Зуҳуров: Роҳи пулакиро ҳам назорат кунед
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлёти Тоҷикистон дар пасманзари роҳбандиҳои зимистони гузашта, ба намояндагони мардумӣ дар парлумон оиди омодагиҳояш ба зимистони оянда ҳисобот дод.
Худоёрзода 11 октябр зимни баромадаш дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон гуфт, барои омодагӣ ба зимистон дар Вазорати нақлёт 6 гурӯҳи зудамал ташкил шудааст: “Гуруҳҳои зудамал дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Душанбе- Кӯлоб ва Душанбе -Хоруғ кор мебаранд. Як нақшаи чорабиниҳо ташкил карда шуда, дар масъалаи нигоҳдории роҳҳо, омодагӣ ба зимистон корҳо идома доранд”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз вазини нақлиёт хост, дар маконҳои мушкилзо техникаи роҳтозакунӣ таъмин гардад, то ҳолатҳои ногувор сари вақт бартараф шаванд: “Техника, ки бошад, сари вақт масъаларо ҳал кардан мумкин аст”.
Дар посух Худоёрзода гуфт, ниҳоди тобеяш техникаи кам дорад: “Аз 586 адад техникае, ки ҳаст, тақрибан 486 ададаш дар ҳолати коршоям асту халос”.
Шукурҷон Зуҳуров бо тасдиқи камбуди техника дар Вазорати нақлёт дар хитоб ба Худоёрзода афзуд, “ин роҳҳои пулакие, ки дорем онҳоро низ назорат кардан лозим, ки проблема накунанд. Дар ҳама қитъаҳое, ки дар назар дорем, бояд техника барои тоза кардани роҳҳо бошад”.
Ин дар ҳолест, ки зимистони гузашта дар кишвар роҳбандиҳои зиёд сурат гирифта, боиси саргардонии мардум, ҷаҳиши нархҳо ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ