Зуҳуров ба Раббонӣ: Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон аст

  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо  вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, ки  бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов Раиси Маҷлиси намояндагон дар оғози мулоқот иброз намуд, ки ба Шумо барои саҳми арзандаатон дар тақвияти муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, ки дар заминаи муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, равобити қадимии дӯстӣ ва бародарии миллатҳои мо асос ёфтаанд, изҳори сипос менамоям.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмуъ минтақа аст. Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густариши ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии дӯст ва бародари Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо мебошад.

Шукрҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки тараққиёти комили минтақа аз Давлати Исломии Афғонистон вобастагии калон дорад. Зеро оромии Афғонистон ин пеш аз ҳама оромии минтақа аст. Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз созмонҳои баланди байналмилалӣ баромад намуда ҳалли қазияи Афғонистонро бо роҳи сулҳомез ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро пешниҳод намудааст.

« — Мо имрӯз бисёр бо некӣ аз шодравон, шахсиятҳои бузурги таърихӣ Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд  ёд мекунем. Ин ду шахсияти бузург, дар солҳои барои Тоҷикистон хеле душвор кумаки худро дареғ надоштанд. Ин шахсиятҳо дар сулҳи тоҷикон нақши калиди бозидаанд» -гуфт Раиси парламенти мамлакат.

Шукурҷон Зуҳуров, сипас бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ на танҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду  тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид.

Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки зиёда  аз 80 санади дуҷониба мебошад, изҳори қаноатманди карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои имзошуда, мақомоти дахлдори ду кишвар бояд бештар фаъол бошанд.

Атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *