Зоиров: Маҳмурод бояд таслим шавад
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтааст ки , муовинаш Маҳмурод Одинев дар озодӣ аст ва аз худ дарак додааст. Аммо ӯ ҷои буду боши Одинаевро ошкор накардааст
Ба қавли Зоиров, ӯ ҳангоми фирор аз хона пояҳош лат ёфтаю ҳоло муолиҷа мегирад.Ин суханонро ӯ имрӯз дар нишасти матбуотӣ, дар Душанбе гуфтааст. Одинаев гӯё ҳангоми аз амалиёти маъмурони интизомӣ гурехтанаш ба ин ҳолат гирифтор шудааст. Вале раҳбари ҲСДТ гуфтааст,ки муовинаш бо ин шакл наметавонад ба табобати худ идома диҳад. «Таслим шуданаш даркор аст, аз ин роҳ наметавонад табобат гирад», — изҳор доштааст Раҳматилло Зоиров. Аммо маълум нест,ки чӣ гуна Одинаев тавонистааст,ки бо пойҳои ҷароҳатёфта аз маъмурон фирор кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ