Зодрӯзи монархро дар Ҷопон имсол ҷашн нахоҳанд гирифт

Маъмурияти Суди Империалии Ҷопон ният дорад, ки имсол табрикоти анъанавии монархро ба муносибати зодрӯзаш ҷашн нагирад. Тавре ки “Kyodo” рӯзи душанбе хабар дод, сабаби чунин тасмим паҳн шудани коронавируси нав мебошад. Дар ин бора  ТАСС хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки император Нарухито рӯзи 23 феврал 60-сола мешавад. Одатан дар чунин ҳолатҳо, монарх ва аъзои оилаи ӯ якчанд маротиба ба балконҳои зиреҳи махсус дар қасри марказии Токио барои салом додан ба сокинони ҷамъшудаи кишвар мераванд. Одатан даҳҳо ҳазорҳо одамон барои чунин маъракаҳо ҷамъ меоянд ва чунин ҷамъомад метавонад гирифторони вирусро густариш диҳад.

Бояд гуфт, ки шумораи умумии мубталоён ба коронавируси нав дар Ҷопон ҳоло 415 нафаро дар бар мегирад ва аксари онҳо мусофирон ва экипажи киштии амрикоии Diamond Princess мебошанд, ки дар бандари шаҳри Йокогамаи Ҷопон чун карантин истифода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *