Зодрӯзи Фируза: Хароҷоти дастурхон  + 5000 сомонӣ

Барномаи «Ахбор”-и телевизиони давлатии Тоҷикистон хабар додааст, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини ин ноҳия Фирӯза Ҳафизоваро барои даъвати чанд овозхони дигар ба ҷашни зодрӯзаш ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Видеои ҳамроҳи ҳамкасбонаш ҷашн гирифтани зодрӯзи Фирӯза Ҳафизова дар шабакаи Инстаграм нашр шуда буд ва дар гузориши телевизионӣ дар бораи ҷарима бастани ӯ дар баробари наворҳо аз ҷараёни мурофиаи судӣ видеои таҷлили зодрӯзи ин овозхони шинохта низ нашр шуд.Бар асоси моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ҷашни зодрӯзро метавонанд ба таври ихтиёрӣтанҳо дар доираи оила бе даъвати санъаткорон ва бе забҳи чорво гузаронанд.Моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ин банди қонуни танзим ҷарима аз ҷониби шахсони алоҳида ба андозаи то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *