Зуҳуров аз монополияи барқ нигарон аст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, раванди феълиро, ки ҳам истеҳсол ва ҳам фурӯши барқ дар ихтиёри як ниҳод қарор дорад, мояи нигаронӣ хонд. 

Маҷлиси намояндагон  созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он ҷудо намудани 280 ҳазор доллари амрикоӣ барои таҳкими иқтидори Вазорати энергтика ва захираҳои об дар назар аст.
Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла дар назар аст, заминаҳои ҳуқуқӣ барои таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” таҳия ва такмил дода шаванд: “Мо солҳои дароз дар ин бора сӯҳбат дорем, аммо имрӯз маҷбурем, пешниҳодҳо кунем, ки чӣ тавр он сохтор таҷдид шавад, чӣ тавр масрафи нерӯи барқ зери назорат бошад, чӣ хел кунем, ки масрафи зиёдатӣ ё дуздии барқ аз байн равад”.
Раиси парлумон дар инҳисори як идора қарор доштани раванди истеҳсолу интиқолу фурӯши барқро низ мояи нигаронӣ хонд: “Ба ҳама маълум аст, ки вақте як идора, як ташкилот барқро истеҳсол мекунад, барқро мегирад ва худи ӯ боз барқро мефурӯшад, дар ин ҷо камбудиҳо ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат назорат кардан душвор мегардад”.

Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки ҳоло дар бораи нархгузориҳои барқ суҳбатҳо зиёд ҳастанд: “Тарифҳо бояд аз рӯи адолат ва аз рӯи истеҳсол бошад. Мебахшед имрӯз барқро аз “Сангтӯда 1” ё “Сангтӯда 2” бо як нарх мехарем ва бо нархи камтар онро фурухта истодаем, чӣ тавр баъд дармад мешавад, чӣ тавр баъд “Барқи тоҷик” қарздор намешавад”.

Зуҳуров аз Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хост, иҷрои созишномаи тасвибшударо, ки ба таҳқими иқтидори Вазорат равона шудааст, зери назорати ҷиддӣ гирад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *