Зодрӯз муборак, Пешвои миллат!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябр ба синни 66 расид.Эмомалӣ Раҳмон  26 сол, дар синни 40 солагӣ Роҳбари Давлат интихоб шуда буд. Ээҳёи давлатдории нави тоҷикон, поён додан ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ ва ободониҳои солҳои охир маҳз  ба номи Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст.

Эмомалӣ Раҳмон (то соли 2007 Раҳмонов) 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.  Баъди хатми мактаби миёна Эмомалӣ Раҳмон собиқаи кориашро ҳамчун устои барқ дар корхонаи равғани шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз карда, аз соли 1971 то 1974 се сол дар флоти уқёнуси Ором хидмати ҳарбиро адо кард. Баъди анҷоми хидмати артиш Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи равғани Қӯрғонтеппа баргашт. Соли 1977 раҳбари ояндаи Тоҷикистон ба риштаи

иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ дохил шуд.Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кард ва соли 1988 ба мақоми директори ин совхоз расид.

Дар нахустин интихоботи алтернативии парлумони Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 1990 доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Рӯзи 2 ноябри соли 1992, баъд аз кушта шудани раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоев Эмомалӣ

Раҳмон раиси ин вилоят интихоб гардида, алакай баъди ду ҳафта – 16 ноябр дар иҷлосияи Шӯрои олӣ дар қасри Арбоб дар Хуҷанд раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 1992 дар шароите ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон дар байни 15 моҳ 6 маротиба ( Қаҳҳор Маҳкамов – Қадриддин Аслонов — Раҳмон Набиев – Акбаршо Искандаров –Раҳмон Набиев – Акбаршо Искандаров) раҳбари аввалашро иваз кард ва ба домани ҷанги хунинишаҳрвандӣ фурӯ рафта буд.

Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 бо пирӯзӣ бар сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми президентӣ  расид.

Ӯ ҳамин тавр, дар интихоботҳои солҳои2006 ва 2013 баранда шуд  Бар асоси қонун Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  дар сурати рафтан аз мақоми президентӣ низ  дар таъйини сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро пеши худ ҳифз мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар як даврони мушкиле, ки касе ҷуръати ба дастгирифтани раҳбарии Тоҷикистонро намекард, ин масъулиятро ба даст гирифт ва асосҳои давлатдории навини тоҷиконро гузошт. Хатми ҷанги хунин ва сулҳи соли 1997 ва ободониҳои солҳои охир ба номи Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст ва  Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.

Ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони президент намунаҳои барҷастаи ҷавонмардии Президентро эътироф мекунанд. Ҳоло Президент аз Қасри Миллат ба Давлат роҳабарӣ  меекунад мекунад , ки ҳамагӣ 13 сол пеш ҳанӯз қароргоҳи пойгоҳи низомии Русия буд ва касе ҳатто аз фикраш намегузашт, ки ягон рӯз аскарони русро аз ин маркази шаҳр ба як канор мекӯчонанд ва дар макони қаблии пойгоҳи Русия барои президенти Тоҷикистон қаср месозанд.

27 соли истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи навини ин кишвар ба номи Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,  ки имрӯз ба синни 66 мерасад, нақш мебандад.

Зодрӯз муборак, Пешвои миллат!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *