Зодрӯзи нависанда Сорбон, муаллифи “Ҷӯгӣ” ва “Достони писари Худо”

Имрӯз, 27- уми январ дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми мустанади “Устод Сорбон”-и режиссёр Тоҳир Назар ва рӯнамоии китоби “Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ” дар таҳияи Одил Нозир баргузор мешавад. Чорабинии мазкур, ки ба рӯзи зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон иттифоқ афтодааст, дар толори кинтотеатри “Зебунисо” доир хоҳад шуд.

“Филми мустанади “Устод Сорбон” бахшида ба 80-солагии нависанда сабт шуда, дар рӯзи ҷашни 80-солагии эшон порае аз он намоиш дода шуда буд. Имрӯз ба муносибати зодрӯзи нависанда мо ба хулосае омадем, ки онро пурра пешкаши тамошобин кунем. Филм инъикосгари рӯзгори пурпечутоби нависанда аст”-гуфт, Тоҳир Назар дар суҳбат бо pressa.tj.

Одил Нозир мегӯяд, ки китоби “Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ”-ро 2 сол ҷамъоварӣ кардааст:

“Чунин китоб дар бораи ягон нависанда дар Тоҷикистон то ба имрӯз чоп нашудааст. Ин нахустин китоб аст, ки гуфта ва навиштаҳои мунаққидон, адабиётшиносон, журналистон ва хонандагонро дар тӯли 50 сол доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Сорбон фаро гирифтааст. Албатта, дар бораи нависандаи маъруфе чун Сорбон зиёд навиштаанд, ки дар ин китоб интихобан ҷой карда шудаанд. Китоби мазкур барои шинохти бештари шахсият ва осори нависанда хизмат мекунад” – мегӯяд, мураттиби китоб.

Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Сорбон  27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд  дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 факултаи филологии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В И Ленинро (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.

 Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.

То имрӯз 15 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.

Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *