Зокирзода: Дар Тоҷикистон озодии баён таъмин аст

Имрӯз, 11-уми март  Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Парлумони Тоҷикистон журналистонро ба иди касбиашон, яъне рӯзи матбуоти тоҷик табрик кард.

“Вохӯрии имрӯзаи мо бо рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки аз онҳо ҳамчун хабарнигорони парлумонӣ ном бурда мешавад, дар рӯзи таҷлили матбуоти тоҷик сурат мегирад. Аз ин рӯ, бо истифода аз ин фурсати муносиб ман ва аз номи вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми рӯзноманигронро ба иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хонаи обод ва дар касби интихобнамудаатон барору комёбӣ таманно дорам”, -иброз дошт Зокирзода.

  Ҳамчунин,  Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки саҳми воситаҳои ахбори омма, дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим дорад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон озодии баён таъмин буда, фаъолияти васоити ахбори омма дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар  бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ танзим карда мешавад.

Ҳамасола ҷомеаи рӯзноманигори тоҷик иди касбии худро рӯзи 11-уми март таҷлил менамоянд. Аслан дар Тоҷикистон то соли 1995-ум  «11-уми март» ҳамчун рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» таҷлил мегардид. Бо ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби Парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифтаст ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *