Зодгоҳи шоирону адибони …бекитобу китобхона

Панҷакент — минтақае ки ба дунё Рӯдакиву Лоиқ ва даҳҳо шоирону адибонро додааст, садҳо дӯкону мағозаи мӯҳташами фурӯши молу маҳсулот дорад ва ҳамагӣ як мағозаи фурӯши китоб ва як китобхонаи хурде, ки дар як бинои танг ҷояш кардаанд.

 

Шаҳре, ки бо ҷамоатҳои атрофаш зиёда аз 280 000 аҳолӣ, 134 мактаб, зиёда аз 20 тарабхонаи барҳаво, садҳо мағозаву дӯкон дорад, дар он ҳамагӣ 1 мағозаи китобфурӯшӣ ва 1 китобхонаи тангу хурд фаъолият мекунад.

Шаҳре, ки ба оламиён Рӯдакиву Лоиқу Ансорӣ, Мастон Шералӣ, Сорбону….даҳҳо адибонро додааст, солҳост, ки китобхонаи марказиаш дар як бинои тангу тор он ҳам дар бинои дигар муассиса ҷойгир аст.

Шояд аллакай хонанда пай бурд, ки сухан дар бораи кадом шаҳр меравад?

Бале, Панҷакент! Панҷакенте, ки зиёратгоҳи ҳазорон сайёҳу хориҷиён аст! Дар шаҳри Панҷакенте, ки ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «маркази тамаддуни тоҷикон” аст, мағозаи китобфурӯшиву китобхонааш, маконе, ки бояд аз ҳама ҷои намунавӣ ба хусус дар Панҷакент дошта бошад, бинову макони муайян надорад.

Ягона мағозаи китобфурӯшӣ дар Панҷакент – мағозаи «Бахт” кӯчманчӣ шудааст, бебахт гардида ва ҳоло дар бинои мадрасаи таърихии «Миролим додхоҳ” иҷора нишастааст.

Проблемаи надоштани бинои мағозаро ҳатто замоне роҳбари мағоза Эшони Абдуҳаким ба собиқ раиси вилоят, Қоҳир Расулзода, имрӯза сарвазири кишвар дар як мулоқот гуфта буд. Аммо мағоза бо ҳамин иҷора дигар гӯё соҳиби макон гардид.

Китобхонаи марказии шаҳр дар кӯчаи Лоиқ дар як бинои хеле кӯҳна ҷойгир буд. Баъд аз он ки бино дар ҳолати садамавӣ қарор гирифт, китобхонаро кӯчонданду дар як биное, ки ҳамагӣ 3 ҳуҷра дорад, ҷойгираш карданд.

Ҳоло бинои китобхона танг аст ва кормандонаш ҳам аз ин борҳо шикоят кардаанд. Ҳол онки бинои собиқи котобхонаро мешавад вайрону ба ҷояш китобхона бунёд кард.

Аммо миш – мишҳое ҷой доранд, ки гӯё ин биноро кадом пулдоре харидааст ва ё дар оянда онҷо идораи мубориза бо коррупсия мешавад. Соҳибназарон мегӯянд, ба ҳукуматдорони Панҷакент бунёди муассисаҳои буҷавӣ хушоянд нест, ҷои он агар заминро ба дигаре фурӯшанд он манфиатовартар аст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар ҷаласае муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ «барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ” дар Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод. Зайнура Азимӣ гуфт, рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар музофоти кишвар, аз ҷумла дар Панҷакент дар авлавияти сиёсати ҳукумат қарор дорад, аммо дар бораи кай соҳиби бино шудан ё нашудани китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент ва ё ба ягон бинои хубтар кӯчониданаш чизе нагуфт.

Шаҳри Панҷакент яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, мавзеи Саразм ягона ёдгории таърихӣ аз Тоҷикистон аст, ки ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ҷаҳон ЮНЕСКО шомил гардидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *