Зуком,роҳҳои муолиҷа ва пешгирии он

Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии беморӣ

Тирамоҳи заррин дар баробари полизи пурғановат, меваҳои лазиз ва анборҳои пурфайзаш бо худ баъзе касалиҳои мавсимиеро меорад, ки мо, одамонро нороҳат месозанд. Яке аз чунин бемориҳои дар фасли поиз авҷгиранда зуком аст, ки ҳам калонсонлон ва ҳам хурдтараконро азият медиҳад.

 Беморие, ки сарҳад надорад

Ҳамасола натанҳо дар Тоҷикистони азизи мо, балки дар саросари сайёраи Замин миллионҳо одамон ба бемории сироятии грип-ОРВИ гирифтор мешаванд. Эпидемияи грип баъзан боиси муввақатан баста шудани боғчаю мактабҳо ва ҳатто аз фаъолият бозмондани корхонаҳои азими саноатӣ мегардад, масалан дар ИМА, ки яке аз давлатҳои пешрафтаи олам ба шумор меравад, ҳамасола қариб як миллиард ҳолати гирифтор шудан ба ОРВИ  ба қайд гирифта мешавад.

 Шамолкашии оддӣ, вале…

Одатан зукомро шамолкашии одӣ ҳисобида ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар асл грип касалии сироятии вирусӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир  намудан ва сари вақт аз паси табоба нашудан метавонад чандин бемориҳои дигарро ба вуҷуд биёрад. Барангезандагони грип, ОРВИ, ларингир, фарингит ва дигар бемориҳои сироятии роҳҳои нафас риновирус, аденовирус, коронавирус, эховирус, энтеровирус, ортомиксовирус, парамиксовирус ва дигар вирусҳое мебошанд, ки ба роҳҳои нафас осеб мерасонанд ва дар натиҷа оби чашму оби бинӣ шорида,  гулӯ дард мекунаду атсаю сулфаю таб ҳоли касро табоҳ месозад.

А, В ё С?

Грипро асосан се навъи микроорганизмҳо ба вуҷуд меоранд. Сироятёбӣ аз микроорганизмҳои навъи А ва В боиси сар задани  бемориҳои сироятии мавсимӣ мегардад, ки маъмулан аз охири тирамоҳ оғоз ёфта, то нимаҳои фасли бааҳор давом мекунанд. Сироятёбӣ бо вируси навъи С камтар ба мушоҳида расида, бемориҳои нисбатан сабукро ба вуҷуд меорад.

Нишонаҳои беморӣ

Одатан грип бо баланд шудани ҳарорати бадан аз худ дарак дода, бар асари беморӣ одам худро торафт беҳолу бемадортар эҳсос мекунад.  Бинӣ маҳкам мешавад, ба назари шахси ба грип мубталошуда чунин мерасад, ки натанҳо сар ва гулӯ, балки тамоми аъзои баданаш дард мекунад. Сулфаи хушк ба бемор имкони осуда хобидан намедиҳад.

Чӣ бояд кард?

Аксари одамон грипро  бемории сабук пиндошта реҷаи бистариро риоя намекунанд. Ин хатои маҳз аст. Барои он ки ҷисматон бо вирус мубориза бурда, онро мағлуб сохта тавонад, шуморо лозим аст, ки барои организми худ тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам оваред.  Инак, дар ҳолати ба грипп гирифтор шудан чӣ бояд кард?

  1. Бо эҳсос намудани аввалин нишонаҳои грипп тамоми кору боратонро мавқуф гузошта, ба бистари нарм дароед ва бароҳат бихобед, то ҷисми шумо барои фаъолияти ҷисмонӣ неруи зиёдеро сарф накарда, аз паси мубориза бо микроорганизмҳои зиёновар шавад.
  2. Мехоҳед, ки зудтар шифо ёбед? Пас бештар об бинӯшед. Одами солим бояд дар давоми рӯз 1,5-2 литр об нӯшад, ҳангоми беморӣ бошад, ду баробар бештар об нӯшидан лозим аст, то шиддати касалӣ паст шавад.
  3. Кӯшиш намоед, ки ҷисматонро аз витамини С шодоб созед. Ин витамин дар мубориза бо вирус ба шумо кӯмак мерасонад. Витамини С дар таркиби меваю сабзавот, хоса дар таркиби меваҳои ситрусӣ аз қабили лимӯ, банан ва киви фаровон аст. Зудтар ба по бархостан хоҳед, бештар меваю сабзавот хӯред.
  4. Ҳангоми зӯком мурабочой нӯшиидан муфид аст. Кӯшиш кунед, ки бештар мураббои аз марминҷон ва шаҳтути заминӣ пухташударо нӯши ҷон намоед.
  5. Одатан гирифторони зӯкомро табби баланд азият медиҳад. Барои паст намудани ҳарорат ба бадани бемор арақ ё уксус молидан лозим аст.
  6. Сир-чеснок бо хусусиятҳои наҷибаш аз замонҳои қадим машҳур буда, дар мубориза бо бемориҳои вирусӣ ва сирояткунанда беҳтарин аст. Шумо метавонед сирро бо шир пухта бинӯшед ё аз турбтарошак гузаронида хӯред. Дандонаҳои пусткардаи сирро дар табақча гирифта дар хонае, ки бемор хобидааст, гузоред, дар тоза кардани фазои утоқ аз микроорзанизмҳои зараррасон кӯмак мекунад. Лимӯ ва сирро майда ва аралаш намуда ба бемор диҳед, зутар шифо меёбад.
  7. Беҳуда асалро давои сад дард намегӯянд, ин ширинии лазиз дар баробари тамъи олиҷаноб доштанаш ҳамчунин бисёр касалиҳо, аз ҷумла зӯкомро шифо мебахшад. Фақат як нуктаро фаромӯш накунед, асал дар оби ҷӯшомада хусусиятҳои табобатиашро ба зудӣ аз даст медиҳад. Бо мақсади табобат ҳар саҳар як қошуқча асалро бо каме оби ширгарм нӯшидан айни муддаост.
  8. Вақтҳои охир садҳо дорую давои санҷидаю насанҷидаро тариқи радиову телевизион тарғиб менамоянд ва бисёриҳо ба реклама дода шуда, даст ба худтабобаткунӣ мезананд. Бори дигар такрор мекунем, ки зуком бемории вирусӣ буда, роҳҳо беҳтарини мубориза бо онро танҳо мутахасисон медонанд. Танбалӣ накарда ба духтур равед ва танҳо ҳамон дорую дармонеро бигиред, ки табиб ба шумо мефармояд.

Барои пешгирӣ эм кунед!

Яке аз роҳҳои беҳтарини мубориза бо грип ва дигар бемориҳои сироятӣ эмгузаронӣ мебошад. Ваксинатсия шуморо аз вирусҳои навъи А ва В муҳофизат намуда, хатари гирифторшавӣ ба ОРВИ-ро чандин маротиба камтар месозад.

Аз вирусҳо эҳтиёт бошед!

Вирусҳо натанҳо боиси гирифтор шудани одам ба грип мегарданд, балки чандин бемориҳои дигарро низ ба вуҷуд оварда метавонанд. Рӯйхати касалиҳое, ки бар асари вирусҳо ба вуҷуд меоянд, чунон дароз аст, ки ҳамаи онҳоро наметавон номбар кард. Мову шуморо садҳо ва ҳатто ҳазорон микроорганизмҳои зиндаи ба чашми инсон ноаён иҳота намудаанд ва одамизод хоҳ-нохоҳ бо ин мавҷудоти аз зарра хурдтар, аммо бисёр зиёновар дучор гашта, сироят меёбад ва ба ин ё он намуди касалӣ гирифтор мешавад. Дар шумораи оянда мо дар бораи вирусҳое сухан хоҳем кард, ки касалиҳои рӯдаро ба вуҷуд меоранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *