Зодрӯзи мардумитарин генерали тоҷик
Қариб чор соли аввали вазириаш ҷои хоби раиси нав хоначаи майдаяки андаруни дафтари кориаш буд, ки ба ҷуз кат ва курсӣ чизи дигаре надошт. Зану фарзандҳояш дардеҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор истиқомат доштанд. Ҳар субҳ мо кормандон чеҳраирангпарида, чашмони аз бехобӣ сурхгашта ва пайи ҳам сигор дуд кардани акоиСаидамирро мушоҳида мекардем…
Генерал Саидамир Зуҳуров, яке аз хушномтарин генералҳои тоҷик рӯзи 20 феврал ба синни 68 мерасад. Генерал Зуҳуров як сол боз мариз аст. Журналист Муҳаммади Султон дар остонаи зодрӯзиСаидамир Зуҳуров чанд лаҳзаи зиндагии ин генерали муътабарро варақ задааст.
Муҳаммад СУЛТОН
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
Ҳамватани шарифу соҳибобрӯи мо, фарзанди фарзонаи миллат, яке аз чеҳраҳои гиромӣ, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии давлатии Тоҷикистон, генерал – полковник Саидамир Зуҳуров, ки тавассути ранҷи воқеиву заҳмати ҳалоли шабонарӯзӣ, хайрхоҳиву хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, лутфу фурӯтаниву дилсӯзӣ, ҳақиқатпарвариву ҳақиқатгӯйӣ дар дили хурду калон – ҳамкорону дӯстон, пайвандон, онҳое, ки боре ӯро дидаанду дар сӯҳбаташ нишастаанд, рӯзи 20 — уми феврал ба синни мубораки 68 мерасанд. Ба ифтихори Рӯзи мавлуд, мо шогирдон, акои Сайидамирро аз самими қалб таҳният гуфта, барояш аз Парвардигор сарсабзиҳои рӯзгор, тани сиҳату бахти некӯ ва сиҳатмандиву сарбаландиро таманно дорем!
На як бору ду бор қалам ба даст гирифта нияти он кардаам, ки чанд лаҳзае аз зиндагиномаи ин марди шарифу соҳибэҳтироми мардуми тоҷик, ҳамватани донишманду сарбози ҳақиқии миллати хеш, азизи ҳамкорон ва як фарди ҳалиму фурӯтан — генерал-полковник Саидамир Зуҳуровро рӯи қоғаз оварам. Вале ҳар дафъа андешаи он, ки акои Саидамир (дар Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ бо меҳрубонӣ ӯро чунин ном мебурдем), ки як марди баору баномусанду таърифу тавсифи зиёдеро дар ҳаққашон намеписандиданд, маро аз ин амал боз медошт. Гузашта аз ин, азбаски роҳбари бевоситаам буданд, ҳеҷ гоҳ розӣ намешуданд, ки сифатҳои шоиставу сазоворашро мавриди баррасӣ қарор диҳам.
Баъдан Саидамир Зуҳуров маъсулияти сангинтареро бар дӯш гирифта ба ҳайси муовини Сарвазири мамлакат иҷрои вазифа менамуд, имкон падид омад, ки чанд лаҳзаеро аз рӯзгори рангини ӯ мухтасаран иншо намуда, ба рӯзномаи «Садои мардум» супорам. Мавод аллакай ба чоп омода шуда рӯи саҳифа интишор гашта буд ва субҳи рӯзи дигар бояд дар шакли рӯзнома ба дасти хонанда мерасид. Вале тахминан соатҳои чаҳор собиқ сармуҳаррири рӯзнома, ҷавонмарди фозилу хушчақчақ Бобоҷони Абдулвоҳид (рӯҳашон шод бод!) саросема вориди утоқи кориам, воқеъ дар Маркази иттилоотии «Ховар» гашта, баъди вохӯрӣ арз намуд:
— Манбаҳар ҳол аз акои Саидамир иҷозат пурсиданӣ будам, вале он кас чопи маводро айни ҳол номувофиқ шумурданд. Ба назарам, шуморо ҷазо интизор аст,- гӯён маънидорона бо табассуми ҳамешагиаш Бобоҷон утоқи кории маро тарк намуд.
«Ҷазо» баъди бист дақиқа тавассути телефони ҳукуматӣ фаро расид. Акои Саидамир чун ҳарвақта бо лаҳни нарму омиронааш маро насиҳат карду танбеҳ дод. «Ҳамин ки фурсати қулай фаро расид, худам телефон карда талаб мекунам, ки маводеро нашр намоӣ», — гуён акои Саидамир сулҳҷӯёна сӯҳбатро ба анҷом расонд.
Азмиёнсолҳои зиёде сипарӣ гаштанд. Ман ҷойи корамро дигар кардам.Акои Саидамир низ. Вале аз занги телефонии ваъдагӣ то ба ҳол дараке набуд. Ин дафъа ҳам маводеро ба дасти чоп дода интизорисарзаниши падаронаи акои Саидамир шуда меистам. Дигар илоҷе нест…
Бори аввал бо Саидамир Зуҳуров рӯзҳои вазнину фалокатбори моҳи декабри соли 1992 рӯ ба рӯомада будем. Ӯ навакак Раиси Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ таъин гардида буд. То ин замон басифати муовини сардори Раёсати дар вилояти Кӯлоббудаи ин мақомот ифои вазифа мекард. Идораи Марказии амниятӣ он рӯзҳо як ҳоли ҳузноваре дошт. Кашмакашу задухӯрдиҳои дохилӣ, ки азбаҳманмоҳи соли 1990 сар карда зиндагии ҷомеаро талх гардонда буданд, ба кору зиндагиикормандони ин идора бетаъсир намонд. Дар тӯли ду сол ҳафт маротиба пайи ҳам иваз шуданираисони Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷойҳои муқими зист, аз ҷумла Руссия баргаштани беҳтарин мутахассисони соҳаи амниятва даҳҳо мушкилоти нонамоёни дигар кормандони ин соҳаро хастаҳолу бемадор карда буд.
Саидамир Зуҳуровро дар толори Кумитаи амният ба кормандон муаррифӣ намуданд. Нахустин суолиӯ ба ҳозирин ин буд: — Бачаҳо, ҳаққи гапро бигӯед, ҳамроҳи ман кор кардан мехоҳед ё не? Агар негӯед, ман қасам мехӯрам, ки аз ин вазифа даст мекашам…
Ба ростӣ, ба дили мо кормандон, ки тайи солҳои охир борҳо шоҳиди афту дарафтҳои мансабталошӣгашта будем, суханҳои оддӣ, вале мардонаи раиси нав дар як лаҳза роҳ ёфтанд. Дар хотимаи вохӯрӣҳама ба як қарор омаданд , ки бори вазнину заҳмати сангини ҳифзи амнияти Ватани аҷдодиюмардумони онро якҷоя бар дӯш хоҳанд гирифт. Ба ҳамин зайл раиси нав барои эҳё ва ба похезондани идораи амният камар баст…
Дар он рӯзҳои вазнину даҳшатбори охири соли 1992, ҳангоме, ки бо дасисаю фитнабозиҳоидушманони дохилию хориҷи кишвар мардуми кӯҳистони Рашту Хатлону Бадахшон — бародарониҳамқисмату ҳамнаво ба сари якдигар теғ кашида буданд ва дар он тӯфони кибру ғуруриҳамдигарнофаҳмӣ яке овози дигареро намешунид, Саидамир Зуҳуров тавонист, аввалан дар идораиамнияти давлатӣ байни кормандони ин ришта – зодагони Рашту Кӯлобу Бадахшон ҳисси пешинаидӯстию бародарӣ ва рафоқату ҳамдигарфаҳмиро аз нав зинда созад. Ин амал кори саҳл набуд. Гунаҳкору бегуноҳро фарқ карда намешуд.Ҷаҳони ҷиноӣ, дуздону ғоратгарони амволи халқ даркӯчаю паскӯчаҳои Душанбе аз номи мардуми манотиқи Кӯлоб даст ба куштору яғмо зада, мардумиосудҳолро ба ҳарос андохта буданд.
Раиси нав чанд рӯз пеш аз соли нави 1993 чиҳилу панҷ нафар зодагони Бадахшонро, ки дарсохторҳои мухталифи идораи Марказии Кумитаи амнияти миллӣ- аз муовини Раиси Кумита саркарда, то дарбони оддӣ иҷрои вазифа менамуданд, ба дафтари кориаш даъват намуда, аҳволпурсиюдилбардорӣ кард ва дар ҳузури раиси собиқи Шӯрои депутатҳои Вилояти Мухтори КӯҳистониБадахшон Шоҳдавлати Шоҳдавлат чунин иброз дошт:
«-Ҳамкорони азизу бародарони меҳрубон! Садсолаҳост, ки мардумони ду манотиқи кӯҳистони ба ҳамназдику дӯст – Хатлону Бадахшон бо ҳам қаробату хешу таборӣ доранд. Ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ нест: ҳаряке аз мо, ки солиёни дароз байни мардуми ин мавзеҳо умр ба сар бурдаву кор кардаем, инро нағзмедонем. Мутаассифона, имрӯзҳо ба душманони ошкорову пинҳонии миллати тоҷик муяссар шуд, ки бародарро ба алайҳи бародар хезонанд. Вале умри дурӯғу найрангу фиреб кӯтоҳ аст. Муддатемегузараду бадахшиву кӯлобӣ мисли пешин бародарворҳамдигарро ба оғӯш мекашанд, дар сари якдастурхон нону намак мехӯранд»…
Пас аз шунидани фикру ақидаи ҳозирон раиси Кумитаи амнияти миллӣ ба чунин хулоса омад:
— Дар ҳақиқат, дар ин рӯзҳо ҷаҳони ҷиноятпеша фусатро қулай шумурда, дар шаҳр беибосарбардоштааст ва таъмини амнияти шахсии шумо дар маҳалҳои зист кори басо душворест. Бинобарин ман ба чунин қарор омадам: ҳамаи шуморо ба муддати ду моҳ ба Бадахшон – ба сафари хидматӣмефиристам. Дар ихтиёри шӯъбаҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятии амнияти миллӣ кор хоҳед кард. Вазифаи аввалиндараҷа – аз аҳолӣ ҷамъ намудани силоҳ ва ҳифзи сарҳади давлатист…
Субҳи рӯзи дигар чиҳилу панҷ нафар кормандони хадамоти амнияти кишвар савораи чархболҳоиҳарбии сарҳадбонии Руссия сӯи Бадахшон роҳ пеш гирифтанд. Ин тадбири оқилонаи раиси навдилгармӣ, меҳру муҳҳабат ва ҳисси масъулияти зердастонро нисбати ҳифзи Ватани ягонаамонТоҷикистон дучанд афзуд. Ба душвортарин лаҳзаҳои зиндагии хеш нигоҳ накарда, ҳар кадоме бароипойдор гаштани ҳаёти навин камари ҳиммат бастанд…
Ин ҳикоят шаммаест аз корҳои хайрхоҳонаю бобаракати ин марди нексиришт, ки барои ҳамкоронуҳамватанони хеш арзонӣ доштааст. Дар рӯзгори рангини ӯ ба ин монанд ҳаводисҳо сад андар сад рухдодаанд.
Тӯли беш аз ҳашт соли адои вазифа дар мақомоти Марказии амнияти ҷумҳурӣ Саидамир Зуҳуровтавонист ин сохтори қариб азбайнрафтаро аз нав эҳё кунад. Вале дар ин вазифаи бағоят мураккабумасъул чӣ рӯзгори сангине ӯро насиб шуд! Бесарусомониҳо дар ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро тарк карданимутахассисони баландпояи соҳаи амният, беилтифотию сангдилӣ ва номеҳрубонии аз гузаштамеросмондаи сарварон нисбати зердастон ва садҳо мушкилоти дигар болои ҳам ранҷу заҳматашродучанд беш мекарданд. Танҳо дар худи як соли 1993 хадамоти амнияти ҷумҳуриро 280 нафармуттахассисони соҳибтаҷриба тарк намуданд. Лозим омад, ки ба таври таъҷилӣ ба ҷояшонҷавононеро, ки майлу лаёқати дар ин ҷода кор кардан доштанд, ба кор даъват намоянд. Дар муддатикӯтоҳ онҳо аллакай 80 фоизи кормандони хадамоти амниятро ташкил медоданд. Мутахассисоне, кидар соҳа таҷрибаи зиндагию корӣ андӯхта, бояд ҷавононро тарбия карда ба воя мерасонданд, ангуштшумор монда буданд. Саидамир Зуҳуров қарор дод, ки собиқадорони пешини хадамотиамниятро аз нав ба кор даъват намояд.
Қариб чор соли аввал ҷои хоби раиси нав хоначаи майдаяки андаруни дафтари кориаш буд, ки ба ҷузкат ва курсӣ чизи дигаре надошт. Зану фарзандҳояш дар деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархористиқомат доштанд. Ҳар субҳ мо кормандон чеҳраи рангпарида, чашмони аз бехобӣ сурхгашта вапайи ҳам сигор дуд кардани акои Саидамирро пайваста мушоҳида мекардем.
Андешаи фардои ҷумҳурӣ, сарнавишти диёру миллат лаҳзае ӯро ором намегузошт. Замоне, ки гурӯҳ-гурӯҳ дастаҳои калони мусаллаҳи бадхоҳону бадахлоқон, нашъамандону қочоқчиён дар пойтахтиҷумҳурӣ ва гирду атрофии он тор метаниданд, замоне, ки савдогари бозору бензинфурӯшро топанҷтогӣ ҷондори /телохранители/ силоҳдор муҳофиза мекард, Саидамир Зуҳуров дар кӯчаҳоишаҳри Душанбе яккаву танҳо қадам мезад ва бар алайҳи ҷондор гирифтани ашхоси соҳибмансабубемансаби бесалоҳият тарғибу ташвиқ мебурд. Кормандони Кумита аз ӯ пинҳонӣ бо амри дилувиҷдон аз паси Раисашон бо навбат назорат ташкил намудаву ӯро қариб ҳама вақт ноаён ҳамсафарӣменамуданд.
… Пайроҳаи дар зиндагӣ интихобнамудаи Саидамир Зуҳуров аз аввал дардошноӣ ва ба дардҳомалҳам шудан буд. Ҳанӯз ҳангоми баъди адои хизмати ҳарбӣ ба факултаи тариху филологияи тоҷикиДонишкадаи давлатии Тоҷикистон дохил шудан ва онро соли 1975 ба итмом расонида дар мактабизодгоҳаш – ноҳияи Фархор ба шогирдон дарс гуфтанаш, дарк намуда буд, ки васиятипадарашро амалӣ сохта дар зиндагӣ роҳи дурустеро пеша кардааст ва то ҷон дар бадан дорад, аз ин роҳ баҷониби дигар конораҷӯӣ нахоҳад кард. Панди падари бузургвор барои Саидамири кӯчак ин буд:
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор…
Ва дар мавриди дигар падар ба писар талқин мекард, ки:
Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад,
Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб!
Панду андарзҳои падар то ба ин рӯз маромномаи зиндагии ин инсони дилёбу меҳрубон, хайрхоҳу некандеш гаштаанд.
Шоядавҷи нотавонбиниву номеҳрубониҳои айём, қонуншиканиву барои ҷурму гуноҳ ҷазо нагирифтани иддае дар он солҳо оташи муборизаро бар алайҳи ҳама гуна беадолатию қонуншиканӣ дар қалби Саидамир фурӯзон гардонда буд.
Баъдан пас аз хатми Курсҳои олии КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ, Донишкадаи Байрақи Сурхдори Кумитаи бехатарии давлатии СССР ва адои вазифа дар сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адолатхоҳӣ, аз ҳақиқат пайгирӣ кардану ҳақро ба ҳақдор расондан дар фаъолияти минбаъдаи Саидамир Зуҳуров бештар ривоҷ ёфт. Ӯ пайваста дар талоши он буд, ки ҳар бадхоҳи хоку боду оташи диёри зебоманзару бостониаш заррае мақсадҳои нопоки хешро амалӣ насозад. Ӯ дар он айёми салтанати қавии сардамдорон яке аз адолатхоҳони воқеъӣ буд. Қоғазҳои бо мурури замон зардгашта, ки дар бойгониҳои Кумитаи давлатии амнияти ҷумҳурӣ алҳол маҳфузанд, аз маҳсули ранҷу заҳмати арақрези Саидамир Зуҳуров дарак дода, бо ҳаққоният ва самимияти худ симои ин инсони наҷибро бароямон бештар мекушоянд. Ӯ пайваста кӯшидааст, то аз қонун заррае дурӣ наҷӯяд ва пайи аз байн бурдану аз миён бардоштани ҳама гунна бадкирдорӣ ранҷу заҳматҳо ба харҷ додааст.
Саидамир Зуҳуров аз зумраи он афроде буд, ки тӯли чандин солҳо аз обу оташи ҷанги афғон гузашта, аладдавом дар пайи оромишу ба марзу буми Афғонистон баҳор овардан буд. Бо чанд тане аз ҳамкоронаш ҳамсӯҳбат будам, ҳикоят мекунанд: ӯ ҳар лаҳза чун дар ин ё он рустои афғон рехтани хуни ноҳақ, сағир мондани атфоли бешумор, аз домод ҷудо шудани наварӯсонро медид, ашкаш ҷайҳун мешуд, он фардро, ки боиси ҳамаи ин бадбахтиҳо гаштааст, нафрин мехонд. Агар дар набардҳо ширкат доштааст, танҳо ба хотири он, ки аз бечорае, аз мустаманде дифоъ намояд, нагузорад то гулғунчае баҳор надида ба хазон расад. Таманнояш аз ҳама тарафҳои ба хуни якдигар ташна танҳо мусоҳила,оштӣ ва ризоият буд. Дили ҳассосу инсонпарвараш ҳамехост то дар як марзу бум бародар хуни бародар нарезад, писар бадхоҳи падар набошад, зиндагӣ хушрангу бӯ ва аз ҳама ҷода ба ҷои боруту дуд ба машом накҳати лолаву раёҳин бирасад.
Миёниобуоташиҷанги афғон Саидамир Зуҳуров боре ноҳақ тир холӣ накардаст. Баръакс, солиёни хидмат дар Афғонистон дӯстони беш пайдо кард. Саидамир барои аҳли шаҳру рустое, ки он ҷо кору пайкор дошт, чун бародар буду афғонҳо ӯро марди шарифу ҳалим ном мебурданд. Пас аз гузашти солҳо мактубҳои муҳҳабатомези бешумори дӯстони афғонашро дидаам, ки тӯли солиёни баъдӣ иншо гашта аз хотироти рӯзҳои якҷоя басарбурда дарак додаву барои даъватан дидан аз Афғонистон таҳия шудаанд.
Садафсӯс, ки сарнавишти талхи Афғонистон ва он таҷрибаи андӯхтааш баъдан дар Ватани аҷдодиаш Тоҷикистон бори дигар ба кор омад. Мардуми бародару ҳамхуну ҳаммазҳабу ҳамиллати дар сангарҳо камингирифтаи кишварро лозим омад ба ивази заҳмату бедорхобиҳои чандинсола ба ифоқа омада, аз нав дӯсту ба як мушти қавӣ табдил ёбанд. Хизмати Саидамир Зуҳуров ва ҳаммаслаконаш дар таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, баргардонидани ҳамватанон аз хориҷи кишвар, пойдор гардонидани давлату давлатдории тоҷикон дар айёми мо, дар ҳақиқат беҳамтост ва омӯзиши алоҳидаеро тақозо менамояд.
Ҳангоме, ки дар ҷанги бародаркуш беш аз 100 нафар ҷавонмардони соҳаи амнияти кишвар ҷавонмарг шуданд, Саидамир Зуҳуров хун мегирист. Ӯ ба хонаҳои ҳаряки он гулгункафанон рафта, дасти модари зору нотавон ва падари бечораву гирёнро гирифта, ҳарфи тасаллӣ гуфтааст. Ӯ ба чунин оилаҳо, ба занони ҷавони мубталои ғаму атфоли маъсумашон борҳо дасти ёрӣ дароз кардааст.Ин оилаҳо он замон ҳама вақт маҳбубтарин меҳмонҳои Вазорати амният буданд.
Номуси ватандорӣ, бетафовут набудан ба сарнавишти халқу тақдири Ватан, масъулият дар наздивиҷдон, гирифтани пеши роҳи хуни ноҳақ ӯро водор сохта буд, то ҷони азизро ба гарав мондаихтиёран ба лонаи ҷиноятпешагони террористи беномуси Ризвон роҳ пеш гирад. Ин амалиҷавонмардонаи Саидамир Зуҳуров — Вазири амнияти ҷумҳурӣ он рӯзҳо на танҳо лоиқи ситоишимардуми кишвар мо, балки сазовории аҳсану офариниҳои оламиён буд. Шоҳиди ҳол будам, ки чинавъ садҳо нафар ашхоси шиносу ношиноси диёри мо ва кишварҳои хориҷу дуру наздик тавассутиномаю барқияҳо аз матонату қаҳрамонии фарзанди миллати тоҷик изҳори ҳайрату қадрдонӣменамуданд.
«Шумо, дар ҳақиқат, қаҳрамони замони мо ҳастед», — навишта буд дар барқияи шодбошӣ СарвазириФедератсияи Руссия Евгений Примаков. «Мо ҳамкорон аз ин амали дурандешонаи Шумо ба тавриҳаққонӣ фахр мекунем». Чунин сатрҳои саршор аз муҳаббату самимият дар он рӯзҳо ба унвониВазорати амнияти ҷумҳурӣ даста – даста ворид мешуданд.
Баъди бозгашт аз Афғонистон хидмати Саидамир Зуҳуров дар соҳаи иктишофи хориҷ аз кишваримақомоти амнияти Тоҷикистон (внешняя разведка) ва Саруправленияи якуми Кумитаи бехатарии ИҶШС (ПГУ КГБ СССР) пешрав шуд. Агар ба корҳои дар ин солиён ба ҷо овардааш назар андозем, онро ҷуз хайрандешӣ дигар чизе ном бурдан ҷоиз нест. Хайрандешӣ ба хотири фардои миллатухушрӯзии Тоҷикистони азиз. Бо боварии том метавон гуфт, ки бо гузашти айём таърихшиносон зиндагиномаи Саидамир Зуҳуров ва чун ӯ мардони шарифу поктинатро, ки баҳри ҳаёту мамотимиллат ҷонбозиҳо кардаанд, дар дафтари таърихи кишвар бо ҳуруфоти зарин ҳаккокӣ хоҳанд кард.
Аз рӯи адои вазифаи хидматӣ ба ҳайси сардори бахши байналмилалии хадамоти амнияти вазорат борҳо ба ман муяссар гардида буд, ки ҳамроҳи акои Саидамир ба хориҷи кишвар сафар кунам. Пайваста шоҳиди он будам, ки ин инсони дилёби меҳрубон, хайрхоҳ, некандеш дар байни ҳамкоронихориҷии худ то чи андоза мартабаву обрӯю эътибори фузуне дорад.
Ба ҷуз он, ки ҳангоми вохӯрию маҷлисҳо аз ӯ маслиҳату ёрӣ мепурсанд, дари ҳуҷраи акои Саидамирба рӯи меҳмонон ҳамеша боз буд. Ӯ, ки таърихи кишвар, фалсафаи Шарқ, адабиёти классики форсутоҷик ва муосирро амиқ омӯхтааст, бо маҳорати ба худ хос ба ҳамсӯҳбатон оиди гузаштаю имрӯзаидиёри тоҷикон, давлату давлатдорӣ, адабу ҳунару фарҳанги оламгири кишвараш соатҳои тӯлонӣҳикоят мекард. Қариб ҳар як сафари ӯ ба давлатҳои Иттиҳоди муштаракулманофеъ бо имзоисозишномаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва хадамоти амнияти ин кишварҳо анҷом мепазируфт.
Беҳтарин хислатҳое, ки ҳамкорон онҳоро аз ҳама беш писандидаанд, ғамхорӣ нисбати дармондагон, хоксориву фурӯтанӣ, ба иззати нафси касе нарасидан, аз паст задани шаъни зердастон худдорӣкардану гуноҳи касеро зуд бахшидани акои Саидамир аст. Пайдост, ки на ҳар як фарди соҳибмансаб, алалхусус дорои унвони генерал соҳиби чунин хислатҳои ҳамидаи инсонист. Кормандони онвақтаиВазорати амният дастгирии ҳамкорашон Имомиддин Нарзуллоевро аз ҷониби вазир нағз дар хотир доранд. Писари Имомиддин дар Академияи Хадамоти федералии Амнияти ( ФСБ)-и Руссия таҳсилмекард. Ҳангоми бозии футбол пешпо хӯрда, пояшро шикаст. Муолиҷаҳои чандинмоҳа дар МаскавуДушанбе натиҷае надоданд ва ниҳоят пояш ба касалии қаросон (гангрена) мубтало гашт. Акои Саидамир аз ҳол воқиф гашта, амр дод, ки барои табобати фарзандаш ба Имомиддин Нарзуллоев1200 доллар ёрдампулӣ диҳанд. Вале яке аз муовинҳояш аз ин норозӣ шуда иброз дошт:
— Писари ӯ кӣ будааст, ки барояш 1200 доллар харҷ кунем ?!
Қарори акои Саидамир қатъӣ буд:
— Ин кори ман аст, касеро лоиқ донам, ёрдам мекунам! Бо ҳамин муколама анҷом пазируфт.
Ғамхории падаронаи вазири амният Саидамир Зуҳуров нисбати ҳамкори мо, ки соҳиби нӯҳ фарзандбуду дар душвортарин рӯзҳои соли 1995, ҳангоме ки аз мағозаҳо беш аз як нон гирифта намешуд ва ӯба як ҳоли душворе афтида буд, ҳанӯз вирди забонҳост. Ӯ аз ин ҳол дарак ёфта сардори шӯъбаихоҷагии Вазорати амниятро ӯҳдадор карда буд, ки барои фарзандони ин корманди оддӣ ҳар рӯзнӯҳто нон пайдо кунад.
Ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда намешавад: рӯзҳои бешуморе, ки собиқадорони ҷангу меҳнатро бароитаҷлили Иди Ғалаба, Рӯзи кормандони хадамоти амният ва дигар маъракаҳо ба Вазорат даъватменамуданд, зану духтарони акаи Саидамир борҳо ба ин ҷо омада, дасту остин барзада косаву табақшӯӣ мекарданд. Ба худо қасам, ки баъдан дар умрам боре надидаву нашунида будам, ки занифалон вазир ва ё духтаронаш дар маҳфиле ширкат варзида, дасташонро ба оби хунук зада бошанд.
Тӯли солҳои кори Саидамир Зуҳуров дар Кумитаи амният беш аз 30 нафар кормандони соҳа соҳибихонаҳои нав гаштанд, ки ин дар таърихи хадамоти амнияти кишвар бесобиқа аст. Вале лоиқи таассуфаст, ки баъди ба кори дигар гузаштани Саидамир Зуҳуров тӯли чанд соли охир аксари кормандонибосалоҳияту соҳибихтисос ва бештарин собиқадорони хадамоти амният, ки ӯ бо меҳру муҳҳаббатибепоёне дар гирдаш ҷамъ оврда буд, бо озурдагӣ тарки ин идора намуданд. Тасвиру тавсифи инмушкилот мавзӯи сӯҳбати дигарест …
Баробари ҳалимию меҳрубонӣ вазири амният дар талаби иҷрои супоришҳо басо сахтгиру серталаб буданд. Дар ин ҷода бо баъзе аз зердастон «сурху сафед» мешуданд, вале ҳеҷ гоҳ чизеро дар дилнигоҳ намедоштанд. Касеро ранҷонда бошанд, баъдан кӯшиш мекарданд, ки ранҷидахотириро аздил дур кунанд.
Чанд сол қабл аз ин бо роҳбарии Саидамир Зуҳуров ман ва собиқ сардори яке аз Раёсатҳои вазоратполковник Фарҳод Маҳкамов барои ширкат дар ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои махсуси кишварҳоимуштаракулманофеъ ба шаҳри Кишинёв сафар карда будем. Он солҳо одат шуда буд, кинамояндагон ҳангоми вохӯрӣ ба ҳамдигар армуғони хотиравӣ тақдим мекарданд. Мо пешакӣ тайёрӣдида, якҷоя бо Фарҳод қолинчаҳои майдаи истеҳсоли корхонаи қолинбарории Қайроққумро, китабиати зебои кишварамонро мунъакис гардонда буданд, аз Душанбе ба Кишинёв бурдем. Тӯҳфаҳодаруни боғочи калоне ҷо гирифта, хеле вазнин ҳам буданд. Рӯзи дуюми ҷаласа ҳангоми дамгириинисфирӯзи роҳбалади молдовии мо тозон омада эълон кард, ки тӯҳфаҳоро зудтар вориди толорикалон бояд кард, зеро пас аз чанде маросими тӯҳфасупорӣ оғоз мегардад. Ҳамроҳи Фарҳод тӯҳфаҳоикалонҳаҷмро кашолакунон вориди толор гашта дар гӯшае гузоштем. Генералҳо сари миз хӯрокмехӯрданд ва чанде бо тааҷуб сӯи мо назар афканда монданд. Ҳарду тез баромада паси дар истодем. Баъди фурсате акои Саидамир дарро кушода аз толор баромад. Аз авзояш маълум буд, ки аз ин амали мо сахт дар қаҳр аст. Ба сӯям қадам монда нидо кард:
— Султон! (маро ҳамин тавр ном мебурд).
— Майлаш, маро-ку фалонсувор мегӯянд, лекин ту ҳам қутоссувор будаӣ-ку! Охир, кӣ фармуд, ҳангомихӯрокхӯрӣ қолинчаҳоро шарақшуруқкунон оварда дар толор партоед?! Яктоашро ба мизбон супурдан даркор буду халос…
Ману Фарҳод чӣ гуфтанамонро надониста лолу карахт шуда мондем. Ӯ пас аз лаҳзае ба толорбаргашт. Роҳбалади молдовӣ ҷиддӣ будани вазъиятро ҳис карда ба тезӣ ғайб зад. Мо ҳарду бо табъи хира гапзанон карда тахмин мекардем, ки ҷазое моро интизор аст.
Баъди ним соат роҳбарон як-як аз толор баромадан гирифтанд.
Ниҳоят акои Саидамир аз дар намоён шуд. Аз рӯи эҳтиёт ҳардуи мо «гунаҳкорон», ба ҳар ҳол, дуртармеистодем. Чашмаш ба ман афтод:
— Султон, ҳой Султон!- муроҷиат кард.
-Лаббай акои раис,- бо овози хаста ҷавоб додаму интизори
давоми сарзаниш шудам.
-Рафтем ширчойхӯрӣ, ҳазломез хитоб карданд акои Саидамир ва қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Кӯҳигароне гӯё аз сари китфи ману Фарҳод афтода бошад, як нафаси сабуке кашидем. Ранҷидахотирӣҳамон лаҳза аз миён рафт.
-Молдова куҷову ширчойи Бадахшон куҷо!,- гӯён баъди ин ҳарсе завқкунон механдидем…
Рӯзе бо коре вориди собиқ утоқи кории акои Саидамир — Дастгоҳи иҷроияи Президент гашта будам. Дар ҷои кор ӯро пайдо накардам. Аз котиба, зани ҳалиму хушчақчақ Александра Дмитриевна пурсоншудам.
— Падари Сайвалӣ — ронандаи собиқаш дар Вазорати амният аз дунё рафтаанд, барои тасаллиятутаъзия баромада буданд…
Чунинанд лаҳзаҳои кӯчаке аз зиндагиномаи генерал — полковники хадамоти амният, ин марди обрӯманду поктинат, хоксору оддӣ ва дилсӯзи халқу кишвар.
Вале андешае маро лаҳзае ҳам ором намегузорад. Замон ва шароити навини кишвар кайҳост, кизарурати инқилоби кадриро ба миён гузоштаанд. Ҳукуматро бояд он чеҳраҳои шинохтае идоранамоянд, ки дар қалби мардум аз тинати мусаффову поку беолоиш, истеъдоди фитрӣ, захоирибузурги зеҳниву ақлонӣ ва ҳунари волои ташкилотчигиву заҳматдӯстӣ кохе бунёд намудаанд. Ва дарин миён алҳол, аксаран онҳое вазифаю курсиҳои баландро соҳибанд, ки соҳаеро ба куллӣ харобкардаанд ва ё дасти каҷу нияти нопокашон ба мардум ба ҷуз зарар чизи дигаре армуғон наовардааст. Курсиивазкуниҳои «штатӣ»-и ин зумра, ба ростӣ, ки ба дили ҳама кайҳо задааст. Фарди шинохтаиравшанзамиру озодае чун Саидамир Зуҳуров, ки тӯли умри бобаракаташ аз кисаи халқ барояш накӯшку қасре, на мошини хориҷиву тарабхонае бунёд намудааст ва мардум азизу гиромиаш медоранд, дар сояи ин курсиҳои баланд ками кам ба назар мерасад. Бузургон фармудаанд:
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб бувад баланд ба мард.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми сарзамини мо аз соҳили дарёи Сир то доманаҳои Рашту Хатлон ва қуллаҳои Бадахшон чунин фидоиёни дилёб, фарзандони барӯмандашро, ки баҳри хушрӯзии онҳо ранҷи воқеиву заҳмати шабонарӯзӣ кашидаанд, нағз мешиносанд ва қадрдонӣ мекунанд. Подоши ин ҳама заҳматҳо, чун шамъ сӯхта ба дигарон рӯшанӣ бахшиданҳо танҳо пайроҳаест дар қалби ҳамкорону ҳамдиёрон. Пайроҳаи некию накӯкорӣ, одаму одамгарӣ…
Бознашр аз Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ