Зодаи Тоҷикистон муфтии Хабаровск шуд
Абдулҳай Имонқулов, рӯҳонии 42-солаи зодаи Тоҷикистон муфтии аъзами Хабаровск таъйин шуд. Домулло Абдулҳай то кунун имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Хабаровск ва ёвари муфтии минтақаи Шарқи дур буд.
Дар ин бора Islamnews.кг хабар додааст.
Домулло Абдулҳай аз лақайҳои зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия буда, 10 фарзанд дорад ва полиглот, яъне забондон буда, ба 10 забон балад будааст. Ӯ дар Русия ҳам маълумоти олии динӣ ва ҳам маълумоти олии дунявӣ гирифтааст.
Имонқулов Абдулҳай (номи расмиаш: Ҷумъаназар Худойназарович Имонқулов) соли 1982 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падару модари ӯ аз қабилаи лақайҳо ва ӯзбекзабонанд. Имонқулов 6 сол дар Тоҷикистон улуми диниро омӯхта, баъди ба Русия кӯчиданаш дар инҷо ҳам маълумоти динӣ ва ҳам дунявии худро такмил додааст. Ӯ Донишкадаи федералии Шарқи дурро бо ихтисоси “забонҳои хитоӣ ва англисӣ”, Донишкадаи исломии Бошқирдистон ва мадрасаи шаҳри Буаи Тотористонро хатм карда, ҳоло таҳсили динии худро ба сурати ғоибона дар Академияи исломии шаҳри Булғори Тотористон идома дода истодааст.
Гуфта мешавад, ки Имонқулов забонҳои русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарӣ, хитоӣ ва англисиро медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ