Зодрузи Бозор Собирро бе ҳузураш қайд мекунем

Шоири шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир имрӯз 79-солагиашро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷашн мегирад.
Тавре як манбаъ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон хабар дод, Бозор Собир «аввали моҳи ноябр ба Душанбе баргаштанӣ буд, вале вазъи саломатиаш ба ин имкон надод».
«Баъди пурра шифои ёфтан шоир ният дорад, ки ба ватан баргашта китоби нави худро ба нашр расонад, — гуфт манбаъ. — Бозор Собир ояндаи наздик маҷмӯааи нави ашъори худро, ки қаблан чоп нашуда буданд, ба табъ расониданист».
Ҳамчунин зикр гардид, ки «мухлисони Бозор Собир баҳри маблағгузорӣ ба нашри китоби нав омодаанд».
Бозор Собир дар 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *