Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор
Номи Кароматуллои Қурбон миёни дилдодагони савту наво маҳбубияти хосса дорад. Ин сарояндаи зиндаёд дар муддати умри кӯтоҳи худ бо суруду оҳангҳои дилнишин дар дилу дидаи мардум то абад ҷой гирифтааст. Агар ӯ зинда мебуд, имрӯз ба синни 57 мерасид. Афсӯс, ки ӯ хеле ҷавон аз олам даргузашт.
Кароматулло дар ёду қалбҳои ҳаводоронаш ҳамеша зинда аст. Ӯ дар тӯли умри кӯтоҳи худ тавонист бо суруду оҳангҳои дилншин дар дилу дидаи ҳазорон мухлисони савту наво то абад ҷой гирад. Бо меҳр месароид, то оҳангҳояш хотири шунавандагонашро болида намоянд.
Инак фишурдае аз ҳаёту рӯзгори ин ситораи нотакрори санъати эстрадаи тоҷикро манзури хонандагони АМИТ «Ховар» мегардонем.
Солҳои 1980-1992 санъати тоҷикро ин ахтари тобон ҷило медод. Зери лаб хӯрду бузург таронаҳои ин булбули хушсадоро замзама мекарданд. Исмаш вирди забонҳову таронаҳояш зери лабҳо замзама мешуд. Ўро ҳам пиру ҳам барно эҳтиром намудаву дӯсташ медоштанд. Сарояндагони зиёде ба сабку услуби ӯ пайравӣ мекарданд. Зеро таронаҳояш дилнишин, садояш марғуладору истеъдодаш фавқулода буд.
Шӯҳрати ҳунару истеъдоди волои сурудхонии Кароматулло Қурбонов – ҳофизи беҳтарини эстрадаи тоҷик дар кишварҳои собиқ шўравӣ, мамолики форсизабону туркзабон ва Ҳинду Аврупо то ҳол боқӣ мондааст.
Ӯ 29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, айёми кӯдакиаш дар ҳамин шаҳр гузаштааст. Ихтисоси касбиро соли 1982 дар Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзода гирифтааст.
Ҳанӯз аз овони мактабию донишҷӯияш Кароматулло Қурбонов худро дар ҷодаи санъат нишон дода, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ суруд мехонд ва баъди хатми донишкада аввал дар дастаи ҳунарии «Суғдиён» ва сипас ҳамчун овозхони оркестри эстрадии «Гулшан»-и назди Телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуд.
Шӯҳрати Кароматулло Қурбонов солҳои 1984-1990 ниҳоят баланд буд. Ҳунарнамоиҳои Кароматулло Қурбонов дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён буд ва мардум сурудҳои ин санъаткорро бо ишқу муҳаббати беандоза гӯш мекарданд. Ӯ на танҳо хонандаи сурудҳои тоҷикӣ буд, балки сурудҳои русиву ҳиндиро низ бо эҳсосоти пур аз муҳаббат месароид. Бо ин роҳ дар дили ҳазорон нафар роҳ меёфт.
Ба баъзе давлатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои шарқи наздик, кишварҳои собиқ шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ низ анҷом дода, шӯҳрати санъати тоҷикро ба онҳо шинос ва боло бардоштааст.
Кароматулло Қурбонов тавонист тӯли умри кӯтоҳаш зиёда аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд. Сурудҳои «Лаъли лабони ман биё», «Турки камонабрӯ», «Санги мазорам» аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоро ниҳоят шӯҳратманд кардаанд. Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд
Аз 3 фарзанди Кароматулло Қурбонов ду нафари онҳо ба санъат рӯ оварда, касби падарро идома дода истодаанд.
Муҳаммадрофӣ ва Нозия дар зиндагӣ мисли падарашон ҷодаи санъатро ихтиёр намуда, номи накӯ ва эҷодиёти Кароматулло Қурбоновро идома медиҳанд. Муҳаммадрафӣ роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозия узви ин ансамбл мебошанд.
Ҳамаи 76 суруди Кароматуллои Қурбон хубу беҳтарин ва бомазмуну рӯҳнавозанд. Инҷо якчанд таронаҳоеро номбар мекунем, ки аз ҷониби шунавандагону мухлисони асилаш зам-зама карда мешаванд: «Борони баҳор», «Ман агар мастам», «Ту ҳам ёде бикун аз ман», «Сабзак лаби ҷӯ», «Дигар марав», «Бо ман бимон», «Шаби ошиқони бедил», «Бо дили дарё нишинам», «Чӣ дидаму чӣ дидам», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Турки камонабрӯ», «Андак-андак», «Рақс бикун ҷоно», «Танҳо шудам», «Санги мазорам» ва «Хайрбод». Ин сурудҳо ҳоло ҳам оҳанг, бадеияту ҷаззобият ва дилнишинии худро гум накардаанд. Балки ҳамеша чун гулҳои хушнакҳату ботароват номи ин ҳунарманди нотакрорро зинда нигоҳ медоранд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 29 ноябр Муҳаммадрафии Кароматулло бахшида ба зодрӯзи падараш-ҳунарманди номдори тоҷик Кароматулло Қурбонов дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев консерт барпо намуда, бо таронаҳои наву дилнишин хотири мухлисонашро шод мегардонад.
Бознашри маводи Зарангези ЛАТИФ,
аз АМИТ «Ховар»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ