Зуҳуров ба Русия меравад

Пагоҳ ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, роҳбари парлумон, озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия хоҳад шуд. Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, қарор аст ин ҳайат рӯзҳои 22 то 26 ноябри соли ҷорӣ дар кори комиссияҳои доимии Ассаблеяи байнипарлумонии кишваҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ширкат кунад. Ҳамчунин дар назар аст, ки зимни ин сафари расмӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия ва ҳайати воломақоми парлумони Молдова ва дигар нафарони расмӣ мулоқот намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *