Зуком барои кӯдакон чӣ хатар дорад?
Грипп ё зуком барои бисёриҳо як бемории хеле оддӣ менамояд, вале дар асл бепарвоӣ нисбат ба ин касалии зоҳиран сабук метавонад боиси гирифтор шудан ба дигар бемориҳои шадид гардад.
Зуком бемории вирусӣ буда, сироят ёфтан аз он хеле осон аст, бинобар ин, падару модарон бояд худ ва фарзандонашонро аз ин беморӣ эҳтиёт намоянд.
Чаро кӯдакон бештар грипп мешаванд?
Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯдакон нисбат ба калонсол 4-5 мартиба бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Сабаби тез-тез грипп шудани бачаҳо дар он аст, ки ҷисми хурдтаракон нисбат ба организми мо, калонсолон заифтар буда, ба зудӣ аз вирусу бемориҳо сироят меёбанд. Кӯдаконе, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, нисбат ба ҳамсолони деҳотии худ бештар бемор шаванд. Як сабаби тез-тез грипп шудани бачаҳои шаҳрӣ дар ба боғча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтани онҳо бошад, сабаби дигараш дар он аст, ки бо сабаби зиёд будани нақлиёту корхонаҳои саноатӣ ва ифлос будани ҳавои шаҳр иммунитети кӯдакони шаҳрӣ нисбат ба бачаҳои деҳот заифтар аст.
Хурдтараконро эҳтиёт кунед!
Гирифторшавӣ ба зуком махсусан дар кӯдакони синну соли аз як то сесола бештар ба мушоҳида мерасад. Тез-тез грипп шудан дар ин синну сол барои бачаҳо аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки новобаста аз давраи беморӣ метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор оварад. Фаромӯш накунед, ки зуком бемории сироятӣ буда, пеш аз ҳама ба роҳҳои болоӣ ва поёнии нафас зарар мерасонад. Барангезандаи ин беморӣ вирусҳо буда, бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, ҳангоми атса задан, сулфидан ва ҳатто сӯҳбат кардан аз шахси бемор ва одамони солими дар атрофаш буда, аз ҷумла ба кӯдакони хурдсол гузашта метавонад. Давраи инкубатсионӣ, яъне аз сироят ёфтан то бемор шудан аз як то панҷ рӯзро дар бар гирифта метавонад.
Нишонаҳои зуком
Нишонаҳои зуком дар кӯдакон инҳоянд:
1. Маъмулан беморӣ бо табларза аз худ дарак дода, табби кӯдак то 38,5-40 % дараҷа баланд мешавад.
• Дар кӯдакони то яксола зуком метавонад боиси шайтонламиш-судорогӣ гардад.
• Дарди сар.
• Дарди шадид ва сихзании чашмон.
• Дарди устухонҳо ва аъзои бадан.
• Гум шудани иштиҳо.
• Камҳаракатӣ.
• Паридани ранги рӯй ва сафедчатоб шудани пӯсти кӯдак.
• Маҳкам шудани бинӣ.
• Дарди гулӯ.
• Сулфаи хушк.
• Намакидани пистони модар ва нооромии тифл.
• Бехобӣ ва гирёнчак шудани кӯдак.
Оризаҳои зуком
Дар сурати бепарвоӣ зоҳир намудан ва сари вақт табобат кардани грипп беморӣ оқибатҳои вазнинтарро ба бор оварда, кӯдак метавонад ба дигар касалиҳо гирифтор шавад. Бештар кӯдакон бар асари зуком ба шамолкашии шадиди шуш ва узвҳои дигари роҳҳои нафас-бронхит ва пневмония гирифтор мешаванд, ки табобаташон нисбат ба зуком хеле душвор ва тӯлонитар аст.
Грипп метавонад ҳамчунин боиси ба отит (шамолкашии узви шунавоӣ) ва гайморит гирифтор шудани тифлакон бигардад. Мубтало гаштан ба зуком ҳатто ба дил низ зарар дошта, кӯдакро ба миокардит гирифтор карда метавонад. Бар асари грипп мағзи сар низ метавонад осеб дида, тифл ба илтиҳоби мағзӣ ва дигар бемориҳои системаи асаб гирифтор ва ҳатто шал шавад.
Аз ҳама хатарноктараш он аст, ки баъзан зуком кӯдакони хурдсолро мубталои ларинготрахеит месозад. Ин иллат боиси сар задани крупи маҷозӣ (ложний круп) гашта, бар асари он роҳи нафас баста мешавад. Ин беморӣ бисёр хавфнок буда, кӯдакро то марг расонида метавонад.
Табобати зукоми кӯдакон
Барои он ки фарзанди худро бо чунин хатарҳо рӯ ба рӯ насозед, баробари ба зуком гирифтор шудани кӯдак ҳатман ба духтури кӯдакона муроҷиат намоед. Ҳангоми табобати зуком ба қоидаҳои зерин риоя кунед:
1. Ба маслиҳатҳои табиб бо диққат гӯш дода, корҳои гуфтаашро бе чуну чаро иҷро намоед.
2. Доруву давоҳои таъин кардаи табибро дар вақту соати муайян ба кӯдак хӯронед, агар сӯзандору фармуда бошад, онро бе таъхир бигиред.
3. Кӯдак бояд реҷаи бистариро риоя кунад.
4. Ба тифлак ба миқдори зарурӣ чой ва оби гарм диҳед, то ҷисмаш ба зудӣ тоза шавад.
5. Тифлак хӯрок хӯрдан нахоҳад, ӯро маҷбур накунед. Ҳангоми гирифтор шудан ба зӯкм иштиҳо гум мешавад, вале ба кӯдаки бемор кам-кам хӯрокҳои сабук додан лозим аст, то рӯдачаҳояш холӣ намонанд.
6. Кӯдаки беморро бисёр напечонед.
7. Ҳавои хонаро тез-тез тоза карда истед.
Маъмулан кӯдакони ба зуком гирифтор шударо дар хона табобат мекунанд, вале дар сурати вазнин гузаштани беморӣ тифлакро дар беморхона бистарӣ кардан лозим аст, то грипп оқибатҳои ногуворро ба бор наорад.
Юнусбаева М. Ш.,
Нарзуллоев Х.,
институти педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ