Зуҳуров: 1800 сомонӣ барои корхонаи семент маоши паст аст
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба зарарнок будани фаъолият дар корхонаи семент барои саломатии инсон 1800 сомонӣ муқаррар шудани маоши миёна дар корхона одилона нест.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба зарарнок будани фаъолият дар корхонаи семент барои саломатии инсон 1800 сомонӣ муқаррар шудани маоши миёна дар корхона одилона нест.
Шукурҷон Зуҳуров ба ҳангоми баррасии Созишномаи сармоягузории ширкати “Моҳир Семент” дар бунёди корхонаи тавлиди семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар иҷлосияи парлумони Тоҷикистон дар рӯзи 24 июн гуфт, ки мақомоти ин ширкат бояд дар мавриди маоши коргарон таҷдиди назар карда ва ба коргарон ба таври ройгон маҳсулоти ширӣ тақсим кунад.
Дар ҳамин ҳол, Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии лоиҳаи созишномаи Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Моҳир Семент” гуфт, ин ширкат дар ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи семент бунёд кардааст, ки ҳамасола ба миқдори 600 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад.
Вай афзуд, сармояе, ки ширкати “Моҳир Семент” барои сохтмони корхонаи тавлиди семент масраф кардааст, 300 миллион сомониро ташкил додааст.
Феълан дар корхона 120 нафар фаъолият доштааст, ки 90 дарсади он коргарони маҳаллӣ будаанд.
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкати “Моҳир Семент” ба муддати 5 сол аз ҳамаи андозҳо озод гардид. Андози солонаи ин ширкат 40 миллион сомонӣ будааст.
Ҳамзамон, вакилони парлумон аз масъулони ширкати “Моҳир Семент” тақозо карданд, ки ба ҳангоми бунёд ва мавриди истифода қарор додани корхонаи семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ масоили экологӣ ва олуда насохтани муҳити атрофи корхона диққати ҷиддӣ диҳанд.
Зеро корхона дар маҳали аҳолинишин, 5 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ буда ва дар сурати фаъолияти комили корхона мумкин аст ба аҳолӣ аз партовҳои он ба фазо осеб расад.
Вакилон дар ин замина ба Истгоҳи энергияи ҳароратӣ (ТЭЦ) дар шаҳри Душанбе ишора карданд, ки аз ҷониби ширкати чинӣ бунёд шуда ва дар марҳилаи аввал партовҳои сиёҳи он ба манзилҳои сокинони атрофи корхона рехта ва боиси норизоятии аҳолӣ шуда буд.
Зимнан, ширкати “Моҳир Семент” бо маблағи сармоягузорони Чин дар соли 2016 дар ноҳияи Ёвон корхонаи тавлиди сементи “Чунгтсай Моҳир Семент”-ро мавриди истифода қарор дод, ки солиёна 1,2 миллион тонна семент истеҳсол мекунад.
Дар рӯзи 6 сентябри соли 2018 бошад маросими ифтитоҳи корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент”, ки ба хотири истеҳсоли қубури оҳану бетонӣ сохта шудааст, баргузор шуд.
Дар назар аст, ин коргоҳ дар як шабонарӯз 72 метр қубури қутрашон аз 500 то 2000 миллиметрӣ истеҳсол кунад.
Феълан дар Тоҷикистон 18 корхонаи тавлиди семент фаъолият доранд, ки дар 4 моҳи соли ҷорӣ 1,2 миллион тонна семент истеҳсол кардаанд.
Корхонаҳои сементи Тоҷикистон талабот ба ин навъи маҳсулотро дар дохили кишвар пурра қонеъ сохта ва маҳсулоти дигарро ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ