Зодрӯз муборак ҷаноби Масъуди Миршоҳӣ!
Имсол ва ин моҳ барои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ид болои ид аст. Дар баробари ҷашни 25-солагии «Тоҷикистон» ва зодрӯзи чанде аз ҳамкорон, аз ҷумла узви гурӯҳи мушовирони мо, раиси Анҷумани «Рӯдакӣ» дар Фаронса, пизишк ва донишманди маъруф, доктор Масъуди Миршоҳӣ (18 май) зодрӯз доранд.
Масъуди Миршоҳӣ, доктор, профессор ва академик, зодаи шаҳри Нишопур аст. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш ва донишгоҳро дар Машҳад хатм карда, дараҷаи доктори илми тибро дар Донишгоҳи «Мастрихт»-и Голландия ва доктории тахассусиро дар Донишгоҳи пизишкии Париж касб намудааст. Номбурда ҳамчунин чандин ҷоиза дар улуми пизишкиро аз Фаронса, Япония ва Амрико дарёфт намуда, айни ҳол мудири бахши пажӯҳишҳои саратоншиносӣ дар Маркази миллии пажӯҳишҳои илмии Фаронса (CNRS) ва донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Париж аст.
Корҳои илмии Масъуди Миршоҳӣ дар беш аз 200 мақолаҳои илмӣ ва 250 конференсияҳои байналмилалӣ гузориш дода шудаанд. Масъуди Миршоҳӣ монанди бештари эрониён ба фарҳанги модарии худ меболад ва то кунун масъулияти роҳбарии ду анҷумани фарҳангӣ — Анҷумани «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ва Анҷумани «Рӯдакӣ»-ро бар уҳда дорад.
Китобҳои дар соҳаи адабиёту санъат ва фарҳанги мардуми ориёӣ иншонамудаи доктор Масъуди Миршоҳӣ низ аҳамияти муҳими илмиву фарҳангӣ доранд. То кунун аз ҷониби ин шахсияти фарҳехта 8 китоб бо номҳои «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон ва шинохти Авесто», «Шеъри занони Афғонистон» , «Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро», «Ҷусторҳо дар забон, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон» (дар 2 ҷилд), «Роста», «Ҷусторҳо дар забон, адаб, таърих ва фарҳанги порсӣ» ва ғайра мунташир шудаанд.
Доктор Масъуди Миршоҳӣ дӯсти деринаи тоҷикон буда, то кунун хидматҳои арзишманде дар заминаи пешрафту густариши ҳам соҳаи тиб ва ҳам фарҳанги аҷдодии мо – тоҷикон анҷом додааст.
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» эшонро ба зодрӯзашон табрик гуфта, барояшон комёбӣ ва барор хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ