Зодаи Тоҷикистон «Оскар» мегирад?
Филми аниматсионии як зодаи Тоҷикистон барои гирифтани ҷоизаи «Оскар» дар наминатсияи «Беҳтарин филми кӯтоҳмуддати аниматсионӣ» пешниҳод карда шудааст, дар ин бора бахши русии «Стутник» хабар медиҳад.
Коргардони филми хурди аниматсионии “Духтар” Даря Кашчеева буда, соли 1986 дар Душанбе таваллуд шудааст ва пас аз пошхӯрии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ бо оилааш ба Русия ва сипас ба Чехия кӯчанданд.
Тавре худи Даря мегӯяд:
«Ман дар Тоҷикистон таваллуд шудам, аммо падару модари ман славянӣ буданд ва ба ҳамин хотир солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ман чор сол доштам ба Русия кӯч бастем. Дар аввал дилам барои Душанбе бисёр танг мешуд, аммо бо мурури замон ман ба муҳити бегона одат кардам. Оилаи мо ҳангоми 16-сола буданам ба Чехия омаданд ва ҳоло ман онҷо зиндагӣ мекунам”.
Бояд гуфт, ки филми тасвирии «Духтар» дар бораи муносибатҳои бади байни волидайни як духтарак ҳикоя мекунад. Филми тасвирии мазкур дар ҷашнвораи синамои “Fantoche” Швейтсария ҷоизаи асосии ҷашнвораро ба даст овард ва дар шаҳри Анс ҳамчун беҳтарин филми донишҷӯӣ эътироф гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ