Зодаи Тоҷикистон имомхатиби масҷиди Хабаровск таъйин шуд

Бори аввал як рӯҳонии зодаи Тоҷикистон дар Русия ба маснади имомхатибӣ расид. Абдулҳай Имонқулови тоҷикистонӣ, бо қарори муфтии музофоти Шарқи дур Рамазан Алиев имомхатиби масҷиди марказии музофоти Хабаровск таъйин шуд.

Абдулҳай Имонкулов, ки аслан лақай аст, соли 1982 дар Тоҷикистон таваллуд шуда феълан шаҳрванди Русия мебошад. Аз рӯйи шаҳодатнома ӯ Имонқулов Жуманазар Худойназарович ном дорад. Абдулҳай-ҳазрат номи дуввуми ӯ мебошад. Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст.

Абдулҳай-ҳазрат солҳои зиёди умрашро ба омӯзиши Қурон масраф кардааст. Ӯ 6 сол дар Тоҷикистон дини Ислом омӯхта баъдан Институти исломии шаҳри Октябри Бошқирдистон ва мадрасаи Буинро дар Тотористон хатм кардааст.

Солҳои 2007 -2014 год Абдулҳай-ҳазрат дар шаҳри Уссурийски музофоти Приморск имомхатибӣ кард. Дар ин шаҳр маълумоти дунявӣ гирифта, дар Донишгоҳи ин шаҳр забонҳои хитоиву англисӣ омӯхт.

Солҳои 2014- 2016 дар Маскав фаъолият намуд. Аз соли 2016 то 2020 дар масҷиди шаҳри Стрежевойи вилояти Томск имомхатиб буд. Аз 14 апрели соли 2021 ёвари муфтии Шарқи Дур ва имимхатиби Хабаровск таъйин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *