Зодрӯзи Муҳиддин Хоҷазод – шоҳиди марг ва ҷанозаи Айнӣ ва Толис

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазодаро ба муносибати зодрӯзаш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аёдат кард ва таҳният гуфт. Нависанда 81-уми соллгарди умри худро бо нашри ду асари нав – силсилаи ёддоштҳо ва бардоштҳо таҳти унвони  “Дурри парешон” ва қисса дар мавриди рӯзгори падараш Саид Олимхон, ки шарикдарс ва дӯсти устод Айнӣ буд пешвоз гирифт.  

Нависанда Муҳиддин Хоҷазод рӯзгори аҷиберо паси сар намудааст. Номбурда моҳи ноябри соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи Русия таваллуд шудааст, зеро падараш Олимхон Махдуми Хуҷандиро соли 1930 чун мударриси Мадрасаи Ҳазрати Бобо ба Қафқози Шимолӣ бадарға карда буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шаш моҳи асорати фашистиро аз сар гузаронда, соли 1946 ба Хуҷанд баргашта, баъдтар ба Самарқанд мекӯчанд.

Хоҷазода, ки волидайнаш аз истибдоди ҳукумти шӯравӣ азият кашиданд баъдан ба яке мубаллиғони идеалогияи комунистӣ табдил меёбад. Бародари калонии ӯ Қутбидди Олимӣ низ яке аз асосгузорони дубляж дар кинои тоҷик аст.

Бо вуҷуди он ки хатмкунандаи мактаб ва факултаи русӣ аст, ба адабиёти тоҷик иштиёқ варзида  асарҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003)-ро эҷод кард.

Ҳамчунин Муҳиддин Хоҷазода муаллифи ҳикояву драма ва тарҷумаҳо мебошад. Соли равон ба муносибати 80-солагии адиб куллиёти ӯ дар 8 ҷилд аз чоп баромад.

Муҳиддин Хоҷазод баъди дар даврони нооромиҳои солҳои 90-и Душанбе ба Хуҷанд кучид ва феълан он ҷо зиндагӣ мекунад.

Нависанда Муҳиддин Хоҷазод шоҳиди беморӣ, марг ва ҷанозаи мусалмонии Устод Садриддин Айнӣ фоҷеаи Пӯлод Толис ва даҳҳо ҳодисаи таърихӣ аст. Дар мусоҳиба бо Одил Нозир нависанда аз рӯзгори хеш нақлҳои ҷолиб карда, ки дар пайванди зер метавонед онро мутолиа намоед. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *