ, роҳзанӣ, диверсия ва қасди анҷоми таркиш айбдор мешавад.
Дар гузориши вазорати дохила гуфта мешавад, ки Зоҳири гӯшлаққа аз ҷумла дар соли 1999 бо супориши фармондеҳаш Мулло Абдулло ҳамроҳи ҳаммаслаконаш сокини деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нуробод Ғаниев Мустафо Абдурасуловичро ба мӯҳлати 15 рӯз гаравгон гирифтаанд: «Дар ин муддат Нақибов Зоҳид ӯро бераҳмона латукӯб кардааст. Пас аз гирифтани 200 ҳазор рубл ва ду сар чорвои калон аз падари Мустафо Ғаниев ӯро озод кардаанд.”
Мустафо Ғаниев ба ҳайси шоҳид дар бораи он рӯзҳо дар ин гузориш мегӯяд: «Маро ба ПМК бурда, дар даруни бушка андохтанд. Азобам медоданд, сангборонам мекарданд, мегуфтанд, ки мо туро сангсор мекунем. Ҳамин Зоҳире, ки ҳоло қапидед ӯро, маро даруни мазори Қулак мебурд, мезад. Қабурғаамро зада шикастанд, ҷоғамро шикастанд. Баъд ҳам суроғи ман ба хонаамон омад. Ман дар масҷид будам, ӯ хитоб ба очаам «бачаат ку” гуфта тир парронд. Очаи бечораам, насибаш будааст, бо шунидани садои тир дар ҳамон лаҳза бандагӣ кард.”
Ҳамин тавр, рӯзи 12 июли соли 2000 бо шариконаш дар роҳи деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод ба тарафи мошини «Нива”-и кормандони милисаи ин ноҳия тир холӣ карданд, ки дар натиҷа кормандони милиса Исмоил Акобиров ва Саъдулло Махсумов кушта шуда, Саймаъруф Сатторов, як мусофири он мошин ҷароҳати вазнин бардошт.
Худи Зоҳири гӯшлаққа низ дар ин гузориши вазорати дохила бо шавқ дар бораи «корнамоӣ”-ҳои даврони «боевик” буданаш қисса мекунад: «Вақте ки таркиш шуд, аз ин баландӣ яке аз он чорнафара, ки Сайраҳмон ном дошт, хесту гуфт, омаданд, бизанед! «Нива”-ро гуфт, ки бизанед. Ва мо 8 нафар аз он сӯ ва ин 4 нафар аз ин сӯ тирпарронӣ кардем. 2 ё 3 дақиқа рафту бас шуд тирпарронӣ ва Фахриддинаш хесту рафту дид ва гуфт, ки ҳамон аст, гардед. Ва мо гаштем.”
Зоҳид Нақибов боз ба он айбдор мешавад, ки ҳамроҳи шариконаш бо таҳдиди силоҳ вориди манзили Шамсулло Каримов ном сокини шаҳри Ваҳдат шуда, аз онҷо бо зӯрӣ як дастгоҳи нусхабардорӣ ва молу ашёи дигарро ба яғмо бурдаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ӯ ҳамчунин бо фармони Мулло Абдулло қасди таркондани кӯпруки шаҳри Ваҳдат ва чанд иншооти дигарро дар сар дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ