Зубайдамоҳи Саидназар: Модар бояд ҳамдаму ҳамрози духтараш бошад!

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ Зубайдамоҳи Саидназар мебошанд. Модари азиз ҳаштоду панҷ сол дошта, ҳашт духтару ду писарро ба воя расонидаанду қаҳрамонмодар ба ҳисоб мераванд. Саволи мо ба модари гиромӣ чунин аст:

-«Духтар чӣ гуна модар намуна» ин зарбулмасали халқӣ то куҷо ҳақиқат дорад?

-Дар зиндагӣ ягон ҳикмат бе асоси маънавӣ нест, ҳама чиз ҷову макони худро дорад. Ман гумон мекунам, ки шакли дурусти ин зарбулмасал- модар чӣ гуна духтар намуна бояд бошад. Зеро духтар намунаи модари хеш мешавад. Агар дар ҳаёти оилавӣ писарон аз падар оини ҷавонмардиву адолату ҷасур буданро омӯзанд, духтарон бисёртар даври домони модар чарх мезананду аз модар ҳама чизро ёд мегиранд. Нақши модар дар табияи фарзандон калидӣ аст, новобаста аз ҷинсашон, вале тарбияи духтар вижагиҳои худро дорад. Модаре, ки мехоҳад духтараш фардо номбардори ӯ гардад, бояд худаш идеал бошад. Бо хушахлоқӣ, ҳунармандӣ, сарфакорӣ, эҳтироми калонсолон. Касе, ки барои писараш келин карданӣ шавад, аввал ба хонадоне меравад, ки он ҷо модари хуб ҳаст. Модари ҳамон духтар ба хусуру хушдоман чӣ хизмат кардааст, ба шавҳар чӣ гуна муносибат дорад, ба ҳаққу ҳамсоя чӣ хел рафтор мекунад маҳз ҳамин чизҳоро аввал ба ҳисоб мегиранд. Зеро медонанд, ки аз модари хуб ҳаргиз духтари бад намерӯяд. Имрӯз ақидае ҳаст, ки оилаву мактаб тарбия мекунанд, вале мешавад, ки муҳит ба характери кӯдак таъсири бад мерасонад. Бовар кунед, агар духтаре, ки дар оилаи хуб тарбия ёфтаву обрӯи волидайн барояш болотар аз ҳама гуна бозиву хурсандист, ҳаргиз ба таъсири муҳит дода намешавад. Ба бадроҳаву беадаб ҳамроҳ намешавад, баъзе модарони мо дар «тарбия» аз ҳад мегузаронанд. Яъне, сахт мегиранд, рӯҳи наврас нозуктар аз барги гул аст, ӯро ба нармӣ фаҳмондан мумкин, бо духтарон модар бояд дугона шавад. Духтар тавонад, ки сири дили худро ба модараш бовар кунад, ана инро тарбия мегӯянд. Агар модар ҳамдаму ҳамроз ва идеали духтараш набошад, ӯ аз ҷойи дигар идеал мекобад. Модар бояд меҳрубон бошад, чунки фарзанд модари меҳрубон надошта бошад, ин меҳрро аз ҷойи дигар мекобад. Дар қатори одоби неку ҳунар ба духтарон бояд меҳру муҳаббатро низ арзонӣ дорем. Мо дар шахси духтарони хеш, модарони фардоро тарбият мекунем ва эҳтиёт бояд шуд.

                                                                             Суҳбати Дилошӯб            

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *