Зубайдулло Азиззода: Нияту ормонҳои зиёд дорем
Рушди соҳаи маориф барои рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин росто, фаъолияти муассисаҳои таълимии тиббӣ назаррасу муфид аст. Яке аз чунин муассисаҳо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ба шумор меравад.
Аз таърихи муассиса
14-уми октябри соли 1953 бо фармони шуъбаи тандурустии вилоятии Кўлоб, №105 мактаби тиббии шаҳри Кўлоб таъсис дода шуд. Як сол пас муассисаи номбурда ба омўзишгоҳ табдил ёфт. Аз соли 1990 он бо номи коллеҷи тиббӣ фаъолияти густурда дорад. Соли 2019 ба коллеҷи мазкур номи доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз гузошта шуд.
Азиззода Зубайдулло Абдулло — директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мегӯяд, ки соли оянда 70-солагии таъсиси коллеҷ таҷлил хоҳад гардид. Ба ин муносибат “Энсиклопедияи коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” омода гардида истодааст ва дар нақша аст, ки он бо теъдоди 500 нусха дастраси хонандагон гардонида шавад.
— Хизмати муассисаи мазкур дар беҳдошти сиҳатии мардуми минтақаи Кўлоб дар давоми солҳои сипаришуда басо калон аст. Солҳои фаъолияташ ин даргоҳи донишро 25 861 нафар мутахассисони миёнаи тиббӣ хатм намудаанд. Айни замон дар муассиса ба 3530 нафар донишҷӯён як доктори илми тиб, ду нафар номзадони илмҳои тиб, як нафар номзади илмҳои филологӣ ва 2 нафар номзадони илмҳои педагогӣ, 213 нафар омўзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Агар соли 2021 коллеҷро 1152 нафар (37 нафар бо дипломи аъло) хатм карда бошанд, пас ин шумора соли 2022 ба 1016 нафар (41 нафар бо дипломи аъло) расидааст,- афзуд ӯ.
Заминаи моддӣ-таълимӣ
Ба гуфтаи З. Азиззода, айни замон коллеҷ дорои 5 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ барои 420 нафар донишҷў, 1 ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, 1 маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсевтӣ, 1 маркази таълимӣ-табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, маркази омўзишии малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 141 кабинетҳои таълимӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 2 майдончаю толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ барои 110 ҷойи нишаст ва китобхона мебошад. Дар давоми соли равон дар муассиса ба андозаи бештар аз 431 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ барои беҳдошти таълим масраф гардидааст. Ҳоло сохтмони бинои хобгоҳи нуҳошёна барои 700 ҷой идома дорад. Шумораи компютерҳо дар коллеҷ 151, принтерҳо 42, тахтаҳои электронӣ 12, проектори мултимедӣ 13 ададро ташкил медиҳад.
Дар нуҳ моҳи аввали соли 2022 барои китобхона 1 152 адад китобҳои дарсӣ харидорӣ карда шудааст. Айни замон дар хазинаи китобхона ҳамагӣ 19 163 адад адабиёти таълимӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар назди китобхона китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютер ва 1 адад принтер пайваст бо хати интернетӣ фаъолият менамояд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 10 000 нусха адабиёти таълимиро дар шакли электронӣ дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки аз рўи 7 ихтисос муассиса кадрҳои миёнаи тиббӣ омода месозад. Ҳоло аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи мориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси кори табобати дандон иҷозат дода шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки дар заминаи коллеҷ шуъбаи такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шудааст, ки то ҳол дар он зиёда аз 60 нафар кормандони муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Дар назар дошта шудааст, ки бинобар мавҷуд будани талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон дар коллеҷ соли ҷорӣ омодасозии мутахассисони ихтисоси кори ҳамширагӣ дар косметология ба роҳ монда шавад.
Бино ба иттилои ҳамсуҳбатамон, айни замон бо ин мақсад заминаи моддию таълимӣ омода гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Агентии назорат дар соҳаи мориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.
Аз оғози соли ҷорӣ бо иқдому ташаббусҳои кормандони 17 кафедра 18 дарси кушоду намунавӣ, 7 конфронси илмӣ-сиёсӣ, 4 конфронси илмӣ-назариявӣ, 6 озмунҳои касбии тахассусӣ ташкилу баргузор гардидаанд.
Соли таҳсили ҷорӣ 5 нафар донишҷўёни аълохон гирандагони стипендияи номӣ мебошанд. Аз онҳо Маҳмадова Дилноза гирандаи стипендияи Президентӣ, 4 нафари дигар гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлонанд. Аз шумораи умумии донишҷўён 673 нафар бо стипендияи давлатӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар коллеҷ стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз аз ҷониби фарзандонаш таъсис дода шудааст, ки ҳамасола он ба 10 нафар донишҷўён дода мешавад. Оянда шумораи гирандагони он ба 20 нафар ва ҳаҷми маблағи солонаи он аз 10 ҳазор ба 20 ҳазор сомонӣ боло бурда мешавад.
Донишҷўёни коллеҷ малакаю таҷрибаро дар 33 муассисаю корхонаҳои тандурустии минтақа меомўзанд.
Ҳамкориҳои дохиливу байналмилалӣ
Баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба, воридсозии услубҳои муосири таълим муассиса ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна, олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажуҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, омўзгорӣ, Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Санкт-Петербург, Бишкек, Остона, Волгоград ва Тошканд ҳамкории самаранок дорад.
Нияту ормонҳо
Зимнан, Азиззода Зубайдулло Абдулло — директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мегӯяд, ки як қатор нияту ормонҳо доранд:
— афзоиш додани хазинаи китобхона бо адабиёти таълимӣ;
— бештар намудани шумораи компютеру дигар таҷҳизоти электронӣ;
— вусъат додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ;
— баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омўзгорон;
— сохтмони 2 адад толорҳои лексионӣ;
— ташкили лабораторияҳо аз фанҳои дақиқ (химия, биология, физика ва ғ.);
— омодасозии лоиҳаи сохтмони бинои нави таълимии коллеҷ ва дармонгоҳи наздиколлеҷӣ;
— ташкили такмили ихтисоси омўзгорон дар хориҷи кишвар.
Нурулло ҲАСАНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ