Зоиров: ҲСДТ митинг баргузор мекунад…
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмии ҳизбаш пас аз интихоботи парлумонӣ мегӯяд, ки Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботро тақаллубӣ арзёбӣ карда, онро эътироф намекунад.
Ҳамчунин дар изҳороти расмӣ омадааст, ки дар даҳ рӯзи оянда ҲСДТ баргузоркунии даҳ митингро баррасӣ хоҳад кард.
Чунин хулоса зимни ҷаласаи Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ, ки санаи 5 март баргузор шуд гирифта шудааст.
“Изҳороти сиёсии Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон
Имрӯз, 5 марти соли 2020, ҷаласаи Раёсати Шӯрои сиёсии (РШС) ҲСДТ оид ба натиҷаҳои пешакии интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба чунин хулоса омад, ки натиҷаҳои интихобот на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва комилан тақаллуби аст, аз ин рӯ ин натиҷаҳоро эътироф намекунад.
РШС ҲСДТ аз он изҳори таассуф мекунад, ки арзишҳои интихобот, раъйи интихобкунандагон сарфи назар карда шуд, ки дар натиҷа интихобот ғайридемократӣ, ношаффоф ва беадолатона баргузор гардид.
14 созмони нохиявӣ ва шаҳрии ҲСДТ ва теъдоди зиёди ҷонибдорони ҳизб пешниҳод намудаанд, ки ҳамчун шакли эътирози мардумӣ дар робита ба эълони пешакии натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдиҳамои доир намоем.
Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ баргузорнамудани ҳамагуна шаклҳои эътирози мардумӣ, бахусус гирдиҳамоиҳои бидуни мувофиқаро дар шароити имрӯз (феъли) намепазирад, зеро, ки ҲСДТ созмони сиёсии қонунпазир ва мутамаддин аст, ки тартиби муқарраршударо риоя ва аз халалдор гардидани амнияти шаҳрвандон худдори менамояд.
Тарз ва усули ташаккули Маҷлиси намояндагон набояд боиси беэътидол шудани авзои иҷтимоиву сиёсӣ ва, боз як бор такрор мекунем, ки халалдор гардидани амнияти шаҳрвандон гардад.
Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ қарор мекунад:
- Натиҷаҳои пешакии интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ аст;
- ҲСДТ як созмони мутамаддини сиёсист, аз аъзои ҲСДТ ва ҷонибдоронаш хоҳиш менамояд, ки аз баргузории ҳамагуна шаклҳои эътирози мардумӣ, бахусус гирдиҳамоии бидуни мувофиқӣ, худдори намоянд;
- Натиҷаҳои интихобот кушиши навбатии тадриҷан заиф кардани эътибору заминаҳои иҷтимоии ҲСДТ-ро аз ҷониби роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мекунад;
- Дар давоми 10 рӯзи оянда гузаронидани гирдиҳамоиҳои (митингҳои) яквақта дар панҷ маркази минтакавии ҷумҳурӣ бо риояи тартиби муқарраршуда дар робита ба натиҷаҳои интихобот баррасӣ хоҳад шуд;
- ҲСДТ аз пешниҳоди шикоят ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон худдори менамояд, зеро ки дар Тоҷикистон дар шароити муосир адолати суди вуҷуд надорад;
- ҲСДТ ҳамаи далелҳои дастрасро ҷамъовари намуда ба КМИР, Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиёии иқтисодӣ пешниҳод мекунад.
- Дар моҳи май Анҷумани ғайринавбатии ҲСДТ даъват карда шуда, дар он масъалаи мазкур барраси ва чораҷӯӣ карда мешавад.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ