Зодрӯзи профессор Мукаррама Қосимова – идеали духтарони шӯравӣ

Имрӯз 16 январ профессор Мукаррама Қосимова, яке аз олимони маъруфи кишвар 87 сола шуд. Номбурда, дар баробари иншои даҳҳо рисолаи арзишманди илмӣ, яке аз асосгузорони факултаи журналистикаи ДМТ ва идеали садҳо духтари шӯравии тоҷик буд.

Муаллима, соли 1933 дар Конибодом, дар оилаи журналист Набӣ Фахрӣ ба дунё омада, умри худро сарфи илм ва таълиму тарбия дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон кардааст.

Доктори илми филология (1982), профессор (1984), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон мебошад.

Мактаби имлии Мукаррама Қосимова дар тарбияи даҳҳо забоншиноси чирадаст саҳм гирифтааст.

Китобҳои ӯ “Матни классикӣ” (1969; 1976; 1989; 2000; 2010), “Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри Х1 (Дар асоси материали «Сиёсатнома», «Қобуснома», «Сафарнома») (1976), “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он” (2002), “Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ” (2003), “Забон ва муъҷизаи он” (2004), “Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х)” (2012) ва ғайра аз рисолаҳои бунёдии забонишонии тоҷик маҳсуб меёбад.

Зулфия Саидова, як хатмкардаи факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ва шогирди муаллима мегӯяд:
“Мукаррама Қосимова тамоми духтарони университетро бо ҳаёти маданӣ ошно кардаанд. Маҳз дар пайравӣ ба эшон духтарони солҳои 60, 70 ва 80 тарзи пӯшидани либоси аврупоӣ, ороиши мӯй, гардонидани ҷузвдон, тарзи роҳравиро омӯхтанд. Эшон идеали донишҷӯдухтарон буданд. Ҳар саҳар синчакорони нигоҳ мекардем, ки муаллима чӣ пӯшидаанд ва чӣ тавр пӯшидаанд…”

Шарқшинос Муҳаммад Сафолов Мукаррама Қосимоваро яке аз эҳёкунандагони хати форсӣ дар Тоҷикистони Шӯрвӣ медонад:
“Вақте сиёсати ҳукумати шӯравӣ муқобили хати форсии арабиасос буд, ягона дастур китоби “Хат ва имлои матни классикӣ”-и Мукаррама Қосимова буд. Ин китоб даҳҳо забоншиносу адабиётшиносро бо хати форсӣ, ва ба ин васила бо адабиёти классикии тоҷик ошно кард. Саҳми Мукаррама Қосимова дар бедории фикрии солҳои 90-ум хеле зиёд аст”-мегӯяд номбурда.
Мусоҳибаи Одил Нозирро бо Мукаррама Қосимова дар зер мутолиа кунед:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *