Зокирзода бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ мулоқот кард

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Гуруҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва парламенти он дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса изҳор менамояд.

— Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондааст. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо, воқеан, бозувони тавонои миллатҳо ва давлатҳо мебошанд, ки дар густариш ва тавсияи равобити байни давлатҳо нақши босазо доранд,- таъкид намудааст раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Гуруҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистонро оғози фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкориҳои маҷлисҳои ҳар ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дӯстии муштарак гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *